МАҲФИЛҲОИ ЭҶОДИВУ ДӮСТӢ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД

Гурӯҳи аҳли адабу фарҳанги Ӯзбекистону Тоҷикистон дар толори Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон гирдиҳам омаданд.

Дар ин ҷо маҳфили адабии “Насими дӯстӣ” баргузор гардид ва ба чанд нафар адибони тоҷики Ӯзбекистон гувоҳномаи узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон супурда шуд.
Дар маҳфил раиси Иттиҳодияи нависандагон Сироҷиддин Сайид, Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, мудири бахши робитаҳои байналмилалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо ва як қатор олимону адибони маъруф мушорикат доштанд. 
Гуфта шуд, ки ин маҳфили муштаракро Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо  сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон роҳандозӣ намудааст. Маҳфили мазкур ба тараннуми воқеъии дӯстии адабиётҳои ду халқ – тоҷику ӯзбек мубаддал гашт. 
Раиси Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид зимни суханронӣ меҳмононро ба шаҳри Тошканд хайрамақдам гуфт ва афзуд, ки дар заминаи роҳандозии чунин маҳфилҳои адабӣ ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар ин самт густариш хоҳанд ёфт.
– Мо ба давру замоне расидем, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба ягон тараф мушкиле эҷод намекунад, зеро адабиёт сафири дӯстиву рафоқат ва ҳамгироӣ мебошад. Мо дар марҳилае қарор дорем, ки робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз пеш тавсеа ёфта, барои манфиатҳои мардуми ду кишвар хидмати сазовор анҷом медиҳанд, – гуфт Сироҷиддин Сайид. 
Сироҷиддин Сайид таъкид варзид, ки дар ин замина ҳанӯз онҳоро лозим меояд, ки корҳои зиёдеро анҷом диҳанд, то ки самара бештар гардад. 
– Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон талошҳои бештар ба харҷ медиҳад, ки дар байни адибони ду кишвари дӯсту бародар робитаҳои адабӣ сол аз сол рушду нумӯъ намояд. Инчунин барои равнақи адабиёти ҳарду мамлакат тамоми имкониятҳо фароҳам омадааст, – зикр намуд раиси Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон. 
Сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ ба он нукта таваҷҷуҳи иштирокчиёни маҳфилро ҷалб намуд, ки тавсеаи робитаҳои адабии миёни ду кишвар барои адабпарварон хушоянд аст. 
– Аввалин шеъри мукаммали форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ, ки гӯяндааш Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакист, маҳз бо васфи дӯстӣ шурӯъ шудааст:
Ҳеч шодӣ нест андар 
ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори 
рӯйи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил 
талхтар,
Аз фироқи дӯстони 
пурҳунар.
Дар Ӯзбекистони барои мо дӯсту бародар дар канори ӯзбекон ва қавму миллатҳои дигар тоҷикон низ озодона зиндагӣ мекунанд. Ба шарофати касби истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳифзу ривоҷи забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик шароити хубе аз сӯйи ҳукумат фароҳам оварда шудааст, ки муҷиби шукру сипос аст, – изҳор намуд сафири Тоҷикистон.
– Мо бо чашмони сар дида истодаем ва бо ақл идрок менамоем, ки доман фарох намудани корҳо дар мавриди чопи китобҳои дарсӣ, таъсиси нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ, нашри асарҳои илмӣ ва адабӣ ба забони тоҷикӣ худ аз худ анҷом намепазиранд. Ҳамаи онро ҳамчун ҳодисаи хеле ҷолибу хурсандибахш арзёбӣ кардан бамавқеъ мебошад, – қайд намуд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Ба таъкиди Абдуҷаббор Раҳмонзода дар натиҷаи фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо дар Ӯзбекистони кунунӣ тақрибан 400 нафар шоиру нависандаи форсизабон машғули эҷоди осори бадеӣ ҳастанд. Аксари ин адибон, ки дар шаҳру вилоятҳои мухталифи Ӯзбекистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, китоб ва маҷмӯаҳои худро дар нашриётҳои ватаниву хориҷӣ ба чоп мерасонанд.
Мудири бахши робитаҳои байналмилалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олим, шоир ва сиёсатшинос Абдулло Раҳнамо аз он шурӯъ намуд, ки дар ин чанд соли охир Тошканд низ мисли шаҳри Душанбеи онҳо хеле тағйир ёфтааст ва намои зебо касб намудааст. Ҳама ҷойи ин ду шаҳрро гулҳои рангоранг таровату зебоӣ бахшидаанд. Вай дар ин замина шеъреро қироат кард, ки бо чунин матлаъ оғоз меёбад
Ёди гулгаште, ки чидам 
аз гули рухсор гул, 
Ёсуман – гул, 
настаран – гул, 
ноз – гул, бехор – гул.
Чашм – равшан, 
дида – равшан, 
зиндагӣ – атри баҳор,
Осмон – гул, остон – гул, шаҳр – гул, бозор – гул...
Баъд аз он Абдулло Раҳнамо изҳор намуд, ки бар дӯши вай вазифае низ истодааст. 
– Бо истифода аз фурсат дуруди фаровонеро аз ҷониби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба унвони раиси ИН Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид ва ҷамъи иштирокчиёни ин маҳфили хубу гуворо мерасонам. Ба узвияти Иттифоқи нависандагони якдигар пазируфтани адибон падидаи наву қобили дастгириҳост, ки маҳз аз беҳбуди робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар шаҳодат медиҳанд. Ба маънои томаш метавон гуфт, ки робитаҳое, ки қаблан устодони мо роҳандозӣ кардаанд, идома пайдо мекунад, – гуфт Абдулло Раҳнамо.
Вай боз тазаккур дод, ки имрӯз як гурӯҳ адибони тоҷиктабори ӯзбекистонӣ ба гирифтани шаҳодатномаҳои узвият дар ИН Тоҷикистон мушарраф мешаванд. Ин шаҳодатномаро бузургмардони адабу фарҳанги тоҷик, Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода ҳамеша дар ҷайби худ гирифта мегаштанд ва бо он ифтихор мекарданд. 
Дар маҳфил ба Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Юнуси Имомназар ва Ҷаъфар Муҳаммад, ки аъзои Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон мебошанд, шаҳодатномаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супурда шуд. Ҳамчунин, ду нафар адибони ӯзбектабори Тоҷикистон ба узвияти ИН Ӯзбекистон қабул гардиданд.
– Ман сафари Душанберо пазмон шудаам. Мехоҳам дар баробари он ки дар кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳри зебо гаштугузор кунам, бо дӯстони дерини худ суҳбату мулоқотҳо низ анҷом диҳам, – гуфт адиби шинохта Хуршед  Дӯст-муҳаммад. 
Профессор Аслиддин Қамарзода, шоир Абдулло Субҳон, сардабири маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Асадуллоҳ Исмоилзода дар бораи фароҳам омадани имкониятҳо ва тавсеаи робитаҳои адабиву фарҳангии миёни ду кишвар ҳарф заданд ва як қатор пешниҳоди худро дар миён гузоштанд. Онҳо инчунин ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтани чаҳор адиби тоҷики кишварамонро иқдоми нек арзёбӣ карданд.
Дар поёни маҳфили адабии “Насими дӯстӣ” Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Акрам таронаҳои марғуби ширу шакарашро ба иштирокчиёни маҳфили дӯстӣ тақдим намуд. 
***
Худи ҳамон рӯз дар Маркази миллии матбуот ба чанд нафар қаламкаш гувоҳномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон низ супурда шуда, байни ду иттиҳоди эҷодӣ дар бораи ҳамкорӣ меморандум ба имзо расид. 

Дар ин чорабинии фарҳангӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, шоирону адибон, донишҷӯёну санъаткорон ва ходимони ВАО-и ду кишвари бародар иштирок намуданд.  
О. Ӯсаров ҳозиронро хайрамақдам гуфта аз ҷумла чунин гуфт:
– Дар Ӯзбекистон журналистони тоҷик баробари журналистони ӯзбек ба рушди иқтисодиёти Ӯзбекистони Нав саҳми худро мегузоранд. Онҳо дар озмуни байналхалқии «Олтин қалам» бо маводҳои ҷолиби диққати худ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои муносиб мегарданд. 
Дар озмуни байналхалқии «Олтин қалам» журналистони тоҷикистонӣ низ фаъол иштирок намуданд. Намояндаи рӯзномаи «Халқ овози» Ӯринбой Усмон барои маводи беҳтаринаш доир ба Ӯзбекистон ба ҷоизаи байналхалқии «Олтин қалам» сазовор гардид. 
Сафир Раҳмонзода низ доир ба муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, милливу фарҳангии ду халқ сухан ба миён овард. 
Дар чорабинӣ ба мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани муносибати дӯстона ва мубодилаи таҷриба байни журналистони тоҷикистониву ӯзбекистонӣ, якҷоя гузарондани анҷуманҳои матбуотӣ, пресс-турҳо, семинар ва дигар гирдиҳамоиҳои адабиву фарҳангӣ меморандум ба имзо расид. 
Дар поёни чорабинӣ ба чанд нафар журналистони ӯзбекистониву тоҷикистонӣ шаҳодатномаи узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон супурда шуд.
Аз ҷумла муҳаррири калони шабакаи «Ӯзбекистон»-и Телерадиокомпанияи Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, корманди шабакаи телевизиони «Севимли» ва ҳафтаномаи «Даракчи» Шоқаҳҳор Салимов, муҳаррири бахши тоҷикии Телерадиои вилояти Бухоро Матлуба Одинаева, мухбири рӯз-номаи «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё, бунёдгузор ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Ҷумъақулов ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
М. АҲРОРОВ,
хабарнигорони «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: