Ӯзбекистон мисли давлатҳои пешрафти ҷаҳон имкони бо доруҳои хушсифат таъмин кардани 70 - 80 фоизи аҳолиро дорад, ки дар ин бобат хидмати корхонаи «Nobel Pharmsanoat» назаррас аст.
Доир ба фаъолият ва дастовардҳои имрӯзаи корхона дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву туркиягӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба амал омада буд, Президент Шавкат Мирзиёев ба як гурӯҳ сармоядорон ва роҳбарони корхонаҳое, ки ба рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Туркия саҳм гузоштаанд, арзи сипос намуда буд. Директори корхонаи «Nobel Pharmsanoat» Куршат Женк Четин яке аз онҳост.
Тавре ки ҳангоми вохӯрӣ сарвари давлат таъкид намуд, «Nobel Pharmsanoat» дар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти босифати доруворӣ ҳиссаи босазо мегузорад. Корхона 60 номгӯй, 110 намуд доруворӣ истеҳсол менамояд.
Азбаски талаб ба маҳсулоти маҳаллӣ зиёд гашт, роҳбарияти корхона қарор додааст, ки барои васеъ гардондани қувваи истеҳсолӣ иншооти нави замонавиро бунёд намояд. Сохтмони бино дар поёни соли 2013 оғоз ёфта, моҳи январи соли ҷорӣ ба охир расид.
Ба мақсади ошноӣ бо ҷараёни кор ба фабрикаи нав, ки дар мавзеи Қорасуви ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт ҷойгир шудааст, саёҳати ходимони ВАО ташкил дода шуд.
Иншоотҳои асосии фабрикаро хатҳои нави ба истеҳсоли маҳсулот ихтисосонидашуда, лабораторияи физикию кимиёвӣ ва микробиологӣ, анборҳои махсус барои ҳифзи маҳсулоти тайёр, ки ҳамаи он бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли ИМА, Олмон, Швейтсария, Итолиё, Англия, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Чин ва Ҳиндустон ҷиҳозонида шудаанд, ташкил медиҳад.
–Солҳои охир таҳти сарварии роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъият дигаргуниҳои зиёд амалӣ мешаванд, – гуфт дар баромади худ роҳбари корхона Куршат Женк Четин. – Ба муносибати бартараф гардидани монеаҳои зиёд, бахусус, роҳандозӣ шудани муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистон, Туркманистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя доираи истеҳсоли маҳсулотамон васеъ гардид. Барои дастгириашон ба Президенти мамлакат ва ҳукумати Ӯзбекистон арзи сипос менамоем.
Ҳамкори доимии корхонаамон Институти кимиёи моддаҳои растании АИ Ӯзбекистон мебошад. Ҳоло 5 номгӯй дорувор пурра аз маҳсулоти ватанӣ истеҳсол шуда, 3 номгӯйи он содир мешавад.
Роҳбари корхона оиди дастовардҳои мутахассисони соҳа низ сухане чанд ба миён овард:
–Яке аз муваффақияти корхона ба роҳ монда шудани истеҳсоли дорувори табиии «Никотинабс» мебошад, – гуфт ӯ. – Дорувор ба кашандагони сигор, чилим ва нос пешбинӣ шудааст. Фурӯши дорувор дар дорухонаҳои ҷумҳурӣ ба тарзи озод буда, нархи он 35 - 40 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Агар мизоҷ иродаи қавӣ дошта бошад, баъд аз муддати муайян аз маҳсулоти тамоку тамоман рӯй мегардонад. Муолиҷа як моҳ идома меёбад ва мизоҷ метавонад ба ин васила касалиҳои дил, рагу хун ва ҳатто марги бемаҳалро пешгирӣ кунад.
Фармасевтика яке аз соҳаи мушкилтарини саноат ба шумор меравад. Мақсади асосии мутахассисон ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор нигаронида шудааст. Такмили ихтисоси фармасевтҳои ҷавон дар Туркия, Олмон, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Ҳиндустон ба роҳ монда шуда, бо ходимон оиди усули замонавии маркетинг ва назорати сифат дарсҳои маҳорат гузаронда мешавад.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».