МАҲСУЛОТИ «НУР СӮЗАНА» – ДАР БОЗОРИ ДУНЁ ХАРИДОРГИР

Яке аз элементҳои ба мактаби кашидадӯзии Нурато хос тасвири анор мебошад. Анор – бренди Нурато гӯем хато намешавад. Он рамзи бахту саодат.

Яке аз элементҳои ба мактаби кашидадӯзии Нурато хос тасвири анор мебошад. Анор – бренди Нурато гӯем хато намешавад. Он рамзи бахту саодат.
Имрӯзҳо наздик ҳазор нафар занону духтарони нуратоӣ ба кашидадӯзӣ машғул буда, моҳе то 2-2,5 миллион сӯм даромад меёбанд.
Як усто-ҳунарманд бо шогирдонаш то 50-60 миллион сӯм соҳиби даромад шуданаш мумкин. Он меҳнати осон нест. Сабру тоқат талаб мекунад ин ҳунар. Барои як сӯзанӣ ё кашидадӯзӣ, ба ҳаҷми он назар карда, ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо меҳнат мекунанд. Ҳоло дар корхонаи кашидадӯзии миллии «Нур сӯзана»-и ноҳия зиёда аз 30 навъ маҳсулот истеҳсол мешавад. Костюми занона, дастархон, болин, курта ва сӯзанаҳо дар асоси фармоиш дӯхта мешаванд.
Тамоми маҳсулот  дастӣ офарида мешавад. Риштаҳо барои кашидадӯзӣ низ бо услуби қадимӣ ҳамин ҷо омода мегардад. Маҳсули меҳнати яке аз тарғиботчиёни фаъоли санъати ҳунармандӣ, узви иттиҳодияи «Ҳунарманд», роҳбари корхонаи оилавии «Нур сӯзана» Гулмира Исломова бо нафосат, ҷилои рангҳо ва гуногунии нақшҳо дилро ба ваҷд меоварад. Вай дар офаридаҳои худ аз композитсияҳое, ки дар онҳо гулпартоӣ акс ёфтаанд, моҳирона истифода мекунад, ба таъмини бардавомии нақшҳои анор, гули анор, гули бодом эътибор менигаронад.
Ба фикри вай, анор ва нақшҳои бодомшакл рамзи серфарзандӣ, бахт, меҳру муҳаббат ва аҳлӣ мебошанд.
Ба маҳсулоти корхонаи «Нур сӯзана» дар бозори дохилию берунӣ эҳтиёҷ торафт меафзояд. Хусусан солҳои охир ба ашёҳои табиӣ дар бозори ҷаҳон эҳтиёҷ калон. Сайёҳоне, ки аз хориҷ меоянд, ба ин гуна маҳсулоти миллии беҷирм таваҷҷӯҳ менигаронанд.
Бинобар он ки дар Туркия бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мавҷуд, асосан ба ҳамин давлат экспорти «Нур сӯзана» ба роҳ монда шудааст. Дар асоси фармоиш ба ИМА, Русия, Арабистон барин мамлакатҳо низ маҳсулот дастрас гардонда мешавад. Бо мақсади фароҳам овардани қулаӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар шаҳри Тошканд филиали ин корхона кушода шудааст. Дар шаҳри Самарқанд фаъолияти боз як дӯкон ба роҳ гузошта шуд.
Аз устохонаи шаҳри Нурато бошад, қадами меҳмонони маҳаллӣ ва хориҷӣ канда намешавад. Сабаб он аст, бевосита назорат кардани ҷараёни кашидадӯзӣ завқ ва гашти ба худ хос дорад.
Дар сурат: дар корхонаи оилавии «Нур сӯзана».
Суратгир: С. АСЛОНОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: