Дар корхонаи муштараки «Сирдарё мега люкс» кор карда баровардани ҷуволҳои калони полипроленӣ ба роҳ гузошта шудааст.
Ин ҷуволҳо, ки «контейнерҳои нарм» гуфта мешаванд, аз 500 килограмм то 5000 килограмм бор мебардоранд. Дар истеҳсолот, савдо, кишоварзӣ, логистика барин соҳаҳо ба он талабот зиёд. Корхона соле 132 миллион дона ин гуна маҳсулот бароварда метавонад.
Дар корхона моҳи майи соли 2021 омодасозии плёнкаи дуқабата ба роҳ гузошта шуд. Моҳҳои наздик дар асоси технологияи стреч плёнка ва спанбонд истеҳсоли матоъи нобофта ба роҳ гузошта мешавад.
Дар корхона бештар аз 2 ҳазор нафар меҳнат мекунанд. Баъди пурра амалӣ шудани лоиҳаҳо, ҷойҳои корӣ ба 5000 мерасанд.
Маҳсулот имрӯзҳо ба Русия, Исроил, Белорус, Украина, Қазоқистон барин 14 мамлакат экспорт карда мешаванд.
Дар корхона тӯли панҷ соли оянда оиди истеҳсоли маҳсулоти полимерӣ технопарк ташкил карда ва амалӣ сохтани ҳашт лоиҳа ба нақша даромадааст, ки арзиши умумиаш 350 миллион доллар мебошад. Барои ин 260 миллион доллар сармоя ҷалб гардида, технологияҳои Олмон, Италия ва Австрия устувор карда мешавад.
Суратгир:
Ш.ОРТИҚБОЕВ (ӮзА).
Дар суратҳо: дар корхонаи муштараки «Сирдарё мега люкс».