МЕДИАФОРУМИ АНЪАНАВИИ ЖУРНАЛИСТОН

Дар осоишгоҳи «Чимён»-и вилояти Фарғона дар мавзӯи «Ошкорбаёнӣ, озодии сухан ва ҷамъият дар ВАО-и Ӯзбекистон» анҷуман баргузор шуд.

Дар осоишгоҳи «Чимён»-и вилояти Фарғона дар мавзӯи «Ошкорбаёнӣ, озодии сухан ва ҷамъият дар ВАО-и Ӯзбекистон» анҷуман баргузор шуд. Дар он журналистони тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок карданд. 
Баъди пазироӣ меҳмонон аз Маркази ҳунармандон боздид ба амал оварданд. Ҳамчунин, ба корхонаи «Fergana stone paper» рафта, бо истеҳсоли коғаз аз санг шинос шуданд. Дар маросими кушодашавии намоиши эҷодии фото-журналистон М. Қодиров ва Ш. Қарабоев дар осорхонаи кишваршиносии вилоят ширкат варзиданд. Журналистон дар «Хонаи матбуот» ва таҳририяти рӯзномаҳои «Фарғона ҳақиқати» ва «Ферганская правда» шуда, бо аҳли ҷамоа вохӯрӣ ва суҳбат карданд. Журналистон дар давоми семинар баробари иштирок дар машғулиятҳои медиа лагери «Чимён-2021» дар осоишгоҳ низ шуданд ва муолиҷа гирифтанд. Раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон М. Обидов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов журналистонро табрик карданд ва оид ба мавзӯи машғулотҳои семинар маълумот доданд. 
Мавзӯи асосии мунозира, маърӯза ва баҳсҳо дар атрофи нақши ВАО, обуна, рағбатноккунонии моддию маънавии журналистон, ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар назди ҷомеа ва ғайра иборат буд. 
Депутати Олий Маҷлис, профессор, доктори фанҳои филологӣ Хуршед Дӯстмуҳаммад, директори генералии ӮзА Абдусаид Кӯчимов дар мавзӯи «Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва озодии сухан: меъёр, мизон, амал» маърӯза карда, доир ба мавзӯъҳои ВАО ва интернет маълумоти муҳим доданд. 
 
С. ТОҲИРОВ,
Р. ТОШМАТОВ,
ноҳияи Сӯх.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: