МЕХОҲАМ ҚИССА КУНАМ...

Шахс хоҳ сарватманд бошаду хоҳ мискин, хоҳу нохоҳ ин дунёро рӯзе тарк мекунад ва ҷисми ӯ дар «Водии хомӯшон» маскан мегирад.

Омадану рафтани инсон ба ин дунёи фонӣ ҳолати табиӣ аст.
Онон, ки куҳан 
буванду онон, 
ки наванд,
Ҳар як пайи якдигар 
якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба 
кас намонад ҷовид, 
Рафтанду равему боз 
оянду раванд,–
гуфтааст Ҳаким Умари Хайём.
Шахс хоҳ сарватманд бошаду хоҳ мискин, хоҳу нохоҳ ин дунёро рӯзе тарк мекунад ва ҷисми ӯ дар «Водии хомӯшон» маскан мегирад. Аммо аз дунё рафтани шахси ба дил наздик, донишманд ва аҳли зиё барои наздикону атрофиён сангину вазнин аст. 
Намирад, гар 
бимирад некноме, 
Ки дар хайлаш бувад 
қоиммақоме.
Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои бароям дарднок ва ҳассос аз ҳаёти бобоям бо қаламу коғаз қисса кунам.
Дар ин фасле, ки айёми сабзиш, ҳусну зебоӣ, тариву муаттарӣ буда, эҳёгар ҳам ҳаст, бобоям ин дунёро падруд гуфтанд. Он лаҳзаҳо аз пеши назарам дур намешавад. Мардуми деҳа, хешу пайвандон дар намози ҷаноза ҷамъ омаданд. Аз осмон борони раҳмат мерехт. Маҳин ва мулоим. Ин донаҳои марвориди борон гӯё ашки самову замин ва табиат буд, ки дар фироқи бандаи накӯном мерехт. Вақте ки тобути бобоямро бароварданд, офтоб низ пардаи абрҳоро дур сохта ҷамоли худро намоиш дод. 
Бобоям Давлатбой Хидиров марди хоксор, самимиву заминӣ, омӯзгоре буд, ки умри азизи худро сарфи таълиму тарбияи фарзандони халқ кардааст.
Саъдиё, шахси накӯном 
намирад ҳаргиз, 
Мурда он аст, ки номаш 
ба накӯӣ набаранд.
Ӯ 10-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё дар оилаи аҳли зиё ба дунё омадааст. Қиблагоҳашон Мулло Абдухидир хатмкардаи мадрасаи Мири араби Бухоро буда, дар қалби ҷигарбандашон шӯълаи илму маърифат ва дину шариатро фурӯзон кардаанд. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ меҳри илму дониш бобоямро ба Душанбешаҳр мекашад. Соли 1963 ба факултаи забону адабиёт ва таърихи Донишкадаи омӯзгории ин шаҳр дохил шуда, онро соли 1967 бо дипломи имтиёзнок хатм мекунад. Дар муддати фарогири таҳсил аз олимони маъруф ва машҳури илму адаби тоҷик, аз ҷумла Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Тилло Пӯлодӣ, Абдунабӣ Эшонҷонов, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Юрий Бобоев, Ҷонон Бобокалонова сабақ гирифта, дониши худро ҳаматарафа такмил додааст. Дар зери роҳбарии олими забоншиноси тоҷик Муҳаммадӣ Исматуллоев мавзӯи илмӣ гирифта, муддате бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб кор кард. Хизмати аскариро дар вилояти Ивано-франковискии Ҷумҳурии Украина адо намуда, бо рутбаи капитани дар захира ба назди пайвандон бармегардад.
Бо тақозои зиндагӣ аз соли 1969 то соли 2012 дар мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи Сариосиё ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Ҳамкасбон ва омӯзгороне, ки дар ин солҳо дар мактабҳои тоҷикии ноҳияҳои Сариосиёву Узун ва Деҳнаву Бойсун кору фаъолият доштанд, Давлатбой Хидировро ҳамчун забоншинос, донишманд ва дар пешаи худ бисёр муваффақ мешинохтанд ва қадр мекарданд. Дар зарфи ин солҳои пурсамар ин марди наҷиб тавонист, ки ба фарзандони халқ таълиму тарбияи дуруст дода, меҳри илму фарҳанг, забону миллат ва мардонагиву меҳанпарастиро дар қалби эшон ҷойгир кунад.
Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ 
солҳои бешумор,
Сабт кун номат ба қалби 
мардумони номдор.
Шогирдони ба камол расондаи бобоям имрӯзҳо дар соҳаҳои мухталифи ватан ва берун аз он кору фаъолияти пурсамар доранд. Адабиётшинос ва мунаққид, ходими илмии Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ – Анзурат Маликзода, номзади илмҳои филологӣ Назира Муҳаммадқулова, шоир ва ҳаҷвнигор – Саидумар Раҳимзода, шоираи хушзавқ – Озода Мусалламова, ҳофизи шинохта – Асадуллои Қаландар ва боз чандин қаламкашону донишмандон шогирдони бобоям мебошанд.
Бобоям ҳамчун падар ва сарвари оила низ рисолати қиблагоҳии худро хуб ба сомон расонид. Ӯ соҳиби 8 фарзанд буд, ки 7 нафарашон соҳибмаълумот гардиданд. 
Бобоям – мо набераҳояшро дӯст медошт. Меҳрубонона «фарзанд дона, набера мағзи дона», мегуфт. Қироати «Қуръон» шуғли писандидааш буд. Хондани ин китоби муқаддасро ба мо набераҳо омӯзонид. 
Боре аз ӯ пурсидам: оё шумо аз ҳаёту зиндагии худ розиед? Гуфт: — Албатта, Худованд ба ман ин қадар фарзанд, зиндагии бофароғат ва обрӯю икром дод, ба инҳо шукрона накардан гуноҳ ва ношукрист. 
Ман шахсан хислатҳои хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳалимӣ, меҳрубонӣ, ростқавлӣ ва ҳақиқатпарастии бобоямро дӯст медоштам. Ба ҳама – мискину фақир ва сағиру кабир бо чашми шафқат менигарист. Дили пурмеҳр ва одоби накӯ дошт. Илоҳо, дар ин моҳи мубораки Рамазон хонаи охираташ аз нури имон обод ва рӯҳаш шод бошад. 
  
Шукуфа ХИДИРОВА,
донишҷӯйи  Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: