Медиафоруми Фарғона мақоми байналмилалиро касб намуд

  • Медиафоруми Фарғона мақоми байналмилалиро касб намуд
  • Медиафоруми Фарғона мақоми байналмилалиро касб намуд

Дар осоишгоҳи Чимён бо ибтикори бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Фарғона таҳти унвони “Ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ” Медиафоруми Х-ум баргузор гардид. Мо дар шумораи гузашта оид ба оғоз медиафорум ба муштариёни “Овози тоҷик” хабар дода будем.

Дар осоишгоҳи Чимён бо ибтикори бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Фарғона таҳти унвони “Ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ” Медиафоруми Х-ум  баргузор гардид. Мо дар шумораи гузашта оид ба оғоз медиафорум ба муштариёни “Овози тоҷик” хабар дода будем.
Ёдовар мешавем, дар ин медиафорум, ки мақоми байналмилалиро касб намуд, дар баробари чеҳраҳои намоёни, аз қабили устодони донишгоҳҳо, сардабирони нашрияҳои чопӣ ва интернетии давлатӣ ва хусусӣ, журналистони нашрияҳои соири шаҳру вилоятҳои мамлакат, инчунин дипломатҳо ва хабарнигорони расонаҳоӣ маъруфи хориҷӣ ширкат карданд.
Иштирокиёни медиафорум маърӯзаҳои зиёди устодони соҳаи журналистика ва коршиносони варзидаро ӣр иштиёқи том истеъмо фармуданд. Дар доираи маърӯза ва баромадҳо саволу ҷавобҳо ва баҳсу мунозираҳои пуршиддат ба миён омад ва домани он рӯз аз рӯз фарохтар гардид.  
Раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров дар мавзӯи “Озодии баён дар матбуоти кишварк ва кушодии ҷомеа: таҷриба ва таҳлил” маърӯза кард. 
-Баргузории чунин медиафорум дар рушди журналистика ва пешрафти кори мо, аҳли қалам хеле мусоидат хоҳапд кард. Зеро он минбарест, ки масъалаҳои муҳимтарини соҳаи журналистика дар меҳвари гуфтугузор қарор мегиранд ва мо аз таҷрибаҳои ҳамдигар воқиф мегардем, аз он баҳра мебарем, бурду бохти якдигарро ошкоро дар миён мегузорем--изҳор кард Олимҷон Ӯсаров.
Ба таъкиди раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон  дар айни ҳол журналистика давраи нави инкишлофи худро паси сар мекунад. Дар ин давраи нав барои журналистони воситаҳои ахбори умуми чи давлатӣ ва чи мустақил, блогнависон шароити хубу созгор фароҳам оварда мешаванд. Бино ба гуфтаҳои Олимҷон Ӯсаров чунин шароиту имкониятҳоро қаблан журналистону блогнависон ҳаргиз эҳсос намекарданд.
Вай боз тазаккур дод, ки  дар айни ҳол Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои шӯравии собиқ аз кишварҳое муаррифӣ мешавад, ки ба озодии баён арҷу эҳтироми хос мегузоранд ва журналистони он дар мавриди инъикоси ҳодисаву воқеаҳои мамлакат гомҳои ҷиддӣ мебардорад.
 Директори генералии Агентии миллии ахбори ҷумҳурӣ Абӯсаид Кӯчимов дар масъалаи он ҳарф зад, ки оё нашрияҳои чопӣ ва электронӣ боҳам дар ихтилофанд ва ё дар майдони рақобати солим барои мардум хидмат мекунанд.
-Дар ҳар сурат ин ду воситаи ахбор бояд дар радифи иҷрои кору масъулияти худ ҳамдигарро ҷфиҳати таъмини иттилоот пурра кунанд ва дар фазои рақобати шаффоф фаъолияташонро пиёда намоянд. Зеро ин тақозои давру замон мебошад,-гуфт Абӯсаид Кӯчимов.
 Сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Япония Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов ва сардори бахши робитаҳои байналмилалии ширкати телевизионии “Токио МХ” Нобуёши Широта аз тариқи иштироки онлайнӣ ба ширкаткунандагони медиафорум дар мулоқот шуданд. Онҳо роҷеъ ба рияои меъёрҳои холисӣ дар воситаҳои ахбори Япония маълумот ироа намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҳар як мамлакат ба масъалаи озодии баён аз равзанаи қонуну қоидаҳои ҳамон мамлакат бархӯрд сурат мегирад. Ҳарчанд озодии баён масъалаи муҳим ба шумор меравад, вале ҳамеша журналист бояд ба дурустӣ ва ҳаққонияти ҳодисаву воқеа, ҷой ва таърихи он эътимоди куллӣ дошта бошад ва баъдан перомуни он гузориши аз ҳар нигоҳ асоснок ироаву пахш намояд.
Рӯзи сеюми баргузории медиафорум маърӯзаҳои Бобур Алихонов-роҳбари медиамаркази Вазорати адлия, Муҳаммаҷон Обидов-мудири Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди таҳририяти “Фарғона ҳақиқати” ва “Ферганская правда”, Шерзодхон Қудратхӯҷа-ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон, раиси Иттиҳодияи миллии воситаҳои ахбори электронӣ, Садриддин Суяров- мудири умумии Агентии ахбори “Ҷаҳон”-и Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, муҳаррирони якчанд рӯзномаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ шунида шуд 
Онҳо масъалаҳои рушди журналистика ва авлавияти вазифаҳои он, афзалиятнокии хусусигардонии  нашрияҳое, ки қааблан дар тасарруфи давлат қарор доштанд, таносуби пахши ахбор дар нашрияҳои интернетӣ, чопӣ ва телевидинеяро матраҳ намуданд. Аксарияти нотиқону музокирачиён бар ин ақида устувор монданд, ки таъмини озодии  баён дар журналистика, яке аз воситаҳои беҳтарини  ба даст овардани муваффақиятҳои беш аз пеш хоҳад буд. 
Ноиби раиси Қумитаи масъалаҳои ривоҷи инноватсионӣ, технологияҳои сиёсати ахбори Палатаи қонунбарори  Олий Маҷлис Дониёр Ғаниев ва узви ин қумита Умедҷон Ҷабборов ба он масъалаҳо таваҷҷӯҳи иштирокчиёни медиафорумро ҷалб намуданд, ки кадом қонунҳо меъёрҳои фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ ва ношириро ба танзим медароранд. Оё боз зарурат пеш омадааст, ки лоиҳаи қонунҳо таълифу таҳия гарданд, ки то манфиатҳои журналистон ва ноширон мадди назари он қарор мегирифт бошанд. 
Таъкид гардид, ки яке аз дастовардҳои депутатҳои даъвати охирини Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз байн бардоштани моддаҳои Кодекси ҷиноӣ мебошад, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани  журналистонро ҳангоми таҳия ва пахги ахбори дурӯғ ва беасос мадди назар гирифта буд. 
-Ҳоло барои чунин беэҳтиётӣ ва бемасъулиятӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст. Нуктаи дигаре, ки боиси зикр мебошад, фароҳам овардани фазои коммуникатсияҳои конструктивӣ ва таъмини холиснокии журналистон ҳангоми таҳияи мавод аст.
Иштирокчиёни медиафрорум тақозо намуданд, ки зимни таълифи қонунҳо оид ба журналистика афкору назари журналистоне низ ба инобат гирифта шавад, ки дар шаҳру вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Аммо бештар аз ҳама афроде ҷалб мегарданд, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Тошканд сукунат дорандва шояд дар ин соҳа чандон маҳорату малакаро соҳиб намебошанд. 
Дар медиафорум  перомуни масъалаи такмил додани жанри хеле муҳими журналистика-таҳқиқоти журналистӣ ибрози ақида сурат гирифт. Зеро дар айни ҳол ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ ҳанӯз садду монеаҳои хеле зиёданд ва журналист баъзан бидуни он ки бо мақомот мулоқот кунад ва фикри онҳоро шунавад, аз чунин имконият маҳрум карда мешавад.
 Сармуҳаррири нашрияи интернетии “Rost24”  Анора Содиқова дар бораи таъмини амнияти журналистон ибрози назар намуд. 
-Маро ҳамеша масъалаи бехатарии журналистон ба ташвиш мувоҷеҳ мекунад. Хушбахтона, дар солҳои охир Иттиҳодияи журналистон ва созмонҳои дигари марбута дар муқобили баъзе таҳдидҳо нисбати журналистон ё блогерҳо изҳорот пахш мекунанд, ки албатта, қобили эътироф аст. Аммо танҳо пахши изҳорот наметавонад журналистон ва блогерҳоро аз вартаи таҳдидҳо раҳо кунад ё пеши ба маҳкама кашидани онҳоро гирад,-иброз намуд Анора Содиқова..
 Вай ҳодисаи талошҳои баъзе афрод барои бадном кардани журналист Фирӯзаро мисол овард. Анора Содиқова афзуд, ки  ҳанӯз ҷинояткори ба ин кор дастзада мавриди боздошт қарор нагирифтааст ва маълум нест, ки бадном кардани Фирӯза аз тарафи кӣ сурат гирифтааст ва ҳадаф аз он чи буд. 
 Ба гуфтаи сардабири “Адабиёти ҷаҳон” Аҳмадҷон Мелибоев дар даҳсолаи охир дар жанрҳои очерк ва фелйетон хеле кам мавод ба нашр мерасад. Хусусан, жанри фелйетон тақрибан аз байн рафтааст. Ин ду жанр агар дар нашрияҳо истифода шавад, ҳамон маводу ҳамон нашрия ҳатман мавриди таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари муштариён қарор хоҳад гирифт.
-Ман барои шумо боз доир ба жанре суҳбат карданиам, ки мазмун ва мундариҷаи он барои аксарият хеле шавқовар мебошад. Ин жанри эпистоляр ё “Мактуб дар матбуот” аст,-ба сухани худ идома дод Аҳмадҷон Мелибоев.
Баъд вай аз 320 адад номаи мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба унвони Мир Алишери Навоӣ ёдовар шуд, ки зери он Ҷомӣ “Фақир Абдураҳмони Ҷомӣ” гуфта имзо гузоштааст. Мавсуф ҳамзамон номаҳои ба якдигар фиристодаи байни Амир Темур ва Боязидро шарҳу тавзеҳ намуд. Инчунин баъзе номаҳои  Озод Шарофиддиновро ба ин ё он аҳли қалам матраҳ кард.
Иштирокчиёни медиафроум аз ҳар як рӯзи он ва маърӯзаву мқлоқотҳо баҳра мегирифтанд. Рӯзи охир низ хеле хушу хотирмон ва, хусусан барои журналистони маҳаллӣ хеле ҷолиб ва пурмуҳтаво гузашт. Дар он маърӯза ва баромадҳои докторанти Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавӣ Соҳиба Муллоева, устоди ин донишгоҳ Карим Баҳриев, корманди шабакаи телевизионии “Садои Амрико” Навбаҳор Имомова, сармуҳаррири нашрияи интернетии “Ӯзбекҳои дунё” Исмат Хушев ва дигарон  бо мароқи том шунида шуд. Дар поёни маърӯзаҳо ҳар як маърӯзачӣ ба саволҳои иштирокчиёни медиафроум муфассал посух дод.
-Ман из ширкати ҳамаи шумо хеле сипосгузорам. Ҳар кадоми шумо бо ҳузур ва ширкати худ шукӯҳи медиафорумро боз ҳам баланд бардоштед. Умедворам, ки минбаъд низ доираи ин медиафроум васеътару фарохтар мегардад ва сафи иштирокчиёни он беш аз пеш меафзояд,-гуфт раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов.
Баъд бархе аз иштирокчиёни фаъоли медиафоруми Х-ум бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд. Бо ҳамин ин форум ба кори худ хотима бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Осоишгоҳи Чимён, вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: