Мувофиқи анъана дар Рӯзи Ғалаба аз манзили дӯсти солҳои мактабиам – муаллими фанҳои математика ва технология Абдувакил Ҷӯраев дидан кардам.
Чун одат сари як пиёла чой суҳбати мо дар атрофи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қӯр гирифт. Ҳанӯз аз солҳои мактабӣ ба хонадони Ҷӯраевҳо омадурафт мекардам. Он вақтҳо падари Абдувакил – собиқадори ҷангу меҳнат Абдулҳамид Ҷӯраев дар қайди ҳаёт буданду баъзан ба суҳбатҳои мо ҳамроҳ мешуданд. Абдулҳамидбобо одати аҷибе доштанд: дар курсии ягонаи меҳмонхона, ки дар даромадгоҳ меистод, нишаста ба мо нақлҳои аҷоибу ғароибе мекарданд, баъзан ба ваҷд омада, аз ҷой баланд мешуданд ва парвози ҳавопаймову ғурриши тири тӯпу танкҳоро бо ишораҳои дасту забон ва хаму рост шуданҳо ба мо баён мекарданд. Ана дар ҳамин асно ба қомати баланду тани расои Абдулҳамидбобо бо ҳавас нигариста, ба ваҷд меомадем.
Ва инак, бист соли расост, ки бобои Абдулҳамид Ҷӯраев ҷисман дар байни мо нестанд. Вале ёду хотир, корномаҳо, шукӯҳу шаҳомати эшон пайваста дар хотири фарзандону пайвандон ҷилвагар аст. Ин ҷо баъзе аз лаҳзаҳоеро рӯи сафҳа оварданием, ки аз забони худи Абдулҳамидбобо нақл шудаанд. Дар нақлу ҳикоятҳояшон муболиғаву муҳобот ба назар намерасад. Баръакс ҳаракат менамуданд, ки содагуфтору ҳақиқатнигор бошанд, ки нуфузу шаҳоматашонро дучанд мекард:
– Таваллуди ман ба авҷи босмачигарӣ, яъне ибтидои соли 1925 рост омадааст. Аз ин рӯ хеле сарсахт парвариш ёфтаам. Аз бозе, ки худамро мешинохтам, то ҳол дар кору зиндагӣ бисёр душвориҳо, азобу уқубатҳоро паси сар кардам. Падарам, ки мулло буданд, ба ғазаби ҳукумат гирифтор шуданд. Бадарға нашуда бошанд ҳам, бисёр азият кашидаанд. Аз ин рӯ, ба ману хоҳар ва бародаронам муаллимон дар мактаб ва роҳбарон дар колхоз беэътиноӣ мекарданд. Бародари калониам – Иноятуллоҳ пинҳонӣ дар назди падарам илми шариат меомӯхт.
Соли 1933 дар деҳаамон – Ғелон мактаб кушоданд ва ман ҳам дар қатори нахустин шогирдон шомили синфи якум шудам. Зеҳнам тезу ақлам расо буд. Мактабамон тоҷикӣ буду бештари муаллимонамон русу тотору яҳуд... Аз ин рӯ, илова бар забони модарӣ забонҳои ӯзбекиву русиро низ тез азхуд намудам. Забони муаллимони яҳуд аз тоҷикии маҳаллӣ фарқ мекард. Азбаски онҳо устоди касби худ буданд, дар назди падарам аз дониши онҳо нақл мекардам. Бо кӯмаки падарам ба онҳо аз Ҳофизу Саъдӣ ва Мирзо Бедил саволҳо омода мекардам. Онҳо баъзан ба ҷавоби саволҳоям дармемонданд. Пурсишу кунҷкобиҳоям сабаб шуд магар, ки муаллимон ба ман эътибори махсус медоданд. Вале муаллимони маҳаллӣ маро худдонаму маҳмадоно хонда, ба ман суханҳои таънаомез мегуфтанд, бисёр саволҳоям беҷавоб мемонданд.
Ҳамин тариқ, ман синфи ҳафтумро хатм кардам. Мехостам хонданро дар шаҳрҳои калон идома диҳам. Вале ҷанги хонумонсӯз садди роҳ шуд. Дар мактаб муаллимон мегуфтанд, ки Олмон бо кишвари Шӯро муоҳида дорад. Вале ин аҳдшикании онҳо ғазаби касро меовард. Оҳиста-оҳиста орзуи хондан ба ҳисси интиқом табдил ёфт. Аз деҳа даста-даста ҷавононро ба фронт сафарбар мекарданд. Ихтиёриён низ зиёд буданд. Гурезаҳо низ кам набуданд. Умуман то ба ҷанг рафтани ман аз деҳа беш аз 70 нафарро гуселонидем.
1 январи соли 1943 ман ҳаждаҳро пур кардаму худи ҳамон рӯз ба фронт сафарбар шудам. Моро то маркази Шаҳрисабз пои пиёда бурданд, аз он ҷо то ба шаҳри Қаршӣ бо мошин ва сипас, то ба шаҳри Керч бо поезд бурданд. Аз кӯҳистони Шаҳрисабз ҳамроҳи ман қаҳрамони ҷанг Шодӣ Шойимов низ сафарбар шуда буд. Вале моро дар хоки Украина аз ҳам ҷудо карданд.
Баъди як моҳи омӯзиш ман хизматро дар дивизияи тирандозии 385-уми армияи 49-ум ба сифати алоқачӣ оғоз кардам. Баъди ду-се моҳи хизмат фаҳмидам, ки хизмати алоқа дар қатори сапёрҳо ва разведкачиҳо аз пурхатартарин вазифаҳои ҷангӣ будааст. Вале чӣ илоҷ? Дар ҷанг баҳонаҳои мисли «намедонам», «намекунам», «намехоҳам» нест. Надонӣ, ёд медиҳанд, нахоҳӣ маҷбурат мекунанд. Ҳамин тариқ, ман ҳамаи супоришҳои командиронро аз таҳти дил иҷро мекардам.
Ҳамаи аскарони қисми мо ба ғалаба боварӣ доштанд. Махсусан, баъди он ки 30 январи соли 1943 қӯшунҳои фронти Ленинград муҳосираро рахна карданд, дар муҳорибаи Сталинград январ-феврали ҳамин сол зиёда аз сад ҳазор аскарони немис несту нобуд карда шуда, қариб сад ҳазори дигар асир гирифта шуданду дуюним ҳазори онҳо афсар ва 24-тои онҳо генерал (аз ҷумла фелдмаршал Паулюс) буданд, рӯҳияи ҳамсафони мо бардошта шуда, ба ғалаба боварии том пайдо карданд. Тобистони соли 1943 баъди ғалабаи қушунҳои мо дар муҳорибаи Курск, нақшаҳои фашистон батамом барбод гардид. Илова бар ин, то охири сол иттифоқчии Олмон Италия аз ҷанг баромад. Соли дигараш Финландия низ ҷангро тарк кард.
Хуллас, вақте ки ман ба ҷанг даромадам, аскарони мо дар тамоми фронтҳо ба ҳуҷум гузашта буданд. Дивизияи мо низ ба сӯи шимоли ғарби Украина ҳаракат карда, як-як шаҳру деҳаҳоро аз чанголи фашистон озод менамуд. Шуъбаи мо корҳои алоқаро барқарор менамуд. Ману ҳамсафонам ғалтакҳои симу дастгоҳҳои алоқаро бардошта ҳамроҳи муҳофизон дар сафи пеши ҷанг амалиёт мебурдем. Гоҳо бо немисҳо рӯбарӯ меомадем. Дар натиҷа чандин ҳамсафони худро аз даст медодем. Баъзан ба мо партизанҳо, ки аз шароити маҳал бохабар буданд, ёрӣ медоданд.
Дар давоми соли 1944 шаҳру деҳаҳои зиёдеро озод карда, аз тариқи хоки Украина то охири сол ба сарҳади Полша наздик шудем. Зимистони соли 1945 пурра дар хоки Полша ҷангидем. Дар Полша ман бори аввал захмӣ шуда, чанд муддат дар госпитал хобидам. Баъди аз госпитал баромадан маро ба бригадаи 18-уми артиллерӣ фиристоданд ва дар ҳамин бригада то ба Берлин бар зидди фашистон ҷангидам. 16-17 апрел бригадаи мо дар муҳосираи Берлин иштирок карда, ҳар рӯз дарунтар мерафтем. Охирҳои рӯзи 22 апрел немисҳо муқобилияти сахт нишон доданд. Тиру снарядҳои зиёде сӯи мо меандохтанд. Бадбахтона як снаряд дар назди тӯпи мо таркиду дигар чизеро дар ёд надорам.
Вақте чашмонамро кушодам, худамро дар таҳхонае дар иҳотаи занону мӯйсафедон ва кӯдакони немис дарёфтам. Онҳо ба худ омадани маро дида, шодӣ мекарданд. Як мӯйсафеди немис маро бо обу нон муроот мекард. Дигаре ба ман сӯзандору мегузаронид. Вале ман чизеро намешунидам. Гӯшҳоям ғуввос мезаданд. Тамоми баданам карахт шуда буд. Баъдҳо маълум шуд, ки онҳо қариб як ҳафта маро нигоҳубин кардаанд. 2 май ба таҳхона аскарони мо зада даромаданд. Бошандагон аз тарс дарақ-дарақ меларзиданд. Онҳо маро пеш гузарониданд. Азбаски сарам дарди сахт дошту гӯшҳоям ғуввос мезаданд, кӯтоҳакак ба онҳо вазъиятро фаҳмондаму дар ҷоям нишастам. Онҳо маро ба қисми санитарӣ бурданд.
Баъд аз муоина маро ба Вологда, ба госпитали ҳарбии Череповетс фиристоданд...
Абдулҳамидбобо бо Ордени дараҷаи I Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳо, аз ҷумла «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Ғалаба аз болои Олмон», «Барои ишғоли шаҳри Берлин», дар солҳои Истиқлол низ бо чандин медал ва тақдирномаҳо, аз ҷумла «Ҷасорат» қадр карда шудааст.
Медали «Барои ишғоли шаҳри Берлин»-ро ба Абдулҳамидбобо 9 июни соли 1945 тақдир карда будаанду он соҳибашро баъди 46 сол, яъне 3 июни соли 1991 дарёфт кардааст. Абдулҳамидбобо баъд аз тамом шудани ҷанг дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, инспектори шуъбаи бақайдгирии ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шаҳрисабз, бригадири колхоз, мудири мағоза, сардори шӯъбаи алоқаи деҳаи Ғелон хизмат кардааст. Дар бойгонии ӯ дар қатори ордену медал ва тақдирномаҳо як даста мактуб ба назар мерасад, ки онҳо аз то вопасин дамҳои зиндагӣ (соли 1998) бо ҳамяроқон дар мукотиба будани Абдулҳамидбобо дарак медиҳад. Дар унвонии номаҳо номҳои командири дивизияи тирандозии 385-ум полковник Михаил Лазарев, сардори шуъбаи сиёсии ҳамин дивизия, полковник Алексей Михайлов, сардори баталиони 1-уми тирандозӣ Николай Строгов ва дигарҳоро дидан мумкин аст.
Имрӯзҳо дар қатори мардуми диёр се писару се духтар ва зиёда аз панҷоҳ набераву аберагон аз корнамоиву ҷасоратҳои Абдулҳамидбобо мефахранду меболанд.
Ёдатон ба хайру равонатон ором бод, қаҳрамони ҷангу меҳнат Абдулҳамидбобо!
Р. ҚУРБОНИЁН.
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.