Ҳаёт Неъмати САМАРҚАНДӢ
Ҳаёт Неъмати САМАРҚАНДӢ
МЕДУРАХШАД
Самарқандам дигаргун медурахшад,
Зи барқи лаҳза гардун медурахшад,
Саробаш бин, ки ҳомун медурахшад.
Чароғон ин ҷаҳон чун рӯзи ид аст,
Дарун вайрону берун медурахшад.
Ҳама қориву муллову парихон,
Фасона рафту афсун медурахшад.
Ба қассоб иди Қурбон рӯзи сол аст,
Дили қассоб аз хун медурахшад.
Зи шамъи ишқи худ ақлаш бисӯзад,
Дили девона мафтун медурахшад.
Бад он чашми хирад бингар ҷаҳонро,
Ки рафта торик акнун медурахшад.
Намедонӣ, ки чун буду чунин шуд,
Машав ҳайрон, ки бечун медурахшад.
Ҳаме дарёи Сир сираш ниҳон аст,
Чӣ асроре, ки Сайҳун медурахшад.
Зарафшон рӯди пок, обаш даво шуд,
Ҳаме хушкиду Ҷайҳун медурахшад.
Ҳаёт, уммеди ман, ояд чу рӯзе,
Самарқандам дигаргун медурахшад.
Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА
ҒАЗАЛ
Мо зарра-зарра ҳаме беватан шудем,
Аз худ гурехтем, ба худ чоҳкан шудем.
Имрӯз чашму мижа ба ҳам ҷанг мекунад,
Шогирди бовафои он зоғу заған шудем.
Миллат бимонд як тараф миллатгаро ҳама,
Мо ронда аз минбару аз анҷуман шудем.
Сарҳои мо, ки лоиқи дори баланд буд,
Он дорҳо шикаставу банди расан шудем.
Бар худ наёмадему ба худ санг мезанем,
Чун пойбанди силсилаи мову ман шудем.
Бифрӯхтем масҷиду ҳам гӯру хонақоҳ,
Дар охират бингаред зори кафан шудем.
Ин дам Асад, ту наъра зан бар гӯши халқи худ,
Бедор то шавад, ки мо соҳибватан шудем.
Дилшоди ФАРҲОДЗОД
ИМДОДЕ
Дар ин мурдоба мемирам, ало, эй дӯст,
имдоде,
Нафасгирам, нафасгирам, ало, эй дӯст,
имдоде.
Ду дастамро чӣ мекорам дар ин боғоти
бебаргӣ,
Чу боре барнамегирам, ало, эй дӯст, имдоде.
Ба ҷонам офтобӣ шӯъла мепошӣ, намедонам,
Чаро ман дарнамегирам, ало, эй дӯст,
имдоде.
Мураккаб бозӣ месозанд, ҳазорон нақш
мебозанд,
Ба ранги сода мемирам, ало, эй дӯст, имдоде.
Мураккаб бозӣ месозанд, ба бурди хеш
менозанд,
Мани бечора даргирам, ало, эй дӯст, имдоде.
Агар як суфтагар н-ояд, дар ин гаҳвораи
гавҳар
Зи ғаш зангор мегирам, ало, эй дӯст, имдоде!
На панди Мавлавию Ҳофизу Саъдӣ ба кор оянд,
На сеҳри чеҳри меҳру шеър, ало, эй дӯст,
имдоде.
Даруни дидаам хушкида обу дар ҷигар хуноб,
Ва шеъри ноб...
Мемирам...
Ало, эй дӯст, имдоде!
* * *
Ҳеч вақтам нест,
Ба шодбоши зодрӯзи хештан биравам,
Ба пойи модарам нисор кунам.
Ҳазорбарги вуҷудамро
Ба модарам, ки оҳ, натвонист
Маро дубора таваллуд бикунад.
Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ
ҒАЗАЛ
То ба кай, эй чарх, пушти шиша монад
ҷони мо,
Косаи тоқат шикаст андар сари ҳайрони мо,
Чарх зад ақлу вале дигар нашуд мазмуни рӯҳ,
Мазмуни умр аст бемазмунии даврони мо.
Аз парешонии фикри худ парешонем боз,
Вақт ҷӯяд ҳар нафас андешаи сомони мо.
Ку ҳиҷобат, ҳастии мо сӯхт аз тоби назар,
Заъфаронрез аст акнун чеҳраи тобони мо.
Ақломӯзии мо бар ҳукми дил маҳкум намуд,
Рӯҳ ҳам бигзашт баҳри ишқ аз фармони мо.
Ин ҷаҳони бекаронро ҷустуҷӯ кардем бас,
Умри мо поён биёфт аз майли бепоёни мо.
Манфиат аз эҳтиёҷи ишқварзӣ шуд баланд,
Ишқ ҳам рағбат накард аз дарду ҳам
дармони мо.
Як назар сӯйи таманнои ситораормон,
То хаёли ишқомӯзӣ бишуд унвони мо.