Вазорати адлия лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»- ро барои муҳокимаи умум пешниҳод кард.
Вазорати адлия лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»- ро барои муҳокимаи умум пешниҳод кард.
Дар қонун механизмҳои тасдиқи нотариалии қарздиҳӣ бо асъори хориҷӣ байни шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Қаблан тибқи қонуни амалкунанда бастани шартномаҳо оид ба қарздиҳӣ ва баргардонидан ба асъори хориҷӣ иҷозат дода намешуд, ки имкони додани қарзи шаҳрвандонро бо асъори хориҷӣ маҳдуд мекард.
Аммо дар амал ҳолатҳои бо асъори хориҷӣ бастани шартномаҳои қарзӣ аз ҷониби шаҳрвандон бисёр ба қайд гирифта шуда, бинобар маҳдудиятҳои мазкур ҳангоми ба таври хаттӣ бастани шартномаи қарз ва пайдо шудани низоҳо, дар ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба монеаҳо оварда мерасонд.
Бо мақсади бартараф кардани мушкилоте, ки миёни шаҳрвандон дар ин масъала ба миён меоянд, бо фармони Президент ин маҳдудиятҳо аз байн бардошта шуда, ба шахсони ҷисмонӣ имкони бо роҳи нотариалӣ тасдиқ кардани шартномаҳои қарз бо асъори хориҷӣ ба қарз ва пардохт рухсат дода шуд.
Аз тарафи Вазорати адлия бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои дар ин фармон пешбинищуда ва ҳифзу ҳуқуқи шаҳрвандон дар додани қарз бо асъори хориҷӣ лоиҳаи қонун тартиб дода шуд.
Мувофиқи лоиҳа дар Кодекси шаҳрвандӣ қоидаи нав ҷорӣ карда мешавад, ки шартномаи қарзи байни шаҳрвандон, агар маблағи қарз аз маблағи асосӣ даҳ баробар зиёд бошад, бояд дар шакли оддии хаттӣ ва ҳангоми бо асъори хориҷӣ муқаррар намудани қарз бояд хаттӣ ва нотариалӣ тасдиқ карда шавад.
Ба Қонун «Дар бораи ба тартиб андохтани асъор» меъёрҳо оид ба додани қарз ва баргардондани он бинобар шартномаҳои хатти вомии нотариалӣ тасдиқшуда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиб дода шудааст, байни шахсони ҷисмонӣ резидент ва ғайрирезидент ворид карда мешавад.
Дар Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» ду баробар кам кардани андозаи боҷи давлатӣ барои тасдиқи шартномаи қарз ва тартиб додани варақаи иҷро аз тарафи нотариус оид ба иҷрои ӯҳдадорие, ки аз шартномаи қарз бармеояд, пешбинӣ шудааст.
Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур шахсони ҷисмонӣ метавонанд, дороиҳои асъори худро озодона тасарруф кунанд, алалхусус худро оид ба қарз додан бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи пурраи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дар мавриди баҳс дар суд, инчунин ба инкишофи муносибатҳои шартномавӣ дар қарздиҳӣ ва қарзгирӣ мусоидат намуда, дар ин бобат ба бастани созишномаҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳад.
Дар баробари ин, нотариусҳо ба шаҳрвандон ҳангоми тасдиқи шартномаҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ кӯмаки зарурии ҳуқуқӣ расонида, кам кардани боҷи давлатӣ барои тасдиқи нотариус боиси кам шудани миқдори низоҳо дар судҳо гардида, ба сарбории кори онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.