МАЗМУНУ МОҲИЯТИ КОРИ МАҲАЛЛАБАЙЪ

Дар 299 маҳаллаи қаламрави вилояти Ҷиззах мувофиқи Дастур ва пешниҳодҳои сарвари давлат вазифаи ёрдамчии ҳоким ҷорӣ гардидааст.

Коҳиш додани шумораи бекорон, ба соҳибкорӣ ҷалб сохтани аҳолӣ ва бо ин роҳ маҳви камбизоатӣ аз вазифаҳои асосии ёварони ҳоким маҳсуб меёбад. 
Баъди ба фаъолият оғоз намудани ёрдамчиёни ҳоким ва тарзи маҳаллабайъи кор чӣ тағйирот ва беҳбудие дар ҳаёти мардум ба бор овард. Бо мақсади аз наздик ошно намудани  ин корҳо хидмати  дафтари матбуот бо ҳамкории масъулони ҳокимияти вилоят барои рӯзноманигорон ва блогерҳо сафари матбуотӣ (пресс-тур) созмон дод. Дар аввал муовини аввали ҳокими вилоят оид ба иқтисодиёт ва коҳиш додани камбизоатӣ Абдувалӣ Мустанов бо ҳамроҳии масъулони сарраёсати иқтисодиёт дар бораи корҳое, ки то ин дам баҳри ба соҳибкорӣ ҷалб намудани аҳолӣ, дараҷаи бо шуғл бандкунӣ чанд ҳарф зад.
– Дар 299 маҳалла аз рӯйи дараҷаи зиндагии мардум се навъ дафтар шакл гирифт, яъне ба танзим дароварда шуд. Мо корҳоро қабл аз ҳама аз рӯйи ин супориши сарвари давлат, ки идоракунии давлатиро то ба сатҳи маҳалла поён мефурорам, гуфта буд, амал намуда, иҷро хоҳем кард. Ёрдамчиёни ҳоким ҳам фаъолияти хешро дар асоси ҳамин се дафтар пеш мебаранд.
Корҳои ба танзим даровардани оилаҳоро бо 234 ҳазор хонадон шурӯъ намуда бошем, айни замон ин нишондиҳанда ба 243 ҳазор расидааст,– гуфт А.Мустанов.
     
Маркази касбу ҳунаромӯзӣ

Муассисаи нахустине, ки ходимони ВАО ва блогерҳо дидан карданд, Омӯзишгоҳи меъморӣ ва сохтмон воқеъ дар маҳаллаи «Қаллия»-и шаҳри Ҷиззах мебошад. Дар ин ҷо тибқи пешниҳоди муассисаҳои бандкунии шаҳру ноҳияҳо ҷавонони муваққатан бекор тӯли се-чор моҳ касбу ҳунар меомӯзанд. Кор дар сохтмон, кранҳои борбардор, кафшергарӣ, дуредгарӣ ва ба ҳамин монанд ҳунарҳоро дар ин ҷо аз бар менамоянд. Маркази касбу ҳунаромӯзӣ барои 250 нафар хобгоҳ  дорад, ошхона низ.  Омӯзгорони Донишкадаи политехникӣ омада дарс мегузаранд...

Яке аз ҳафт хазина 

Корхонаи паррандапарварӣ бо номи ҶММ « Zarbdor parranda» дар маҳаллаи «Шарқ юлдузи»-и ноҳияи Зарбдор воқеъ аст. Дар 1,8 гектар майдон паррандапарварӣ ба роҳ андохта шудааст. Ба 41 хонадон ба тариқи кооператсия чӯҷаҳо додаанд. Хурокаи паррандаи навъи бройлерро саривақ расонида медиҳанд. Ёрдамчии ҳоким дар ин маҳалла Илҳом Эркабоев бо рафти корҳо ҳозиринро ошно сохт. Барои бо сифат нигоҳ доштани гӯшти парранда яхдони садтоннагӣ ба кор андохтаанд. Мо аз як-ду хонаводае, ки бо ҳамкории ҷамъияти мазкур парранда мепарваранд, шинос гардидем.

Моҳӣ намедиҳем, балки моҳигирӣ меомӯзонем

Дар ин маҳалла бо кумаки молиявии «Агробанк» барои чил хонавода ҳавзи об сохта шудааст, ки бо моҳигирӣ шуғл варзанд. Барои ҳар як оила чорҳавз, ҷамъ 120 ҳавзи об ҷудо карда шудааст. Ин ҳавзҳо оддӣ, болокушода мебошанд. Абдувалӣ Мустанов, ки моро ҳамроҳӣ мекард, гуфт:
Ҳоло ин оилаҳо  аз нигоҳи иқтисодӣ навакак қомат рост мекунанд, аз ин рӯ ҷоиз нест, ки сарборӣ кредит диҳем, хароҷотҳояшро дучанд афзун намоем. Оби ҳавзҳоро  саривақт иваз мекунанд. Навъи маъруфи моҳии сазан парвариш меёбад ва ба бозори дохилӣ бароварда мешавад.

Оилаи гулпарвар

Шарофат Нориева аз зумраи соҳибкорони номӣ натанҳо дар қаламрави вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ӯ дар ихтиёри худ хоҷагии фермерии ғаллаву пахта дорад. Беш аз бист сар бузони голландӣ аз Австралия овард. Дар маҳаллаи «Олмачӣ»-и ноҳияи Шароф Рашидов кластери гулпарварии  Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд таъсис додааст. Даҳҳо тан бонувон дар курсҳои кӯтоҳмуддат дар ин ҷо нозукиҳои гулпарвариро  аз бар менамоянд. Аз хориҷа бар ивази  даҳҳо миллиард сӯм гул харида оварда,  парвариш менамояд. 
– Ин тоифа соҳибкорон танҳо барои фаровонии рӯзгори одамон ғам мехӯранд, – гуфт ҳангоми суҳбат мудири шуъбаи мувофиқсозии Фонди ба соҳибкорӣ ҷалб намудани аҳолӣ дар Агентии кор бо усули маҳаллабайъ ва рушд додани соҳибкорӣ Умед Абдуллоев. – Бубинед, дар худи ҳамин ҷо намои кӯҳсори Зоминро ба вуҷуд овардааст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: