Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи қолинбофии Хива дидан карданд.
Корхонаи аризишаш қариб 22 миллион доллар аз ҷониби ширкати «Sam-Antep-Gilam»-и Самарқанд дар соли 2020 ташкил карда шудааст. Марҳилаи дуюми лоиҳа соли гузашта оғоз гардид. Дар корхона таҷҳизоти Олмон, Белгия, Австрия, Швейтсария, Италия, Фаронса ва Туркия насб карда шудааст. 420 ҷойи корӣ созмон дода шудааст.
Дар ин ҷо қолин, риштаи полипропиленӣ ва дигар маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Он ба ИМА, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон содир мешавад.
Имсол навбати сеюм татбиқ гардид — истеҳсоли ресмон аз нахҳои акрил ба роҳ монда шуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки иқтидори истеҳсолӣ соле ба 2,2 миллион метри мураббаъ расид. Дар назар аст, ки 45 дарсади маҳсулот ба хориҷи кишвар интиқол дода, ҳаҷми содироти солона аз 7 миллион доллар бештар хоҳад шуд.
Президентҳо бо раванди истеҳсолот ва толори намоишгоҳи корхона шинос шуданд.
Дар ин ҷо муаррифии молҳои саноатии Ӯзбекистон низ барпо гардид. Ба шахсони масъули соҳаҳои бо ҳам алоқаманди ду кишвар дастур дода шуд, ки табодули таҷриба карда, тиҷоратро ривоҷ диҳанд.