МАҲФИЛИ ШИРУ ШАКАР

Имрӯзҳо бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоир Абдулло Орифов анҷуману чорабиниҳои адабӣ, мушоира ва шабҳои шеър баргузор мегарданд.

Имрӯзҳо бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоир Абдулло Орифов анҷуману чорабиниҳои адабӣ, мушоира ва шабҳои шеър баргузор мегарданд. Аз кишварҳои ҳамҷавор ва дур ба ин муносибат меҳмонон ташриф меоваранд.  
Дар доираи ин чорабинии пуршукӯҳ дар толори маҷлисҳои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон маҳфили адабӣ баргузор шуд. Дар он шоиру нависандагон, адабиётшиносон, намояндагони ташкилотҳои ҷамоатӣ ва ҳаводорони каломи бадеъ иштирок карданд. Чорабиниро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки Абдулло Орифов сарояндаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек низ буд, ки ин бешак, идомаи дӯстиву бародарии устоду шогирд: Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад. Сироҷиддин Саййид шеъри шоирро бо номи “Ӯзбегим тожик билан” қироат намуд. 
Дӯсту қардошдир 
азалдан, ӯзбегим тожик 
билан,
Иккиси бир байт 
ғазалдан, ӯзбегим 
тожик билан.
Қай йӯсин айлай қиёс 
мен бул ширин 
дӯстлик сӯзин,
Тотлидир болдан, 
асалдан, ӯзбегим 
тожик билан...
Дар маҳфил раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим иштирок намуд ва дар баромади худ оиди дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамфикрии халқҳои тоҷику ӯзбек, баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи адабиёт, фарҳанг ва санъат ғамхорӣ намудани сарони ду давлат ҳарф зад. Тарҷумаҳои ӯро аз шеърҳои шоирони бузург Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов ва Сироҷиддин Саййид аҳли толор бо кафкӯбиҳо пазируфтанд
– Адабиёт ва санъат халқҳоро ба ҳам мепайвандад. Абдулло Орифов ба Тоҷикистон бисёр мерафт ва меҳмони азизи мо мешуд. Ашъори шоир сарвати бебаҳои на танҳо адабиёти ӯзбек, балки адабиёти ҷаҳон низ ба шумор меравад, – гуфт Низом Қосим. 
Директори Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон Қобилҷон Собиров, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон Қурбон Муродов ва дигарон доир ба аҳамияти мероси адабии шоир, дар шеърҳои ӯ ифода ёфтани ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстӣ, ватандӯстӣ, кушодадилӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳо сухан ба миён оварданд.
Дар поёни маҳфил бо иштироки шоирони ӯзбек ва тоҷики ӯзбекистонӣ мушоира сурат гирифт. Чанд лаҳза гӯё шир бо шакар омехт.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: