МАҲСУЛОТ – БА БОЗОРИ ҶАҲОН

Дар мамлакатамон барои рушди босуръати соҳибкорӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити қулайи корчаллонӣ як қатор тағйироти мусбат ба амал татбиқ мегарданд.

Дар арафаи ҷашни 31-солагии истиқлолияти мамлакатамон якчанд иншоотҳо аз тарафи соҳибкорон ва корчаллонони ноҳияи Поп ба истифода супурда шуданд. Аз ҷумла, маҷмӯи гармхонаи замонавӣ, ки аз тарафи ҶММ «Zamin Gren-World» барпо гардидааст, фаъолияти худро оғоз кард. 
Барои барпо намудани гармхона, ки 8 гектар майдонро дар бар мегирад, 61,6 млрд. сӯм маблағ равона карда шудааст. Дар гармхона мақсад гузоштанд, ки аҳолии ноҳияро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд ва бо ин роҳ устувории нарху наворо нигоҳ доранд, 100 нафар бо кори доимӣ ва 150 нафар бо кори мавсимӣ таъмин шудааст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба ин ҷо асосан онҳое, ки аз рӯйихати «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» ҷой гирифта буданд, ба кор қабул карда шуданд.
– Таҷҳизоти корхонаро аз Туркия ва Испания овардем, – гуфт роҳбари корхона Абубакир Мамадалиев. – Дар гармхона помидори навъи «Хужимаро», ки аз Олмон оварда шудааст, бо усули гидропоника парвариш карда мешавад. Ҷамоаи корхона ният доранд, ҳар сол ду маротиба аз ҳар гектари гармхона 250 тонна маҳсулоти босифат гиранд.
Дар натиҷа, иқтидори солонаи корхона 3500 тонна маҳсулот ёки 10,5 млн. долларро ташкил медиҳад. 
Маҳсулот ба давлатҳои Аврупо ва Русия содир карда мешавад.
Дар маросими кушодашавии гармхона ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов гуфт, ки ҳоло аз тарафи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ эътибори зиёд дода мешавад, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар ҳамдиёрони мо бо кор таъмин гардида, ҳолати иҷтимоии онҳо рӯй ба беҳбудӣ меорад.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: