МЕХАНИЗМҲОИ МУАЙЯН КАРДАНИ РОҲҲОИ ГУНОГУНИ ТАРТИБИ ВАҚТИ КОР ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАНД

Дар ҳамаи марҳилаҳои тараққиёт асоси ҳаёти инсон истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва хидматрасонӣ мебошад.

 Қувваи корӣ муҳимтарин захираи иқтисодиест, ки дар истеҳсолот ва хидматрасонӣ истифода мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб ташкили дурусти муносибатҳои меҳнатӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии хар як ҷамъият аҳамияти калон дорад. 
Хусусан, барои Ӯзбекистон, ки 19,2 миллион нафар захираи меҳнатӣ ва 15,1 млн. нафар аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дорад, зарурати қабули қонуни бевосита амалкунанда, ки ба талаботи иқтисоди бозор ва тамоюлҳои бозори меҳнати замонавӣ ҷавобгӯ мебошад, мавҷуд буд. 28 октябри соли равон Президент «Қонун дар бораи тасдиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро имзо кард. 
Таъмини мувозинати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва давлат, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин фароҳам овардани шароити бехатари меҳнати кормандон, ҳимоя аз бекорӣ вазифаи асосии ин кодекс дониста мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар кодекс ба муроҷиату эътирозҳое, ки аз ҷониби аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва намояндагӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ирсол мешаванд, ҳалли аниқ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, масъулияти корфармо барои дар вақташ надодани музди меҳнат (ба андозаи 10 фоизи меъёри азнавмолиякунӣ барои ҳар як рӯзи кашолёфта) пешбинӣ шудааст, асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бинобар ба синни нафақа баромадани корманд хориҷ карда, андозаи дифференсиатсияшудаи нафақаи аз кор холикунӣ вобаста ба собиқаи кор муайян карда шуд. 
Ғайр аз ин, дар рафти дида баромадани низоъҳои меҳнатӣ механизмҳои назорати ҷамъиятӣ инъикос ёфтанд. Ҳолатҳои дар комиссияҳо ё дар суд ҳал намудани низоъҳои меҳнати индивидуалӣ зикр ёфта, ба миёнарав фиристодани низоъҳои меҳнатии индивидуалӣ ҷорӣ шуда, низоми арбитражи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад. Имкониятҳои ҳалли муқобили низоъҳо васеъ карда, ҳаҷми кор дар суд кам карда мешавад. Кори тоифаҳои алоҳидаи коркунон ба таври қонунӣ ба тартиб андохта хоҳад шуд.
Инчунин, аз ҷониби корфармо механизми муайян кардани варианти гуногуни вақти корӣ (кори сменавӣ, тартиби кори мутобиқшавӣ, ба қисмҳо тақсим кардани рӯзи корӣ ва ғайра) ҷорӣ карда мешавад.                                   
Сода гардонидани қонунгузории меҳнат дар микрофирмаҳо, ба таври назаррас васеъ намудани заминаҳои бастани шартномаи меҳнатии мӯҳлатнок барои корфармоён, аз ҷониби корфармо гузаронидани тафтишоти хидматӣ ва тартиби аз кор озод намудан ба корфармоён ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти онҳо қулайиҳои иловагӣ фароҳам меорад. 
Аз ҳама муҳимаш, кодекси навшуда камбудӣ ва зиддиятҳоро дар танзими ҳуқуқи меҳнатӣ бартараф мекунад. Дар баробари ин имкони таъмин кардани ҳифзи иҷтимоии 1 миллион коргарони мавсимӣ фароҳам оварда мешавад. 
Боз як масъалаи мухим, кодекс инчунин, аз он ҷиҳат аҳамияти калон дорад, ки дар он меъёрҳо, аз қабили шуғл, муносибати меҳнати индивидуалӣ, тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, хусусиятҳои ба тартиб андохтани меҳнати категорияи алоҳидаи кормандон, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии кормандон, баррасии низои меҳнатӣ дохил карда шудаанд.
Хулоса, кодексе, ки барои пешрафти мамлакатамон аҳамияти калон дорад, қабул карда шуд. Агар мо мазмун ва мундариҷа, дигаргуниҳои ба он воридшударо дар байни корфармоён ва аҳолӣ васеъ тарғиб намоем, ба мақсад мувофиқ аст.

Нодир ТИЛАВОЛДИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: