МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ШАРОФИДДИН

Дар Баҳрайн оид ба атлетикаи вазнин чемпионати ҷаҳон ба поён расид, ки намояндаи кишвари мо Шарофиддин Амриддинов дар вазни 102 кг. пирӯз шуд ва медали тилло насибаш гардид.

— Рақиби асосии ман чемпиони Олимпиадаи «Токио 2020» Элбаҳ Фаренс аз Қатар буд, – гуфт Шарофиддин, – вале нерӯи ӯ барои бардоштани 172 кило санг нарасид. Шояд худованд мададгори ман шуд, ки ба муроди дил расидам ва ба шарафи Ӯзбекистон мадҳияи мо танинандоз шуд.
Шарофиддин бо такон дар ду амал 368 килограмм сангро мутеъ гардонд ва ду медали биринҷиро ба даст овард.
– Мақсади асосии ман дар олимпиадаи Париж парчами миллии Ӯзбекистонро баланд бардоштан аст. Барои ҳамин аллакай бо устодони сахтгиру меҳрубон пайваста машғул ҳастем, – гуфт дар охир варзишгар.
     
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»  
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: