Бузурге фармудааст: «Вақте мо писарро тарбияи дуруст мекунем, пас мо як мардро ба камол мерасонем, вале ҳангоме мо як духтарро бо тарбияи дуруст ва бо ахлоқи накӯ ба воя мерасонем, пас мо ҷомеаро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардаем».
Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад,
К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад.
(Фирдавсӣ).
Бузурге фармудааст: «Вақте мо писарро тарбияи дуруст мекунем, пас мо як мардро ба камол мерасонем, вале ҳангоме мо як духтарро бо тарбияи дуруст ва бо ахлоқи накӯ ба воя мерасонем, пас мо ҷомеаро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардаем». (Абдурраҳим Фирӯзи Ҳиравӣ. «Аниси занони покдоман», Душанбе, 2006).
Оре, ин оварда ҳаётӣ буда, хулосаест аз таҷрибаи зисту зиндагонӣ. Саволе ба миён меояд, ки чаро донишманд тарбияи духтарро нисбат ба писар афзалтар донистааст? Ба фикри мо, духтар дар оянда модар, офаранда ва тарбиятгари асосии фарзандон – ҷомеасозон хоҳад шуд. Ғайр аз ин зан нисбат ба мардниҳоде ҷолиби диққат буда, бо ахлоқ, одоб, шарму ҳаёи худ аз ду ҷиҳат-ё хуб ё бад, диққати ҷинси муқобилро ба худ ҷалб мекунад.
Модарон шоистаи ибрат ҳастанд, бо рафтору кирдор, шуғлварзӣ, оиладорӣ, тарбияи фарзанд, муносибат ба атрофиён ва ҳамсару фарзандон намунаи ибратанд. Дар чунин оилаҳо фарзанди қобили замон тарбия ёфта, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳисса мегузорад ва бешак, ин гуна оилаҳо пур аз файзу барака хоҳанд гашт. Мегӯянд, «шолӣ бекурмак намешавад», агарчи кам ҳам бошад, бо оилаҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки дар онҳо зисту зиндагонӣ, муносибатҳои оилавӣ коҳидааст. Агар ин хел оилаҳоро амиқтар омӯзем, мебинем, ки сабабгори асосии нобасомониҳои онҳо дар аксар ҳолат зан – модар мебошад. Одатан, дар ин хел оилаҳо мардон низ беэътибор ва ба ҷараёни зиндагӣ бефарқанд.
Боре аз кӯчаи пиёдагарди деҳа мерафтем. Пешопеш марди тахминан 60-63-сола қадам мезад ва бехабар аз мо бо овози шунаво худ ба худ суҳбат мекард. Гумон бурдем, ки тавассути телефони ҳамроҳ бо касе муколама дорад. Ба ӯ расидем, дидем, ки телефон надорад. Бо ҳам вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ намудем. Чеҳраи мард дигаргун шуду хиҷолатомез гуфт:
– Мебахшед, асабҳо монда шудаанд, баъзан бо худ бо овози баланд гап мезадагӣ шудаам.
Пӯшида нест, ки инсон дар давоми умр ба бисёр монеа, норасоӣ, муомилаи бад, туҳмату буҳтони атрофиён ё дар коргоҳ ба зиддиятҳо дучор меояд. Бо ин ҳол, дар аксар ҳолат ғолибона ин нобаробариҳоро паси сар мекунад.Ин ҳама бархӯрд ба асабҳои шахси хушбин он қадар таъсири бад намерасонанд, чунки онҳо ҳаррӯза нестанд. Вале нобаробариҳои оилавӣ, бахусус, муносибати вайрони зану шавҳар ҳар дуро рӯҳан ва ҷисман азоб дода,ба зиндагӣ дилхунук месозад. Вақте ки асаб муттасил монда ва хаста мегардад, инсон аз фаъолият барканор, ҷисмаш заиф мешавад ва саломатиаш мекоҳад.
Дар ҷараёни зиндагонӣ бо бархе афрод дучор меоем, ки худ ба худ гап мезананд, бо овози баланд калимаҳоеро ифода мекунанд ё баҳудаю беҳуда асабӣ мешаванд, ҳатто наметавонанд аз муомилаи бад бо атрофиён худдорӣ намоянд. Чанде аз онҳо ҷоҳил ва ё фаромӯшхотир низ ҳастанд, ки ин ҳолатҳо аз сустӣ ва мондашавии асаб гувоҳӣ медиҳад.
– Замоне ман ҳисобчии хоҷагӣ будам, – бадардидилгӯйӣ оғоз намуд ҳамсуҳбатамон. – Албатта, медонед, ки ин касби ман ҳам пешаи ақлӣ аст. Баъзан хеле монда мешудам ва ё аз тарафи роҳбар суханҳои носазо шунида, хеле андӯҳгин мегаштам. Аммо дар он гуна ҳолатҳо бо як сухани хуше, ки аз ҳамкорон мешунидам, ё дар хона бо дидани муомилаи хуби ҳамсарам ба худ меомадам, ранҷиши асабҳо бартараф мешуд. Бахти бад буд ё тақозои сарнавишт, ҳамсарам аз бемории саратон умри казоӣ надида даргузашт. Аз он ҳодиса хеле афсурда ва озурда шудам...
Набошад ёр чун ёри нахустин,
На ҳар маъшуқ чун маъшуқи
пешин.
(Гургонӣ).
Боз оила барпо кардам.Зани дуюм дар оғоз хеле хушмуомила буд. Чун фарзанди нахустинро таваллуд кард, оҳиста-оҳиста муносибати ӯ тағйир ёфт. Ба хотири андак норасоӣ хархаша мекард ва ё ҷангталабона муомила менамуд. «Аввал худамро ҷо кунам, бин, ки туро чиҳо кунам», ҳар рӯз ба ҳам «тую ман» мерафтем. Байт:
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода
фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе
қанд.
(Низомӣ).
Ин хархашаҳо асорате дар ман гузошт: мудом худ бо худ гап мезанам, фаромӯшхотирӣ азиятам медиҳад,фишори хун тез-тез боло меравад, дастҳоям меларзанд, қалбам ба дард меояд. Боре дар як рӯзнома мақолае хонда будам, ки дар он роҷеъ ба занони шаддод сухан мерафт ва таъбире баён шуда буд: «Зан – сӯҳони умр». Ҳарчанд ин гуфта ба ҳамаи занон маъмул нест, вале ба ҳамсари ман баҳои муносиб аст. Айнан ин тоифа занон сӯҳони умранд! Аз сӯйи дигар, вайронгарӣ, гапкашонӣ, дурӯягии баъзе ҳасудхӯрон ҳам ба осоиши оилаҳо латма ворид мекунад.
Дар деҳа оилае хеле хубу осуда зиндагӣ дошт. Зану шавҳар ҷуфти муносиб буданд. Рӯзе зан ба аёдати падару модар меравад. Нохудогоҳ, дар роҳ ба садама дучор шуда зарба мехӯрад ва бистарӣ гардида, оқибат вафот мекунад. Сипас, мард бори дуюм оиладор шуд. Зиндагиашон осуда ва бо ҳамдигарфаҳмӣ идома меёфт.
Рӯзе зане ба хонаи онҳо меҳмон шуда, ҳангоми суҳбат ба кадбону мегӯяд, ки шавҳарат зани аввалаашро зада маъюб карда буд. Азбас ӯро озор медод, оқибат ҷавонмарг шуд. Бо ту ҳоло муомилаи хуб дорад, вале ҳушёр бош, ки шавҳарат дарундор аст.
Муқаддам аз он рӯз зани дуюм ба ҳар гуна муносибат ва муомилаи шавҳар эрод мегирифт ва вазъ то ҷое расид, ки қариб ҳар рӯзи Худо бо ҳам ҷангу ҷидол мекарданд...
Дар ҳаёт барои инсон ҷойи зист ё ҷойи кор муносибу мувофиқ наояд, онро иваз намудан боке надорад. Аммо, зан ё марди бадсиришту бадмуомиларо дигар намудан зарарҳои маънавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба бор меоварад.
Илми тиб собит карда, ки ба дарди асаб маҳз муносибату муомилаи хуш беҳтарин даво аст. Бешубҳа, бонувон дар оила беҳтарин дармонгари дардҳои асаб будаанду ҳастанд ва сад афсӯс, ки баъзан падидоварандаи ин дард низ онҳоанд. Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки арбобони давлатӣ, олимон, мардони бофаҳму бофаросат ҳамроҳи ҳамсар ба сайру саёҳат, сафарҳои расмиву ҷамъомадҳо мераванд. Чаро ки зан метавонад дар ҳар лаҳза кайфияти шавҳари худро бардорад ва ба ӯ фараҳ бахшад. «Ҳар куҷо марди бузургест, ӯ гирифтори зан аст».
Бисёр оилаҳои имрӯза бар пояи муносибатҳои хуби занушавҳарӣ зиндагии борифоҳу фаровон ба роҳ мондаанд. Дарк кардаанд, ки бе ёри содиқ на умр лаззат дораду на зиндагӣ роҳат. Ҳама вақт зани хуб ҳамчун маҳрами вафодор шавҳарашро дар оила тоҷбасар мегардонад. Байт:
Зане, ки бевафо шуд, хор
гардад,
Ба хоки пойи шавҳар зор
гардад.
(Ёдгорӣ).
Абдуназари НАБӢ,
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.
ҲАРЧАНД «ҲАР Кӣ БЕ ЁР БУВАД, ПАЙВАСТА БЕМОР БУВАД»...
Вақте солҳои мактабиро ба хотир меорам, дугонаам Тӯтинисо ба ёдам меояд ва хотираҳои фараҳбахши бачагӣ диламро чун чароғ равшан мекунанд.
Тӯтинисо дар роҳҳои беғубори наврасӣ, дар ҳамаи фаслҳои сол ҳамроз, ҳамроҳ ва дугонаи меҳрубонам буд. Ӯро дар мактаб Зулайхо меномидем.
Тӯтинисо аълохон, камгап ва хулқи зебо дошт, аҳли синф ӯро ҳурмат мекард. Ҳавлии Тӯтинисоино дар он тарафи сой буд. Ду сатилро гирифта рӯзе се-чор маротиба барои оби чашма ба боғи боло мерафтам ва дугонаам низ ба лаби чашма мефуромад. Суҳбати мо дуру дароз буд, аз мактаб, муаллимон, ҳамсинфон, аз китобҳои хондаамон ҳарф мезадем. Ҳикоя ва повестҳои маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Маориф ва маданият»-ро муҳокима мекардем. Ҳар як шумораи онҳоро бесаброна мунтазир мешудем.
Саргарми суҳбат гузаштани вақтро намедонистем. Аз он тарафи сой овози модари ман, аз тарафи дигар овози модари дугонаам баланд мешуд: «Ҳой духтарҳо, гапҳои шумоён охир дорад ё не? Аз ташнагӣ гулӯямон қоқ шуд-ку!» Мо, ҷонсарак сатилҳоро гирифта ба хонаҳоямон мешитофтем.
Падари дугонаам муаллими Холмурод ба иллати бемории меъда дар синни 37 ин дунёро тарк кард, он вақт мо дар синфи 4-ум мехондем. Модараш апаи Тӯхтагул хеле ҷавон, дар 34 солагӣ бева монд. Кӯдаки дар батнашбуда аз навозишҳои падар бенасиб гардид. Баъди таваллуд ба ӯ номи падарашро гузоштанд. Тарбияи ҳафт нафар кӯдак, парастории падаршӯю модаршӯйи пир ба зиммаи апаи Тӯхтагул афтид. Аз субҳи содиқ то фарорасии шом миёнашро маҳкам баста ба шустушӯ, пухтупаз, чорводорию боғпарварӣ машғул мешуд.
Дар ёд дорам, вақте ба назди дугонаам мегузаштам, медидам, ки апаи Тӯхтагул аз ҷунбуҷӯли рӯзгор ҳеч монда намешуд. Ӯ ҳатто ба китобхонӣ вақт меёфт, ба мо афсонаю ривоятҳо мегуфт. Он рӯзгор дар деҳаи мо арӯсро савори асп ба хонаи шавҳар мебурдаанд. Дар пеш тағо ва дар ақиб арӯс менишастанд. Ҳофизону раққосон аз дунболи асп доиразанону сурудхонон мерафтанд. Апаи Тӯхтагул лаҳзаи аз сой савори асп гузаштани худро чунин нақл карда буд: «Куртаи сафеди арӯсӣ ба тан, дар сар рӯймоли калон, чашмбанд, аз болои он яктаҳи дарозро мепартофтанд. Берун аз чашмбанд хира менамуд. То хонаи шавҳар гирякунон мерафтам. Тағоям «бас, ин қадар гиря барои чӣ!» гуфта ба ман овоз баланд мекард. Вақте аз сойи пуроб мегузаштем, миёни тағоямро дошта, оҳиста шӯхиомез гуфтам: «Тағо, ҳозир шуморо ба об тела медиҳам!» Тағоям, ки марди батамкин ва ниҳоят сода буд, ба ин гапи ман бовар кард ва «Э, э... духтари беақл, ин хел накун, ки шарманда мешавем... » гуфту аз зини асп боз ҳам сахттар дошт...»
Апаи Тӯхтагул хеле ҷавон бева монда бошад ҳам, ба шавҳари марҳумаш содиқ монд. Чун дар урфият «ҳар кӣ бе ёр бувад, пайваста бемор бувад» мегӯянд, ранҷу алам, дарди ҷудоиро аз меҳнат мегирифт.
Солҳо гузаштанд, духтарони қадрас шудем. Бо мактаби азиз, дамҳои беғубор ва фаромӯшнашаванда хайрбод гуфтем. Ман барои таҳсил ба шаҳр рафтам, дугонаам дар деҳа монд. Дертар бо ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ кард. Соҳиби рӯзгор, писару духтар гардид.
Ҳар боре, ки ба деҳа меравам, ӯ албатта ба дидани ман мешитобад. Ба қарибӣ ба зодгоҳ рафтам ва дугонаамро низ ҳолпурсӣ кардам. Ӯ акнун момои Тӯтинисо буд, мӯйҳои мошу биринҷаш, рухсораи ожангдораш аз меҳнати сангини деҳа ва ғаму ташвиши фарзандон дарак медод.
– Дугонаҷон, охир ба синни 60 қадам гузоштем. Умри одам мисли бод мегузаштааст. Аз ҳамсинфон Фарида, Камол, Холида, Аслимурод, Ҳақназар барвақт ҳаётро тарк карданд (охираташон обод бод!). Ҳавлии бобоӣ, падару модар, хоҳару додар, айёми бачагиро зуд-зуд ба ёд меораму дилам гум мезанад...
Шукри Офаридгор, рӯзгори осуда ва фаровон дорам. Танҳо Шукуфаи ногиро, ки дар синни 26 ҷавонмарг шуд, дили маро захмдор кард. 26 соли умрамро ба парастории ӯ бахшидам. Агар ӯ солим мебуд, қатори ҳамсолонаш соҳиби оила, шавҳар ва фарзандон мешуд, – оҳи бадард кашид дугонаам. – Ба ҳукуматамон раҳмат, дар парастории духтарам ба ман кӯмак расонд, бо нафақа ва аробаи ногироӣ таъмин намуд.
Шавҳари Тӯтинисо Тағоймурод Орзуев дастпарвари Донишгоҳи давлатии кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Солҳои тӯлонӣ раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Эҷро ба ӯҳда дошт. Дар ихчаму батартиб гузарондани тӯю маъракаҳои деҳа ва деҳаҳои ҳамсоя саҳми калон дорад. Ҳоло нафақахӯр асту ба боғдорию чорвопарварӣ машғул аст.
Дарвоқеъ, дугонаам ҳоло ҳам адабиётдӯсту китобхон аст. Фарзандону набераҳояш – Суман, Шукуфа, Фархунда, Фареҳа, Васила, Хушрӯз, Хушнуд ... мояи фахраш ҳастанд.
Хушдомане, ки фарҳангдӯсту китобхон аст, дар оила ба арӯсон, фарзандон, набераҳо ва ҳамсояву ҳамдеҳагон, албатта, ибрат мегардад.
– Ба баъзе хушдоману арӯсон ҳайронам, дар як оила зиндагӣ карда, якдигарро намефаҳманд. Хушдоман аз арӯс, арӯс аз хушдоман норизо шуда, сирри оиларо ба кӯча мебароранд ва худро бадном мекунанд. Мо, калонсолон, ҷавононро бояд ба сабру таҳаммул, ростгӯию росткорӣ, муносибати хуб, муқаддас донистани оила ҳидоят намоем, – мегӯяд Тӯтинисо.
Ҳар дафъае, ки дугонаҳои мактабиамро ба хотир меорам, ба олами бачагии хушбахт бармегардам, аз ҳавои тозаву беғубори зодгоҳ нафас мекашам...
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.
МОДАР МЕХОСТ ҶИГАРБАНДАШРО БИФУРӮШАД
Зан фиребгарӣ кард. Зан ба қотилӣ даст зад. Зан вақте хиёнат мекард, ба даст афтод. Зан ҷигарбанди худро мехост бифурӯшад...
Зан — модар. Вай меҳрбон аст, вақте борон меборад, чатри болои сари мост, дар сармои сахт зан тафти гармо бошад, фидокоре беназир аст ӯ. Пас чаро дар ҳаққи вай ин бор суханоне мегӯем, ки дар рӯйи бел намеистанд. Ба номи ӯ лаккаи сиёҳ мезанем... Аз он ки ҳаракатҳои ношоиста содир намудааст, имкони дар ҳаққи ӯ суханони нек гуфтан намондааст.
С. Ҳусанова (ному насабаш тағйир дода шуд), ки дар вилояти Қашқадарё ба воя расидааст, бо орзуҳои ширин ба шавҳар баромада буд. Вале рӯзгори ширини заношӯӣ дер напоид, ба сабаби низоъҳо шавҳараш ӯро аз хона ронд. Вақте дари хонаи падар низ ба рӯйи вай баста шуд, ба мақсади парвариши кӯдак, ба кӯчаи мардикорӣ даромад. Дар яке аз рӯзҳои саргардонӣ ӯ бо сокини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё Т. Э. ошноӣ пайдо карду ба пешниҳоди мард, ки мегуфт издивоҷ кунем, розӣ шуд. Ба ӯ бовар карда, ба ноҳияи Деҳнав рафт. Таассуф, бинои навбатии оиладорӣ низ аз ҳам фурӯ рехт. Вай бо писари дусолааш — Ихтиёр боз дар кӯча монд. Ҳангоми анҷом додани кори касон такрор пешниҳод намуданд, ки ба шавҳар барояд. Аммо ин пешниҳодҳои навбатӣ ғаразнок буданд.
Дар байнамон ҳаннотону фиребгарон, разилон ва аз вазъият сӯиистифодабарандагон ёфт мешаванд. С. Ҳусанова дар ҳаёт бо одамони хуб низ рӯ ба рӯ шуд, аз кӯмаки моддиашон баҳраманд гардид. Аммо бештари вақт як паллаи тарозу боло меомад. Зане, ки бехобӣ, гуруснагӣ ва оҷизӣ ӯро ранҷ медод, дарк мекард, ки саломатиаш рӯз аз рӯз табоҳ мегардад. Дарун-дарун ғам мехӯрд, ки аз ӯҳдаи модарӣ кардан ба фарзанд намебарояд.
Ба тақдири модаре, ки бо фарзандаш дар кӯча мондааст, кӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд? Раис ва мушовири ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаи «Тағойтемир»-и ноҳияи Деҳқонобод, ки С. Ҳусанова он ҷо дар қайди доимӣ аст, боре напурсид, ки зан дар куҷост. Доир ба додани истиқоматгоҳҳое, ки давлатамон ба модарони яккаву танҳо пешбинӣ намудааст, чораандешӣ накард.
С. Ҳусановаи бесарпаноҳмонда ҷинояти басе вазнин — фурӯхтани фарзанди ба воя нарасидаашро содир намуд. Хӯш, ба чӣ сабаб ин ҷинояти басе гарон содир карда шуд?
С. Ҳусанова ба сабаби он ки ҷойи зист ва шуғли доимӣ надошт, барои фурӯхтани фарзандаш ба шиносаш А. Ш. муроҷиат менамояд. Вай бошад, дар ин хусус ба масъулони ШКД хабар медиҳад. Бино ба аризаи ӯ чораи фаврӣ андешида шуд. Зан дар маркази тиҷоратии «INDENIM», воқеъ дар маҳаллаи Баҳористони ноҳияи Деҳнав, бино ба ваъда, писарашро ба ивази ҳашт миллион сӯм мехост бифурӯшад. Вале вай ҳангоми аз «мизоҷ» гирифтани 5 миллион сӯм аз ҷониби ходимони ИМАТЭ (Идораи мубориза алайҳи терроризму экстремизм)-и РКД вилоят дастгир карда шуд.
Кори ҷиноии С. Ҳусанова таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Олтинсой И. Абраев ҳаллу фасл гардид.
Бино ба моддаи 298-уми Кодекси ҷиноӣ-протсессуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷараёни дида баромадани сабабҳои ҷиноят, баъди дақиқ муайян гардидани шарту шароите, ки ба содир кардани он замина фароҳам овардааст, суд ҳукм баровард. Дар он талаб карда шудааст, ки мақомоти худидораи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамоатӣ бояд аз ҷамоаҳо ва шахсони мансабдор талаб намоянд, ки баҳри бартараф кардани чунин ҳолатҳо чораҳо андешанд. Аз ин рӯ, суд ба мақсади пешгирии ин гуна қонуншиканиҳо қарори хусусӣ бароварда, лозим донист, ки барои муҳокима ва муайян намудани чорабиниҳои дахлдор ба идораи Вазорати дастгирии маҳалла ва оила дар вилояти Қашқадарё интиқол диҳад.
Аз рӯйи кори ҷиноии мазкур ба сабаби он ки бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд, зане ҷинояти басе вазнин содир намудааст, нисбати ходимони масъули бахши дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияи Деҳқонобод қарори хусусии суд бароварда шуд. Ҳамчунин, нисбати ходимони масъули ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаҳои «Қизилҷар», «Дунётеппа», «Сӯфӣ Оллоёр» ва «Лолазор»-и ноҳияи Деҳнав, ки дар он ҷойҳо зан муддате умр ба сар бурдааст, қарори хусусӣ бароварда шуд.
Ҳайати суд бо назардошти вайрон шудани хулқу атвори зан то содир намудани ҷиноят ва ба сифати шахс торафт зиёд шудани дараҷаи хавфи иҷтимоии ӯ, натиҷа гирифт, ки ахлоқи судшавандаро дар ҳолати дар байни ҷамъият будани ӯ ислоҳ наметавон кард. Бино ба ҳукми суд, С. Ҳусанова бо банди «а»-и қисми 3-юми моддаи 135-уми КҶ Ҷумҳурии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста шуда, бино ба моддаи 57-уми КҶ ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Зани бемаълумоте, ки касбу коре надошт, худро сафед кардан натавонист. Тасаввур кунед, ки фарзанд бо вай монд, вале тарбияи ӯ чӣ мешавад? Сабабҳои зиёде касро ба кӯчаи ҷиноят медароранд. Хусусан, бефарқ будан нисбати ҳодисаҳое, ки дар гирду атрофи мо рӯй медиҳанд, сароғози иллатҳост.
Худатон натиҷа гиред.
Барно МЕЛИҚУЛОВА,
хабарнигори ӮзА.
ОИНҲОИ ОИЛАДОРӢ
Дар мамлакатамон бо ташаббуси сарвари давлат Шавкат Мирзиёев барои мустаҳкамсозии оила, ки асоси ҷамъият аст, чораҳои мушаххас андешида мешавад. Мақсад барқарор инкишоф ёфтани оила, аз ҷумла оилаҳои ҷавон аст.
Бо хонаву ҷой, кредити имтиёзнок, соҳибкорӣ таъмин кардани оилаҳои ҷавон дар мадди аввали сиёсати давлат мебошад. Дар ин ҷода ҳатто вазорати алоҳида таъсис гардидааст, ки бо муаммоҳои оила машғул мешавад.
Аз қадимулайём маълум аст, ки бисёр муаммоҳои ҳаёт пеш аз ҳама дар оила муҳокима мегардад. Дар гузашта вайроншавии оила шармандагӣ, беорӣ ҳисоб мешуд. Ду-се оилаи бародарон дар як ҳавлӣ тифоқ мезистанд. Муаммоҳои оиларо куҳансолони таҷрибанок ҳаллу фасл мекарданд.
Дар мамлакатамон соле ҳазорҳо оила вайрон мешавад.
Вақте ки дар идораҳои маҳалла муҳокимаи муносибати оила меравад, аксарияти калонсолон, фаъолони маҳалла ба ҳар баҳона дар иштирок кардан худдорӣ мекунанд. Охир, ба ҷавонон дарси оиладориро куҳансолон наомӯзанд, кӣ меомӯзад?
Ҷавононро ба оиладорӣ пеш аз ҳама падару модар бояд тайёр созанд. Муқаддас будани оиларо бо роҳи қонун ва ҳам шариат фаҳмондан лозим аст. Аз сухани «талоқ» худдорӣ намоянд ва чӣ қадар зарарнок будани ин маъниро фаҳмонанд.
Зану шавҳар бояд ба якдигар бо номҳои рамзӣ муроҷиат намоянд. Номи занро, ё ки шавҳарро ба забон гирифта муроҷиат кардан нишони беҳурматист. Аз тарафи дигар, зан бояд оилапарвар, роҳбалад ва ҳамеша барои пешравӣ даъват намояд. Шавҳар бошад, ба завҷааш меҳрубон, ёрирасони рӯзгор бошад.
Назирҷон ЭРГАШЕВ, ноҳияи Чусти вилояти Намангон.