МАЗАИ ШАРОБ

Шуҳрат намехост кам биёрад.

Юнуси ИМОМНАЗАР

МАЗАИ ШАРОБ
(Ҳикоя)

Шуҳрат намехост кам биёрад. Магар дасташ кӯтаҳ аст ё пулаш кам, ки кам биёрад? Дод, ҳар чӣ дошт – дод! 
Ҷӯраҳои майпараст аз ӯ розӣ шуданд, таърифашро то осмони ҳафтум карданд: «Ана, ба ин мегӯянд зиёфат! Хокӣ ёд гирад, ду шиша арақ монду ба лаб кулӯх молида шишт, садқаи одам шавад, хасис!». «Э, Хокира ба забон нагир! Гӯсфанди куштааша ба сар мезанем, шоколодҳои русиаш ба кӣ даркор? Болои ҳам самбусаю кабобу танӯркабоб оварданаш чӣ лозим буд? Худситои бахил! Ана, аз Шуҳрат ёд гирад – шароб, вудкаҳои корикалон... Баҳ-баҳ, чӣ конёке дод мардак!».
Бодӣ ҳам хӯрд, дар ин ҷашни таваллуд ҳар чӣ аз анвои машрубот буд, хӯрд! Ҳамроҳи ҷӯраҳои майпараст то охири шаб нишаст. Билохира, вақте ки нисфи ҳамраҳон яклабаю якшунга шуда, мисли хукбачаҳои фуколуд ба хурпуф даромаданд ва нисфи дигар ҳам чун уштуру шутурмурғҳои фартут чорпою дупой худро ба дару девор зада бадар рафтанд, ӯ низ алангу маланг аз пушти онҳо баромада, роҳи хонаашро пеш гирифт...  
Кӯчаашро ёфт Бодӣ. Ҳанӯз рӯшании саҳар надамида буд, дар назди дарвоза истод: гӯё ҳама чиз дар гирдаш давр мезад – дару девор, маҳтоби бедор, ҳатто сутуну симчӯбҳои пур аз маҳор. Худро ба дастгирае зад, дар боз шуд. По ба дарун ниҳоду фалаки даввор кард корашро: чун лоша уфтод ба пилаҷо. 
Ду-се по зад, даст афшонд, аммо барои хестан мадоре дар ҷонаш намонд. Ба мисли зулук дар рӯйи замини нам хазид, чунон хазид, ки аз зӯрии беҳуда дар эзораш кор кард! Ҳамин дам ба суроғаш саг омад, дар ҳоле ки аз иштимоми ғайриодӣ ҳавои бадро зери бинӣ мебехту аз забон оби даҳан мерехт. Саг эзори ӯро бӯйиду ба маънии «ӯфу-у...» яке сар бардошт ва ҳамоно ба ҷониби сараш по гузошт. Забони меҳр ба сурату даҳони майзада зад, ногоҳ Бодӣ ба худ омад: 
– Оҳ, ҷонам, худат яктоӣ дар ин ҷаҳон, бо ин мавҷи бӯсаборон!
Саг забон аз лесидан кашид ва пойи чапи пушташро боло карду ба сурати Бодӣ шоша кард. Бодӣ обу адо шуд, бо хушҳолӣ ин суханро суруд: 
– Ба оби ҷӯ расидан ба ман шуд 
маҳол,
Ту рӯямро бишӯйӣ ба оби ҳалол.   
Саг аз Бодӣ ҳазар карду рафт. 
Субҳи козиб пардаҳои худро шикаст, рӯшании саҳар ба олам нишаст. Кадбонуи хона ба одати маъмул аз хоб хесту ҷорӯб гирифт ва барои рӯбучин ба ҳавлӣ баромад ба шаст. Чун ба назди дарвоза омад, марди ҳамсояро дид, ки алағдаю палағда симое дошту олуғда ғур-ғур мекард. Ҳамин ки шинохт, наистода бо ҷорӯб ба сараш тохт: 
– Ҳе, беимон, чӣ кор мекунӣ дар ҳавлии бегонагон?! 
Бо зарбҳои паёпайи ҷорӯб Бодӣ базӯр сари по хест, ба ҳуш омада дарёфт, ки ҷуз фирор ӯро чорае нест. По ёзониду худро ба дарвоза зад, вале сараш ба оҳани қоб бархӯрду гӯё ҷарақа зад. Пешпо хӯрд, аз дарвоза ба берун уфтоду пешониаш сахт бар замин бархӯрд. Дубора хост баланд шавад, аммо натавонист рост шавад, ночор шуд чаҳорпо равад. 
Аз сураташ хун мерехту сахт месӯхт, чаро ки хуну обу шоша бо ҳам меомехт. Ин дафъа дастгираро дуруст ёфт, бо ҳавли ҷон чун шағоли рамида ба ғори худ шитофт... 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: