МЕМОРАНДУМИ НАВБАТӢ БА ИМЗО РАСИД

Дар хонаи кинои «Ренессанс»-и Тошканд форуми миллӣ бахшида ба ҳамкории ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон ва Озарбайҷон таҳти мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҳамкории муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар таъмини манфиатҳои он» баргузор гардид.

Дар он намояндагон аз палатаи қонунгузорӣ ва сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолони институти ҷамъияти шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии мамлакатамон ва беш аз 20 нафар намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок карданд.

Раиси Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон Камолиддин Эшонхоҷаев ба форум ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву мадании  Ӯзбекистону Озарбойҷон торафт мустаҳкам мегардад. Бори аввал чунин форум соли 2023 дар шаҳри Фузулии Озарбойҷон баргузор гардида, дар доираи он байни Оҷонсии дастгирии давлатии СҒҒ Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ассотсиатсияи миллии СҒҒ-и Ӯзбекистон ва Бунёди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва СҒҒ-и назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

 Дар ҷамъомади навбатӣ масъалаҳои мустаҳкамсозии баробарҳуқуқии гендерӣ ва ҳамкории СҒҒ, инчунин идораҳои давлатӣ дар васеъ гардондани имконият ва  ҳуқуқи занону духтарон, саъю кӯшиши муштараки СҒҒ дар пешгирӣ ва ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, ҳамкории чунин ташкилотҳо ва идораҳои давлатӣ дар ҳифзи ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоии ҷавонон зери муҳокима қарор гирифт.

Дар форум директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов, роҳбари шуъбаи ӯзбекистонии созмони ғайридавлативу ғайриҳукуматии байналхалқии «Мулоқоти минтақавӣ» Петра Горюп,  сарвари шуъбаи Маркази «Стратегияи тараққиёт» Нилуфар Дониёрхуҷаева, раиси ҷамъияти ногироҳои Ӯзбекистон Комил Абдуллоев, раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Хайрулло Сатторов бо маърӯзаҳои худ иштирок карданд.

Дар ниҳояи форум дар байни як гурӯҳ ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон Меморандуми ҳамкории навбатӣ ба имзо расид.

Н. Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: