Медалҳо супурда шуданд

Дар ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах чорабинии тантанавӣ бахшида ба супурдани медалҳо ба хатмкунандагони мактабҳо баргузор гардид.

Дар ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах чорабинии тантанавӣ бахшида ба супурдани медалҳо ба  хатмкунандагони мактабҳо баргузор  гардид. Дар тадбир ба 19 нафар  хонанда, ки мактабро ба баҳоҳои аъло хатм намуданд, медалҳои тилло ва нуқра (13 тилло ва 6 нуқра) ва туҳфаҳои қимматбаҳо супурда  шуданд.
– Ман аз хурдсолӣ орзу мекардам, ки  мактабро бо баҳои аъло тамом кунам ва имрӯз бисёр хурсандам, ки  орзуям ҷомаи амал пӯшид, – мегӯяд хатмкунандаи мактаби рақами 9-уми ноҳия дорандаи медали тилло Сабина Фармонова.
– Ман бо писарам  фахр  мекунам, ки ӯ имрӯз соҳиби медали тилло гашт ва дар оянда дар мактаби  олӣ хонданро давом доданист, – мегӯяд модари Содиқ Пухоров.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи хокимияти ноҳия ба падару модарони медалдорон ва фидоиёни таълим ташаккурномаҳо супорида шуданд.

Раҳимшоҳи 
ШАРИФЗОДА.

Дар сурат: лавҳа аз тадбир. 
Суратгир:  
муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: