Таҳти ҳамдастии Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон ва Иттиҳоди нависандагон ёдбуди адиб ва арбоби ҷамъиятӣ Насриддин Муҳаммадиев (Носир Муҳаммад) баргузор гардид.
Дар он дӯстон ва наздикони шоир, арбобони ҷамъиятӣ, дӯстдорон ва алоқамандони эҷоди адиб, намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар бораи фазилатҳои ибратбахши инсонии адиб, муносибатҳои самимонаи ӯ ба одамон, қавл ва амали некбинонаи шахсе, ки ба маънои ҳақиқӣ инсон буд, раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид суханони таъсирбахш гуфт.
Тавре таъкид гашт, фаъолияти Насриддин Муҳаммадиев сершоха ва гуногунпаҳлӯст. Рӯзноманигорӣ ба маъние барояш касби меросист – падараш Мисриддинака Муҳаммадиев дар давоми сию панҷ сол ба рӯзномаи ноҳиявӣ сармуҳаррирӣ кардааст. Муҳити оилавӣ дар интихоби касби Н.Муҳаммадиев нақши равшан бозид. Баъди хатми дорулфунун зиёда аз сӣ сол дар рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ хидмат намуд. Дар мактаби матбуот аз сир ва нозукиҳои баён ба хубӣ огоҳ гашт. Бештар аз даҳ маҷмӯаҳои назмӣ ва насрӣ чоп кунонд, ки аз ҷониби китобхонон хеле хуб истиқбол карда шуданд.
Н.Муҳаммадиев забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ ва русиро хуб балад буд, немисию англисиро нағз мефаҳмид. Ба адабиёти ҷаҳон дилбастагии қавӣ дошт. Боз мегӯянд, вай аз эҷодкорони ҷаҳонгашта ба шумор мерафт. Се сол дар Эрон чун тарҷумон адои вазифа намуд, дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Туркия ду сол ба сифати котиби аввал фаъолият пеш бурд. Дар асоси таассуротҳои хориҷиаш мақола ва асарҳои зиёд интишор кунонд.
Ӯ чанд сол чун директори Маркази мадании байналмилали ҷумҳурӣ низ ифои вазифа намудааст. Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Ғафур Ғулом «Шамолҳои ҳуд» ном маҷмӯаи ашъор ва «Таърихи Тӯрон»-и ӯро, ки аз гузаштаи дуру наздики Тӯронзамин ҳикоят мекунад, ба табъ расонд. Адиб мутарҷими боистеъдод низ ҳисоб меёфт – аз русӣ, форсӣ, туркӣ, немисӣ шеърҳои зиёд ба ӯзбекӣ баргардонд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».