«МЕДИҲАД УМРИ АБАД КИЛКИ СУХАНСОЗ МАРО...”

Нобиғаҳои илму адаби мо, дар муқоиса бо бузургони дигар ақвоми дунё, ба маротиб зиёданд.

Миллати тамаддунсози мо ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Камоли Хуҷандӣ,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедили Деҳлавӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Табрезӣ конҳои зиёди маънӣ дорад. Ва ин конҳо пур-пури зари нобанд. Фикр мекунам, миллати кӯҳвор батамкин ва хоксори мо бо  хазинаҳои маънавии хеш, ки ба ғановати маънавии бани башар афзудаанд, ҳар қадар сар ба осмони ифтихор сояд, месазад.
Дар ин навишта мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз хазинаи сухани ноби Соиби Табрезӣ чанд пора зарро дар  нури офтоби назарҳо бозтоб кунем.
Соиби Табрезӣ (1603-1677) , ки ба рушди сабки ҳиндӣ саҳми назаррас гузоштааст, аз он ситораҳои тобноки осмони адаб аст, ки бо гузашти қарнҳо пурнуртар мегардад. Ва, албатта, сабаби ин тобнокию пурнурӣ сухани ҳамешасабз ва мондагори ӯст. Сири мондагории сухани Соиб дар чист? Дар ҷозибаи каломи пуробуранги ӯст, ки аз зиндагӣ маншаъ мегирад. Вақте каломи пуробуранг мегӯем, санъатҳои бадеӣ дар мадди назаранд.
Дар эҷодиёти шоир ғазал ҷойгоҳи хосса дорад. Инҷониб бар онам, ки Соиби Табрезӣ дар муқоиса бо салафонаш ин жанрро заминитар кардааст. Заминитар ба он маънӣ, ки ба ғазал таҷрибаи зиндагӣ ва ҳолату манзараҳоеро, ки  як инсон дар тӯли умр аз сар мегузаронад ё ба мушоҳида гирифтааст,  ворид намудааст.
Дар ин маврид мо ба шарҳи шоҳбайтҳое даст хоҳем зад, ки аҳамияти тарбиявӣ доранд, ба токомули маънавии инсон то ҷое саҳм мегузоранд. Зеро то одаму олам боқист, мушкили тарбияи инсони комил вуҷуд дорад. Доир ба мавзӯи хоксорӣ бисёр шоирон дар қолаби сухани муқаффо изҳори ақида кардаанд. Воқеан, хоксорӣ аз фазилатҳоест, ки ба қимати инсон меафзояд. Шоир дар байти зер аз мушоҳидаҳояш ба воқеият наздик мешавад. Ӯ шояд дар зиндагӣ борҳо ба мушоҳида гирифта бошад, ки дона дар замини нарм зуд реша давонда боло мешавад. Шоир дар зеҳни худ байни ин падидаи маҳсус (он чӣ битавон онро ҳис кард) ва як мафҳуми номаҳсус (эҳсоснашаванда) иртибот барқарор мекунад ва раҳоварди ин ташбеҳ ва ҳамоҳангсозии зеҳниро дар оинаи сухан менамояд.
Дона беҳтар дар замини нарм 
боло мешавад,
Сарфарозӣ бештар, чун хоксорӣ 
бештар.
Ӯ хоксориро ба дона, ки то ба замини нарм (тамсил) наафтад,  сар ба боло намекашад ва  сарфарозиро (комёбӣ) ба қад кашидани он  монанд кардааст. Яъне, гуфтанист, ки сарбаландиҳои инсон мисли дона аз ба хок афтодан (хоксорӣ)-ҳост. Воқеан, дона дар зери хок як муддат аз назарҳо дур мемонад. Вақте ба зери хок буд, танҳо буд, чун сар кашида ҳосил мебандад, мебинед, ки як дона сад дона шудааст.
Инсон ба кӯйи мақсаду муроди худ бо сахтиҳои зиёд мерасад. Шоир ин маъниро бо санъати тамсил ба фаҳми хонанда мерасонад. Байт:
Ба матлаби баланд ба сахтӣ тавон 
расид (номаҳсус),
Дар кӯҳ печутоб хурад роҳ 
бештар (маҳсус).
Шоир дар ин байт низ байни падидаи маҳсус ва номаҳсус иртибот барқарор мекунад. Ӯ барои собит намудани фикри хеш – инсон ба матлаби баланд ба сахтиҳои зиёд мерасад, дар сатри дуюм мисол меоварад, ки “Дар кӯҳ печутоб хурад роҳ бештар”. 
Қаноату серчашмӣ низ ба қимати инсон меафзояд. Доир ба ин мавзӯъ, ки аз ҳадиси паёмбар маншаъ мегирад, шоирон бисёр гуфтаанд. Соиб бо шеваи худ ба ин мавзӯъ қаробат ҷустааст. Байт:
Неъмате чун серчашмӣ нест дар 
хони вуҷуд,
Бениёз аз баҳр дорад оби ин 
гавҳар маро.
Мани шоир дар ин байт дар дасторхони ҳастӣ ба ҷуз серчашмӣ (қаноат) чизе надорад. Оби ин гавҳар, ки қатрае беш нест, ӯро аз баҳр (неъмати бисёр) бениёз гардондааст.
Дар дигар ҷо ба ҳамин маънӣ:
Рӯзии моро зи хони серчашмӣ 
додаанд,
Бениёз аз нозу неъматҳои 
алвонем мо. 
Яъне, ба мо аз дасторхони серчашмӣ (қаноат) ризқу рӯзӣ додаанд. Ин аст, ки мо ба нозу неъматҳои гуногун ниёз надорем. Дар боло қайд кардем, ки Соиб ғазалро заминитар кард, ба он таҷрибаи рӯзгорро ворид намуд.
Шояд ӯ низ дар тӯли умр таҷриба карда бошад, ки душманро бо дуруштию сахтӣ наметавон ба роҳи рост даровард, ба вай адаб омӯхт. Байт:
Ба ҳамворӣ адаб кун хасми 
саркашро, ки хокистар
Ба нармӣ зердасти хеш 
мегардонад оташро.
Ба ҳамворӣ адаб кун хасми саркашро (номаҳсус), зеро (тамсил) хокистар ба нармӣ оташро зердасти худ мегардонад. Оташ (душман) ҳама ҷоро месӯзад, вале хокистари нарм ба мулоиматӣ оқибат оташро фурӯ мебарад, зердасти худ мегардонад.
Одами ғами дунёро чашида ва сардиҳои онро пушти сар гузошта аз мурдан намеандешад. Вай мисли мазрааи (киштзор) сӯхта мебошад, ки аз барқ бим надорад. Соиб ин маъниро бо мисол овардан аз ҳодисаи табиат, яъне санъати тамсил: “Нест аз барқ хатар мазрааи сӯхтаро” ба фаҳми хонандааш расондааст. Байт:
Ғами мурдан набувад ҷони 
ғамандӯхтаро,
Нест аз барқ хатар мазрааи 
сӯхтаро.
Ҷаҳонбинии шоирони жарфандеш гоҳо умумияте дорад. Наздик ба ин гуфта Умари Хайём низ рубоие гуфтааст:
Онро, ки вуқуф аст бар 
асрори ҷаҳон,
Шодиву ғаму ранҷ бар 
ӯ шуд яксон.
Чун неку бади ҷаҳон 
ба сар хоҳад шуд,
Хоҳӣ ҳама дард 
бошу хоҳӣ дармон.
Бино ба устураи форсинажодон Хизр симоест, ки умри абад дорад, ангушти калони дасти росташ беустухон аст. Ҳар кӣ Хизр (а.с.)-ро шиносад ва аз ӯ ҳар чӣ талабад, хоҳишаш пиёда мегардад.  Соиб дар як байташ бо истифода аз санъати талмеҳ фармудааст:
Сари ҳамсуҳбатии Хизр надорам, 
Соиб,
Медиҳад умри абад килки 
сухансоз маро.
Яъне, Соибо, ман дар сар фикри ҳамсуҳбат шудан бо Хизр ва аз ӯ чизе (умри абад) дархост намуданро надорам. Зеро килки (қалам) сухансозам ба ман умри абад мебахшад.
Воқеан, ин пешгӯйии шоир беасос нест, килки сухансозаш ба ӯ умри абад бахшидааст. 
А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: