МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ ИМЗО ШУД

Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар конфронси байналхалқии «Ӯзбекистон ва Чин: пешомади муштаракона татбиқ намудани ташаббуси «Як мақсад, як роҳ» ба кишвари мо омадааст, аз маркази «Стратегияи рушд» боздид ба амал овард.

Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар конфронси байналхалқии «Ӯзбекистон ва Чин: пешомади муштаракона татбиқ намудани ташаббуси «Як мақсад, як роҳ» ба кишвари мо омадааст, аз маркази «Стратегияи рушд» боздид ба амал овард.
Директори иҷрогари марказ А. Бурҳонов қайд намуд, ки дар ҷараёни ислоҳоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар мамлакати мо татбиқ мешаванд, ба ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои инсон, таъмин шудани адолат, пешрафти сифатии мамлакат эътибори махсус дода мешавад. Дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 барои минбаъд тезондани пешрафти мамлакати мо самтҳои бартаринок муайян шудаанд.
Бобати татбиқ сохтани вазифаҳои пешгузошташуда маркази «Стратегияи рушд» низ корҳои муайянеро амалӣ менамояд. Дар ин бобат омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешқадами хориҷӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар мулоқот оид ба фаъолияти марказ, тартиби кори он маълумоти муфассал дода шуд.
Котиби кумитаи ҳизбии Академияи улуми ҷамъиятии Шанхай Юй Синхуэ ба фаъолияти марказ, ки дар рӯҳи замонавӣ таъсис ёфтааст, баҳои баланд дод. Бинобар ба роҳ мондани робитаҳо бо Академияи улуми ҷамъиятии Шанхай, аз ҷумла бобати тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар доираи чорабинӣ меморандуми ҳамкории байни маркази «Стратегияи рушд» ва Академияи улуми ҷамъиятии Шанхай ба имзо расид.

Г. САТТОРОВА, 
хабарнигори ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: