МАҲСУЛОТИ МАҲАЛЛИИ МО ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ РАҚОБАТПАЗИР ХОҲАД БУД

Агар шаш сол пеш дар кишвари мо пахтаи хоми истеҳсолшуда 37 фоизро ташкил дода бошад, имрӯз Ӯзбекистон ба иқтидори азнавкоркарди 100 фоиз нахи пахтаи худ соҳиб гардид.

Сабаб дар он аст, ки нахи пахтаро ҳаматарафа кор карда, ба сифати маҳсулоти тайёр ба бозор баровардан назар ба фурӯши нах ва ресмон чанд баробар фоиданок аст.
Ин аст, ки солҳои охир дар кишвари мо ба коркарди нахи пахта ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёри хушсифату арзон, бахусус афзоиши ҳаҷми содирот аҳамияти калон дода мешавад.
Хусусан, бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар ин соҳа пурра низоми кластер ҷорӣ карда шуда, дар тӯли се соли охир дар натиҷаи ба кластери пахтаву нассоҷӣ ҷудо карда шудани беш аз 23 триллион сӯм маблағҳои имтиёзнок имрӯз дар соҳаи бофандагӣ зиёда аз 7,3 ҳазор субъекти мустақили хоҷагидорӣ фаъолият нишон медиҳад. Аз ҳама муҳимаш, ҳазорон оилаҳо тавассути барномаҳои «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» бо мошинҳои дарздузӣ таъмин гардида, ба кор шурӯъ намуданд. 
Ба туфайли ислоҳоти иқтисодӣ, ки таҳти раҳбарии Президентамон татбиқ мегарданд, маҳсулоти бофандагии дар Ӯзбекистон тайёршуда на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозори ҷаҳон серхаридор аст. Аз ҳама муҳимаш имрӯз маҳсулоти мо ба тамоми қитъаҳои ҷаҳон фиристода мешавад.
Аз ҷумла, 27 кишвари Аврупо, аз қабили Англия, Фаронса, Италия, Олмон, Португалия, Испания, Нидерландия ва 8 кишвари қитъаи Амрико, аз қабили ИМА, Канада, Бразилия маҳсулоти моро харид мекунанд. Маҳсулоти нассоҷии мо аллакай дар зиёда аз 20 кишвари Осиё, аз қабили Ҷопон, Корея, Чин, Ҳиндустон харидорони худро пайдо кардааст.
Табиист, ки ба содиркунандагони матоъҳои нассоҷии рангкардашуда ва газвор то 10 фоиз субсидия дода мешавад, дар асоси фармоиш барои ба хориҷа фиристодани маҳсулоти тайёр рейсҳои алоҳида ташкил карда мешаванд, ки ба чандин баробар зиёд шудани ҳаҷми содирот хидмат мекунанд.
Саноати бофандагӣ дар таъмин намудан  ҳам бо ашёи хом,  ҳам содирот ва ҳам  бо кор таъмин намудани аҳолӣ имкониятҳои калон дорад. Ҳоло дар ин соҳа 400 ҳазор нафар кор мекунанд. Агар тамоми низом дар асоси илм ва технологияи муосир дуруст ташкил карда шавад, миқдори ҷойҳои кориро  ба 1 миллион расондан мумкин аст.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки ба муносибати тадбирҳои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва зиёд кардани содироти маҳсулоти бофандагӣ барпо гардид, бесабаб вазифа гузошта нашуд, ки пахтаро ҳаматарафа кор карда, экспорти соҳаро камаш ду баробар зиёд кунем. Зеро дар мамлакати мо барои рушди ин соҳа тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд.
Инчунин, аз ҳисоби тухмипарварӣ ва агротехнологияҳои ба илм асосёфта, имкониятҳои кофӣ барои баланд бардоштани ҳосили пахта, коркарди амиқи нах ва ду баробар зиёд намудани содироти соҳа вуҷуд доранд. Корҳое, ки дар самти рушди соҳа анҷом дода мешаванд, имкон медиҳанд, ки пахта аз ҷониби корхонаю кластерҳои нассоҷӣ амиқ коркард шуда мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ба роҳ монда шавад.
Умуман, солҳои охир дар саноати бофандагии мамлакати мо дигаргуниҳои миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омаданд. Вазифаҳои дар ҷамъомад муайяншуда, бешубҳа ба ҳазорҳо ҷойи корӣ офаридан дар соҳа, беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум ва боз ҳам баланд бардоштани иқтидори содироти мамлакат хидмат мекунанд. 
 
Одинахон ОТАХОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: