Таҷлили санаҳои муҳими зодрӯзи адибон ва олимони барҷаста солҳои охир дар мактабҳои таълими ҳамагониву олӣ ва муассисаҳои маърифатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Таҷлили санаҳои муҳими зодрӯзи адибон ва олимони барҷаста солҳои охир дар мактабҳои таълими ҳамагониву олӣ ва муассисаҳои маърифатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Чунин гирдиҳамоиҳо бешубҳа, дар зуҳури истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи донишу маънавияти насли наврас заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Барои ба танзим андохтан ва баргузории ингуна чорабиниҳо, аз 1 апрели соли равон дар мактабҳои миёна вазифаи тарғибгар оиди масъалаҳои илмию фарҳангӣ, бино ба тавсияи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҷорӣ карда шудааст.
Дар мактабҳои таълими ҳамагонии тоҷикии ҷумҳурӣ низ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Ба наздикӣ дар мактабҳои рақами 38 ва 21-уми ноҳияи Нурато бахшида ба 110-умин солгарди шоирони шаҳир Мирзо Турсунзода, 90-солагии Муъмин Қаноат ва 80-умин солгарди зодрӯзи Лоиқ Шералӣ маҳфилҳои ёдбуд баргузор шуданд.
Дар гирдиҳамоиҳо меҳмонон, ходимони шӯъбаи таълими халқи ноҳия, омӯзгорон, падару модарон, хонандагони мактаб ва алоқамандони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Маҳфилҳои ёдбудро роҳбарони мактабҳои мазкур Машраб Мирзоев ва Нуралӣ Қудратов бо суханони муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Сипас, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳо доир ба зиндагинома ва мазмуну моҳияти ашъори шоирони бузург сухан ба миён оварданд.
Қироати шеърҳои шоирон аз ҷониби хонандагони мактабҳо хеле хотирмон буд. Барандагони маҳфилҳо: хонандагони синфҳои болоӣ Зебо Пардаева, Фарангис Алибоева, Мафтуна Шакарова бо гуфтор ва қироати шеърҳо сатҳи баланди дониш ва забондонии худро намоиш доданд.
Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон шоир Абдулло Субҳон хотираҳояшро доир ба устодони сухан бо аҳли маҳфил ба ҳам дид. Гуфт, ки устодони сухан низ рӯзгоре дар мактабҳои миёна таҳсил гирифтаанд. Агар саъйи комил бошад, аз байни шогирдони ин мактабҳо низ инсонҳои бузург ба камол мерасанд. Шеърҳои тозаэҷоди ӯро хонандагон гарм пазируфтанд.
– Баргузории чунин чорабиниҳо бо иштироки шоирону нависандагон ва олимони зинда ба маҳфилҳо шукӯҳи тоза мебахшад. Шавқу рағбати хонандагонро ба китобхонӣ ва азхуд кардани асосҳои дониш зиёд мекунад, – гуфт омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 38 Иззатулло Алибоев. – Ҳоло талаби замон ва роҳбари мамлакат низ чунин аст: бояд сатҳи дониш ва маънавияти насли наврас баланд бардошта шавад, онҳо ба манбаи дониш – китоб бештар рӯ оваранд.
Дар поёни чорабинӣ овозхони хушадо Икроми Худойназар бо сурудҳои хеш аз ашъори устодони сухан Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ хотири ҷамъомадагонро болида сохт.
Марвориди ОЛИБОИЁН,
хонандаи синфи XI мактаби рақами 38-уми
ноҳияи Нурато.