МЕДИААНҶУМАНИ ДУЮМИ ӮЗБЕКИСТОН – РУСИЯ БАРГУЗОР ШУД

18 ноябр дар пойтахти кишвар дар доираи ташрифи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия бо ҳамкории Оҷонсии коммуникатсияҳои оммавӣ ва ахбори назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати коммуникатсияҳои оммавӣ, робитаҳо, рушди рақамии Федератсияи Русия медиаанҷумани дуюми Ӯзбекистон – Русия баргузор гардид.

18 ноябр дар пойтахти кишвар дар доираи ташрифи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия бо ҳамкории Оҷонсии коммуникатсияҳои оммавӣ ва ахбори назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати коммуникатсияҳои оммавӣ, робитаҳо, рушди рақамии Федератсияи Русия медиаанҷумани дуюми Ӯзбекистон – Русия баргузор гардид.
Ҳадафи асосӣ аз ҷамъомади мазкур, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, пурзӯр гардондани робитаҳо дар соҳаи ахбори ҳар ду мамлакат, таҳкими ҳамкорӣ дар омодасозии кадрҳо,  шиносоии қарини намояндагони соҳаи ахбор мебошад.
Ба кори ҷамъомад муовини вазири коммуникатсияҳои оммавӣ, робитаҳо ва рушди рақамии Федератсияи Русия Бэлла Черкесова ҳусни ифтитоҳ бахшида гуфт, ки имрӯз эътимод ба ВАО зиёд мегардад, ки ин натиҷаи хидматҳои босазои намояндагони соҳа мебошад.
Дарҳақиқат мо имрӯз дар замони шадиду босуръат умр ба сар мебарем. Баробари ҳамин талаботи мардум нисбат ба ахбори шаффоф, бидуни фиреб ва  собит бо далелҳои амиқ зиёд мешавад.
Дар маросими ифтитоҳии ҷамъомад директори Идораи муносибатҳои байналхалқии ширкати телевизион ва радиои давлатии Русия Пётр Фёдоров дар баромади худ оид ба фазилатҳои инсонпарваронаи халқҳои гуногунмиллати Ӯзбекистон гуфта гузашт.
– Ман Ӯзбекистонро аз даврони Шароф Рашидов хуб медонам. Халқи Ӯзбекистон бо таҳаммулпазириаш аз қалби мо ҷой гирифтааст. Мардуми ин кишвар садҳо нафар бачагони солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонро мисли фарзанди худ ба оғӯш гирифт. 
П. Фёдоров аз зилзилаи Тошканд, фалокати ҳавопаймое, ки соли 1979 бо футболбозони «Пахтакор» рух дода буд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мо мардуми Ӯзбекистонро ҳамчун халқи бародар мепазирем ва омода ҳастем бо аҳли ин диёри куҳан ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро ба роҳ монем.
Аз таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта бармеояд, ки онҳо туфайли кадрҳои босаводу боистеъдод ба дараҷаи тараққиёти сатҳи ҷаҳонӣ расидаанд. Солҳои охир дар мамлакатамон муассисаҳои таълими олӣ ва шуъбаи муассисаҳои бонуфузи таълими олии ҷаҳон кушода шуданд, ки ин имконияти дар асоси рақобат тайёркунии кадрҳои боистеъдодро фароҳам меорад. 
– Яке аз масъалаи муҳиме, ки аз тарафи ҳукумат эътибори ҷиддӣ дода шудааст, омодакунии мутахассисони соҳибмалака мебошад. Мақсад аз ифтитоҳи Донишгоҳи коммуникатсияҳои оммавӣ ва журналистикаи Ӯзбекистон низ тайёр кардани журналистони соҳаи муайян мебошад, – гуфт ректори донишгоҳи мазкур Шерзод Қудратхоҷа. – Якчанд шуъбаи муассисаи таълими олии кишвар ба соҳаи журналистика ихтисосонида шудааст. Дар донишгоҳи мо бошад, аз рӯйи 10 самт бакалавриат ва 12 самт магистратура фаъолият мебарад. Дар мо журналистони соҳаи варзиш, ҳарб, мутахассисони технологияи хидмати ахбор, медиа-менеҷмент омода мешаванд, ки талаб нисбати онҳо зиёд аст.
Дар байни мамлакатҳоямон муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ мавҷуд буданду ҳастанд, робитаҳои маданиву адабии ин ду кишвар низ ҷиҳатҳои ба худ хос доранд. 
Ш. Қудратхоҷа филми бадеии «Тошканд – шаҳри нон» ва дар кишвари мо эҷод кардани намояндагони адабиёти рус А. Ахматова, А. Солженитсин ва дигаронро ба хотир оварда гуфт, ки чунин сарчашмаҳои маънавӣ ба рушди робитаҳои фарҳангӣ такони нав мебахшад.
Директори Оҷонсии ахбори байналхалқии «Россия сегодня» Д. Киселёв дар сухани ифтитоҳӣ роҳбари давлатамон Ш. Мирзиёевро бо дастовардҳояш дар интихоботи президентӣ муборакбод намуда гуфт, ки ин эътимоди бузурги мардуми Ӯзбекистон нисбат ба ӯ мебошад.
– Шавкат Мирзиёев туфайли саъю ҳаракат, тағйиротҳои мусбие, ки дар ҳамаи соҳаҳои мамлакат ба вуҷуд оварда тавонист, ноили чунин муваффақият гашт. Мо омода ҳастем бо халқи Ӯзбекистон робитаҳои иҷтимоиро ба роҳ монем, дар соҳаҳои сайёҳиву гастрономӣ низ таҷрибаҳоямонро бо ҳам бинем.
Муовини директори оҷонсии ахбори ТАСС М. Гусман аз таърихи халқҳоямон ёдовар шуда гуфт, ки мубодилаи ахбор дар байни давлатҳоямон дар давоми асрҳо мавҷуд буд ва умед мекунам, ки медиафоруми имрӯза чунин робитаҳоро ба қуллаи нав мебардорад.
– Ман мехостам Тошканд ба қатори шаҳрҳои қаҳрамони ақибгоҳ дохил шавад, чунки мардуми он солҳои вазнини 30-40-уми асри гузашта, ки аҳолии зиёди иттиҳоди шуравӣ азияти гушнагиву қаҳтиро мекашиданд, ба оғӯш гирифт, аз хонааш ҷой дод, аз дастурхонаш таом, – гуфт М. Гусман.
Баъд аз баргузор шудани нахустин медиафоруми ӯзбекистониву русиягӣ, ки тирамоҳи соли 2018 рӯйи кор омада буд, дар шабакаҳои телевизионии «Россия-Култура», «Россия-Мир» бахшида ба таърих, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои мардуми Ӯзбекистон барномаҳои зиёд намоиш дода шуд, ки натиҷаи ҳамкориҳои медиавии ҳар ду мамлакат ба шумор меравад.
Дар давоми ҷамъомад якчанд журналистони номии Русия ба журналистони ӯзбекистонӣ дарси маҳорат гузаштанд. Аз ҷумла, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов Е. Вартанова дар баромади худ таъкид кард, ки касоне мехоҳанд мутахассиси ин соҳа шаванд, бояд дониши фундаменталӣ дошта бошанд, дар давоми таҳсили олӣ хусусиятҳои таҳлилкунии воқеа ва ҳодисаро омӯзанд. Тафриқаи намояндагони соҳа аз мутахассисони дигар бояд дар он бошад, ки онҳо ҳамнафаси замон бошанд, аз технологияи рақамӣ ва навовариҳои он ҳамеша бохабар бошанд.
Мушоҳидаҳои ходими шабакаи телевизионии «Россия сегодня» О. Дмитриев низ барои журналистони оянда фоидабахш шуд:
– Хабарнигоре, ки хоҳ дар шабакаи телевизион, хоҳ дар шабакаи интернет ё матбуоти чопӣ фаъолият мебарад, дар ҷараёни омодакунии мавод рақам, асос, тафсил ва қаҳрамони онро аз назар нагурезонад, ҷараёни таҳрир ва тафсиркунии ӯ дар асоси ҳамин чаҳор ҷуз гузаронида шавад, ки ӯ бо ҳамин ба муштариёни худ хабари мукаммалро расонида метавонад.
Дар қисми хотимавии ҷамъомад таъкид шуд, ки пандемияи COVID-2019 ба рушди ҳамкориҳои тарафайн таъсири манфии худро расонд, аммо туфайли дастовардҳои технологияи иттилоотӣ мамониатҳо то ҳадди имкон ҳаллу фасл мегарданд. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: