МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ ИМЗО ГАРДИД

Бо ҳамкории Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Аҳамияти чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ ва корҳои тарғиботии таъсирбахш дар мустаҳкамсозии ҳисси оилаи ягонаи бисёрмиллат дар Ӯзбекистон» «мизи мудаввар» баргузор шуд.

Раиси кумитаи мазкур Р. Қурбонов ва роҳбари Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ А. Қодиров иштирокдорони чорабиниро табрик карда, оиди нақши чорабиниҳои маънавӣ ва корҳои тарғиботӣ дар мустаҳкамсозии осоиштагии байни миллатҳо гуфта гузаштанд.
Дар «мизи мудаввар» маърӯзаи олимон ва мутахассисони соҳа таҳти мавзӯи «Осоиштагии миллатҳо – қисми ҷудонопазири маънавият», «Асосҳои маънавиву маърифатии таъминсозии осоиштагии байнимиллӣ ва дилкушодии динӣ» шунида шуд.
 Дар чорабинӣ Меморандуми ҳамкории Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷ ва Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ оиди ташкил кардани чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ ва корҳои тарғиботӣ бобати барқарорсозии муносибатҳои байнимиллӣ, нигоҳ доштан ва инкишоф додани анъанаву урфу одат, арзишҳои маънавӣ, маданият ва таърихи миллатҳои Ӯзбекистон имзо гардид, ки он дар мустаҳкамсозии ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва арзишҳои инсондӯстӣ дар тафаккури аҳолӣ бахусус, ҷавонон ва иҷрои муфассали талабҳои Фармони сарвари давлат «Дар бораи чорабиниҳои боз ҳам такмил додани муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷ» хидмат мекунад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: