МАҲСУЛИ ЗАКОВАТ

ё худ нуктасанҷи соҳа

Дар ҷабҳаҳои тадқиқоти илмӣ донишмандоне ҳастанд, ки эҷодиёти онҳоро марбут ба ин ё он соҳаи илм омӯхтан ишколе дорад. Зеро ин гуна мусаннифон дар баробари сарукор доштан бо таърихи адабиёт, матншиносӣ, шеърияти классикӣ, дастурҳои услубӣ, китобҳои дарсӣ низ таълиф намудаанд. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Нусратулло Ҷумъахӯҷа аз зумраи чунин олимони серҷанба аст.
Олими нуктадон Нусратулло Ҷумъахӯҷа соли 1953 дар шаҳри Ғиждувони вилояти Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Нусратулло ҳанӯз овони таҳсил дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба адабиёт ва эҷоди бадеӣ иштиёқи баланд дошт. Ин буд, ки беҳтарин осори адабиёти ӯзбек ва ҷаҳонро мутолиа намуд. Ба ӯ устодони донишманду шоиртабиат Сайфиддин Раҷабов ва Хушбоқ Раҳимовҳо дарс додаанд. Ин дилбастагӣ ба адабиёт ӯро ба даргоҳи факултети филологияи Донишгоҳи давлати Тошканд овард.  
Тӯли панҷ сол дар Донишгоҳ аз донишмандони бахши филология Айюб Ғуломов, Шавкат Раҳматуллоев, С. Долимов, Ғулом Каримов, Талъат Солиев, Лазиз Қайюмовҳо сабақ гирифт. Иштирокчии фаъоли маҳфилҳои адабӣ буд, бо маърӯзаҳояш дар конфронсҳои илмии донишҷӯён муттасил баромад мекард. 
Нусратулло Ҷумъхӯҷа, баъди хатми донишгоҳ, дар мактабе, ки худ замоне таҳсил дошт, ба дарс додан аз забон ва адабиёти ӯзбек шурӯъ кард. Дар мактаб дарс медоду хаёлан дар олами эҷод мегашт. Ба умқи осори намояндагони адабиёти классикӣ мерафт, саъю кӯшиш ба харҷ медод, ки маъниҳои ҳаётӣ ва ирфонии ашъори Навоиро дарк намояд.
Чунин ҷустуҷӯҳо барабас нарафтанд. Мақолаҳои ӯ дар рӯзномаи ноҳиявии «Колхоз ҳақиқати» таҳти унвони «Дар ҷустуҷӯйи ифодаҳои халқӣ», «Доир ба як ҳаммонандӣ дар эҷодиёти Дантеву Навоӣ», дар маҷаллаи «Фан ва турмуш» зери номи «Монандии аҷиб» рӯйи чопро диданд. 
Солҳои таҳсил дар донишгоҳ байни ӯву адабиётшиноси номӣ Бегалӣ Қосимов муносибати устодию шогирдӣ ташаккул ёфта буд. Дертар, бино ба даъвати ӯ, Нусратулло ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуд ва ба тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти шоири бузург Муниси Хоразмӣ пардохт. Пайдост, ки зиндагинома ва осори Муниси Хоразмиро Н. Маллаев ва Ю. Айёмӣ то ҷое омӯхтаанд. Вале тадқиқоти Нусратулло Ҷумъахӯҷа «Маҳорати шеърофарии Шермуҳаммад Мунис» (1984) дар ин росто зинаи нав гардид. Зеро муаллифи рисола таркиби жанр, доираи мавзӯъ, силсилаи образҳо ва самти ғоявии ашъори Муниси Хоразмиро дар якҷоягӣ омӯхта, мавқеи устодии ӯро дар шеъри замон дуруст муайян карда буд. Баъди чунин ҷустуҷӯ ва бозёфтҳо фаъолияти номзади илмҳои филологӣ Нусратулло Ҷумъахӯҷа дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо идома пайдо кард: ходими хурди илмии Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, корманди Маркази ҷамоатии Маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ буд, дертар вазифаи мудири кафедраи Академияи сохтмони давлат ва ҷамъияти назди Президент, Институти давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Институти такмили малака ва бозомӯзии кадрҳои педагогии вилояти Тошкандро бар ӯҳда дошт. 
Нусратулло Ҷумъахӯҷа соли 1999, баъди дифои рисолаи докторӣ доир ба мавзӯи «Мафкураи истиқлоли миллӣ ва мероси адабӣ» муттасил дар ҷустуҷӯ буд, кӯшиш ба харҷ медод, ки тадқиқоти наве анҷом диҳад, фикри нав гӯяд. 
Олим дар ҳоли ҳозир дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ба номи Алишер Навоии Тошканд ба донишҷӯён дарс медиҳад, ба навиштани кори дипломӣ ва рисолаҳои магистрӣ роҳбару роҳнамои онҳост.
Бисоти илмии профессорро монография, китобу маҷмӯа ва мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Олим дар онҳо, дар баробари шеърияти назми классикӣ, рушду такомули тадриҷии ин ё он жанрро баррасӣ кардан, саъй бинмудааст, ки фаъолияту шахсият ва мақеи адабии эҷодкорони алоҳидаро дар адабиёт муайян намояд. Осори ӯ, ба монанди «Сухан танҳо бимонад ҷовидона», «Сеҳри нуҳуфта дар сатрҳо», «Ғазалиёти Мунис», «Фирӯз — ҳомии фарҳанг ва ҳунар», дар баробари ба хонанда завқи эстетикӣ бахшидан, ба онҳо донишу маърифат низ медиҳад. Чунончи, монографияи ӯ дар бораи Фирӯз на танҳо доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии роҳбар ва созмондиҳандаи муҳити адабии Хоразми қарни XIX ба хонанда маълумоти кофӣ медиҳад, балки ӯро бо таърихи воҳа, ҳаёти маданӣ, ҷараёну маҳфилҳои адабӣ ва анъанаи устодиву шогирдӣ ошно месозад.
Олим бо матн ва манбаъшиносӣ низ сарукор дорад. Талқин, шарҳ ва фикрҳои таҳлилии ӯ доир ба ғазалҳои Алишер Навоӣ, Мунис, Огаҳӣ, китоби алоҳидааш, ки ба таҳлили ғазали «Қаро кӯзим» бахшида шудааст, ҳамчунин аз ҷониби ӯ омода карда шудани матнҳои «Шаҷараи Хоразмшоҳӣ» ва «Фирдавс-ул-иқбол» далели ин гуфтаанд. Тадқиқоти олим доир ба баъзе хусусиятҳои ашъори Навоӣ саҳифаи наве дар боби навоишиносианд.
Профессор Н. Ҷумъахӯҷа, баъди таълифи китоби дарсии «Ӯзбек адабиёти» барои синфи 10 (бо ҳамроҳии устоди худ Бегалӣ Қосимов) дар ин самт ҳамкориашро бо ҳаммаслакони хеш идома дод. Китобҳои дастурӣ ва дарсии «Она тили — давлат тили» («Забони модарӣ — забони давлатӣ»), «Ӯзбек адабиёти таърихи»-ро таълиф намуд.
Дар ин рӯзҳо 70-умин солгарди зодрӯзи олими нуктадон ҷашн гирифта мешавад. Мо ҳамкасбон низ ба Нусратулло Ҷумъахӯҷа тандурустию хонаободӣ ва комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно менамоем.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
профессори Донишгоҳи давлатии забон ва 
адабиёти ба номи Алишер Навоии Тошканд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: