МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ОЛИМИ ҶОННИСОР

Чанд сол қабл аз ҷашнгирии санаҳои муҳими зодрӯзи шоиру нависандагон як андоза худдорӣ карда мешуд.

Инак, ду-се соли охир санаҳои муҳими зодрӯзи адибону олимон дар сартосари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Бале, роҳи ҳаёти пушти сар гузоштаи на танҳо адибон ва олимони номӣ, балки одамони қаторӣ низ ҷиҳатҳои  пайгириву пайравӣ доранд. Бояд зиндагиномаи инсонҳои шариф, ба мақсади ибратпазирӣ, ба насли имрӯз, ки ҳалқаи пайванди дирӯзу оянда аст, бо ҳама бурду бохтҳояш намуда шавад. Ба қарибӣ тибқи қарори тасдиқнамудаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Нақшаи чорабиниҳо доир ба васеъ ҷашн гирифтани зодрӯзи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоири мардумӣ Иброҳим Юсупов, нависандаи мардумӣ Тӯлапберген Қайипбергенов, адабиётшиноси шинохта Озод Шарофиддинов» дар театри миллии академӣ-драмавии Ӯзбекистон бахшида ба 90-солагии  Қаҳрамони Ӯзбекистон, адабиётшинос Озод Шарофиддинов ёдбуди адабию бадеӣ баргузор шуд.
Дар маҳфили ёдбуд шоиру нависандагон, олимон, актёрон ва зиёиёни саршиноси ҷумҳурӣ ва аҳли байти олим ширкат ҷустанд.
Чорабиниро шоири мардумӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид бо суханони муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Аз ҷумла гуфт, ки зиндагиномаи устод Шарофиддинов барои мо ва насли оянда намунаи ибрат аст. Устод инсони ҳақгӯй буд, ҳақиқатро ба мизони умри худ табдил дода буд. Китобдӯстии эшон намунаи ибрат аст. Вақте ба гӯшаҳои гуногуни дунё сафар мекард, бо худ даста-даста китоб меовард. Мақолаҳои доир ба зиндагинома ва эҷодиёти Абдулҳамид Чӯлпон, Абдурауф Фитрат, Абдулло Қодирӣ, Абдулло Қаҳҳор ва дигар шоиру нависандагони бузург таълифнамудаи ӯ имрӯз низ қимати худро гум накардаанд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Озод Шарофиддинов инсони бомаданият буд, дили поку беолоиш дошт. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ шогирдони зиёдеро, мисли Бегалӣ Қосимов, Бахтиёр Назаров, Иброҳим Ғафуров тарбия кард.
Китобҳои таълифнамудаи ӯ «Сатрҳои зинда», «Андешаҳои сари ағба», «Дарки бахти эҷод» асарҳои мондагори адабиётшиносеанд, ки чанд насл аз онҳо баҳра хоҳад гирифт.
– Устод солҳои охир, сарфи назар аз беморӣ бори  сармуҳарририи маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» («Адабиёти ҷаҳон»)-ро бар дӯш дошт, – гуфт сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев. – Дастнависҳои охирини ӯ, ки бо дастони ларзон навишта шудаанд, далели заҳматписандӣ ва ҷоннисориҳои ӯянд. То торикиҳои зеҳни мо равшан шаванд, вай мисли шамъ сӯхт.
Нависандаи бузурги ӯзбек Абдулло Қаҳҳор дар бораи Озод Шарофиддинов фармудааст: «Озод Шарофиддинов ба адабиёт, аниқтараш танқиди  адабӣ, бо дили пуроташ ворид гардид ва ин фазилат то имрӯз бо ӯст».
Нависанда Пиримқул Қодиров ба китобҳои олим доир ба адабиётшиносӣ чунин арҷ гузоштааст: «Китобҳои Озод Шарофиддинов – «Бахти дарки эҷод» ва «Андешаҳои сари ағба» хазинаи тиллоии адабиёт ва маънавияти халқи моянд».
Иштирокдорони маҳфили ёдбуд филми мустанадро доир ба зиндагиномаи олими бузург хуш пазируфтанд.
Дар охири чорабинии пуршукӯҳ консерти ҳунарпешагони касбӣ табъи иштирокдоронро болида сохт.

А. СУБҲОНОВ, хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: