МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ ӮЗБЕКИСТОН БОЗОРҲОИ АВРУПОРО ЗАБТ МЕКУНАД

10 ширкати бонуфузи Ӯзбекистон дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ “Fruit Logistica-2022”, ки рӯзҳои 5-7 апрел дар Берлин баргузор шуд, ширкат карданд.

Бо кумаки Агентии оид ба пешбурди содироти назди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ ва Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Берлин иқтидори маҷмӯи агросаноатии ҷумҳуриро дар намоишгоҳ 10 ширкатҳои бузурги минтақаҳои гуногуни кишварамон, ки онҳо маҳсулоти худро дар девораи ягонаи миллии «Made in Uzbekistan» гузоштаанд, намоиш доданд. Дар ин ҷо номгӯи зиёди меваю сабзавоти тару тоза ва коркардшуда, зиравориҳои гуногун, меваҳои хушк ва ғайра намоиш дода шуданд.
Ба девораи Ӯзбекистон соҳибкорони зиёд аз Олмон, Ҳулланд, Франсия, Бритониёи Кабир, Италия, Полша, Уммон, Покистон, Русия, Туркия, Исроил ва дигар мамлакатҳо ташриф оварда, ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо интиқолдиҳандагони маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.  
Зимни гуфтушунид бо шарикони хориҷӣ, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардида, дар натиҷаи як қатор мулоқотҳо доир ба имзои шартномаҳо оид ба таҳвили маҳсулоти Ӯзбекистон ба кишварҳои Аврупо тавофуқ ҳосил шуд.
Бо кумаки сафоратхона узви ҳайати Ӯзбекистон инчунин бо роҳбарони шабакаҳои бузурги савдои яклухту чаканафурӯшии Олмон, мисли «Lidl»,  «EDEKA»,  «REWE» ва «Kaufland» мулоқот анҷом доданд, инчунин, аз як қатор ширкатҳои бунуфузи коркарди сабзавоту мева дидан карданд.  
Бархе аз меҳмонони Намоишгоҳи байналмилалии «Fruit Logis-tica - 2022» бо АИ «Ду-нё» дар бораи дурнамои ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон  дар бахши кишоварзӣ андешаҳояшонро ба ҳам диданд.
Менеҷери рушди тиҷорати «IEP - Invernaderos» Раул Мартинез — Герарда ФЕРНАНДЕЗ (Испания):
— Имрӯз ман девораи миллии Ӯзбекистонро тамошо кардам ва бори дигар ба маҳорати баланди соҳибкорони ӯзбек ва сифати маҳсулоти онҳо боварӣ ҳосил кардам. Ман аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддати корӣ бо соҳибкорони кишвари шумо манфиатдорам.
Ӯзбекистон  яке аз кишварҳои мувофиқ аст. Ман потенсиали бузурги хоҷагии қишлоқи мамлакати шуморо омӯхтам. Ӯзбекистон яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони мавиз, зардолу, бодом, анҷир ва дигар меваҳои хушк мебошад. Онҳо хеле болаззат буда, ба тамоми стандартҳои бозорҳои кишварҳои пешрафта ҷавобгӯ мебошанд. Мо метавонем ҳамкорӣ кунем ва маҳсулотро аз Ӯзбекистон  ба Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва дигар кишварҳо содир кунем.
Коршиноси калони Ҷамъияти байналмилалии кишоварзии Олмон «DLG International GmbH» Алфонс ГОБЕЛ:
— Имрӯз мо бо мутахассисони ӯзбек самтҳои пешомадноки ҳамкориро дар соҳаи агросаноат муҳокима кардем. Мо итминон дорем, ки барои рушди ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи коркарди меваю сабзавот имконоти бузург вуҷуд дорад ва мо омодаем, ки бо ширкатҳои ӯзбекӣ дар заминаи дарозмуддат ҳамкорӣ кунем.
Намояндаи минтақавии платформаи bestfoodimporters.com Марина Торрес РОМЕРО.
— Дидани он хуш аст, ки ба пештахтаи Ӯзбекистон меҳмонони зиёд меоянд ва ба анору помидору меваи хушки хуштаъми шумо мароқи калон пайдо карданд. Ман фикр мекунам, ки ин беҳтарин роҳи таблиғи маҳсулоти шумост.
Дар платформаи худ мо дар бораи истеҳсолкунандагони ҷаҳонии меваю сабзавоти тару тоза маълумот медиҳем. Мо, дар таҳририяи худ сол аз сол афзудани шумораи экспонатҳои Ӯзбекистонро дар намоишгоҳҳои байналхалқии хоҷагии қишолоқ мушоҳида мекунем. Ин иқтидори васеи кишвари шумо ва ҳавасмандии онро ба густариши имкониятҳои содиротии он равшан нишон медиҳад. Ӯзбекистон дар бозори байналмилалии меваву сабзавот ба содиргари муҳим табдил меёбад. Аз ин лиҳоз, соли гузашта гирифтани мақоми бенефитсиари «GSP+» дар ИА низ имкониятҳои навро боз мекунад.

АИ «Дунё», 
шаҳри БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: