МЕДАЛҲО АЗ ЧОНЖУ

Дар шаҳри Чонжуи Кореяи Ҷанубӣ, ки оид ба қаиқронии академӣ чемпионати Осиё баргузор шуд, вакилони мактаб-интернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии Тайлоқ, ки аз ҳар минтақаи ҷумҳурӣ дар он таҳсил менамоянд, 11 медали тилло ва 1 медали нуқра ба даст дароварданд.

Аз ҷумла, дар қаиқи ҳаштнафара Шоҳҷаҳон Наҷмиев, Ӯктамҷон Давронов, Отамурод Раҳимов, Зафар Усмонов, Достон Баҳриев, Достон Хурсандов ва боз ду нафар варзишгари тошкандӣ пешсаф гардиданд. Собирҷон Сафаралиев, Шаҳзод Нурматов, Шеҳроз Ҳакимов ва Евгений Агафонови тошкандӣ дар қаиқи чорнафара ҷойи аввалро ба даст оварданд. Инчунин, чоргонаи Даврҷон Давронов, Абдулло Муҳаммадиев (ноҳияи Тайлоқ) ва Шаҳбоз Холмирзоев (вилояти Тошканд), Меҳроҷ Маматқулов (вилояти Сирдарё) ба марра пештар расида бошанд, Собирҷон Сафаралиев дар қаиқи якнафарӣ ҷойи дуюмро гирифт. 
– Ба қарибӣ ба хонаамон аз ҳокимияти ноҳия омада, ба писаронам Ӯктамҷон ва Даврҷон ташаккурнома ва туҳфаи гаронбаҳо супурданд. Аз ин рӯҳбаланд шуда, ду писарам ҳам медали тиллоро ба даст овард, – гуфт модари чемпионҳо Гулсоро Хуррамова. – Албатта, барои падару модар аз ин хушбахтии зиёдтар нест, ки аз қафои фарзандаш сухани нек фаҳмад ва муваффақияти ӯро бинад. 
Ногуфта намонад, ки хонандагони мактаб-интернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии Тайлоқ дар давоми сол дар чемпионати ҷаҳон иштирок намуда, 3 медали биринҷӣ, дар чемпионати Осиё яктоӣ медали тилло, нуқра ва биринҷӣ, дар турнирҳои байналхалқӣ 4 медали тилло, 5 биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ 124 медали тилло, 108 нуқра, 125 биринҷиро ба даст дароварданд.
Ҳоло варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио тайёрӣ мебинанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: