МЕЪМОРЕ, КИ ДИЛБАСТАИ ЗЕБОИСТ

Фармон писари калониаш Фарзодҷонро саргарми бо рангҳои гуногун ороиш додани суратҳо дида, корашро чанд лаҳза бо диққат муоина кард.

Писараш кӯшиш менамуд асар зебо, дилкаш ва ҷолиби диққат бошад. 
– Рассом, дар тирамоҳ баргҳои зард мерезанд, на сабз, ана нигоҳ кун, аз дарахти зардолу баргҳо дар кадом ранг аз шохҳо канда мешаванд? – эрод гирифт падар.
Фарзодҷон хатои худро фаҳмида аз паси ислоҳи он шуд. Фармон боз чанд муддат ба фарзандаш маслиҳат доду сипас аз пайи кораш шуд. Табъаш болида гардид, ки ҷигаргӯшааш аз хурдсолӣ ҳунари падар меомӯзад. Воқеан ӯ ҳам айёми мактабхонӣ ба расмкашӣ дил баста буд. Омӯзгори фанни нақшакашӣ Хоҷаева истеъдоди шогирдашро дида, ба ӯ бештар диққат дод, то вориси муносиб тарбия кунад.
Оре, Фармон ба расмкашӣ муҳаббати хосса дошт. Вай бештар ба оғӯши табиат рафта, бо сураткашӣ машғул мешуд. Узви фаъоли маҳфили расмкашии хонаи эҷодиёти ҷавонони ноҳияи Самарқанд гардид ва дар чандин озмун иштирок кард. Аз мусаввирони номдори Самарқанд Нуриддин Камолов, Аслиддин Исоев, Акбар Фозилов, Фарҳод Йӯлдошев ва дигарон асрори расмкаширо омӯхт. Муаллима Хоҷаева бо шогирди соҳибистеъдоди худ меболид. 
Муҳаббат ба ин фан ӯро пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 20-уми ноҳия ба Донишкадаи сохтмону меъмории Самарқанд овард. Дониши кофӣ ва таҳкурсии мустаҳкам, ки дошт, донишҷӯй шуд.
Ӯ аз устодони меҳрубонаш ва адабиётҳои гуногун фаҳмид, ки меъморӣ низ як навъи фаъолияти эҷодӣ буда, ба офаридани асарҳои санъат, яъне иншооти зебо, дилкашу дилнишин, хуштарҳу муҳташам хизмат мекунад. Санъати меъморӣ таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Таърих гувоҳ аст, ки дар Миср, Юнони қадим, Бобулистон иншооти бошукӯҳ бунёд гардидаанд, ки онҳоро, албатта, меъморон офаридаанд. Тақрибан ду-се ҳазор сол пеш дар Самарқанд низ шаҳр пайдо шудааст, ки харобаҳои Афросиёб далели он мебошад. Истилои арабҳо ва ҷорӣ шудани дини ислом дар Осиёи Миёна боиси пайдоиши масҷиду манора ва дигар иншоот гардидаанд, ки баъзеи онҳо то замони мо омада расидаанд. Масалан, маҷмӯаи Шоҳи Зинда, Ҳазрати Хизр ва ғайра. 
Фармон бо ҳамсабақони худ гоҳ-гоҳ ба майдони Регистон омада, аз тамошои ёдгориҳои пуршукӯҳу пурсалаботи таърихии гузаштагонам ба ваҷд меомад, ба ҷаҳонбинӣ ва тафаккуру дониши меъморони онҳо қоил мемонд. Зеро ёдгориҳои таърихӣ шаҳодати дасти эъҷозофарин ва намунаҳои беҳтарини ҳунари волои меъморони Самарқанди бостонӣ мебошанд. Акнун барои меъмори оянда Фармон Қаршиев одат шуда буд, ки бештари вақти холии худро дар назди устодаш Фарҳод Йӯлдошев  гузаронида, истеъдодашро сайқал диҳад. Фарҳодака, ки марди дурандеш, хоксору росткор, дилёбу дарёдил буд, кӯшиш мекард шогирдашро пайваста аз олами мафтункори меъморӣ, санъати волои иншооти зебо, нафис ва ҷолиби диққат хабардор созад. 
Соли 2003-юм Фармон Қаршиев донишкадаро бо дипломи имтиёзнок хатм карду фаъолияти меҳнатиро дар корхонаи хусуси лоиҳакашии “Самтиб” оғоз намуд. Мизоҷони гуногун аз ҳар куҷо омада, кашидани тарҳи иншоотро мефармуданд. Эҷодкорӣ ва навоварии мутахассиси ҷавон Фармон Қаршиев ба муштариён писанд буд супориши сардор рӯз то рӯз меафзуд. Собиқ сармеъмори ноҳияи Самарқанд Фармон Мардонқулов бо чанд кори ӯ шинос шуду ӯро ба назди худ хонд. 
– О, ману шумо ҳамном ва ҳамкор будаем, – гуфт ҳангоми вохӯрӣ Фармон Мардонқулов. – Ба дастам чанд тарҳи шумокашида афтод ва маъқул шуд. Агар розӣ бошед, ҳамроҳ кор кунем. Ба ман мутахассиси баландихтисос зарур. 
Фармон бо падар ва устодон маслиҳат карда, дар ҷойи нав фаъолияташро оғоз намуд. Бо машварату ташаббуси ҳар ду дар асоси анъана ва комёбиҳои шоистаи меъморӣ, дар тамоми ҳудуди ноҳия  биноҳои замонавии истиқоматӣ, мактаб, кӯдакистон, мағоза ва идораҳои маъмурӣ сохта шуданд. Алалхусус солҳои охир дар асоси Барномаи “Маҳаллаи обод” шаҳраки Гулобод, маҳаллаҳои Хоҷа Аҳрори Валӣ, Меҳробод, Илонсой, Ӯрташайх, Равонак, Дашти Сӯхта ва ғайра симои дигар гирифтанд. Яке аз тозатарин меъморие, ки бо лоиҳаи Фармон қад афрохт, идораи бақайдгирии аҳди никоҳ аст. 
Ду сол пеш аз ин Фармон ба идораи меъмории вилоят ба кор гузашту Фармон Қаршиев сармеъмори ноҳия таъин гардид. 
Бояд гуфт, ки мо бо тақозои касб борҳо дар утоқи кории ӯ шуда, шоҳиди ниҳоят серташвиш буданаш гардидаем. Имкони мулоқот кардан набуд. Таҷлили рӯзи бинокорон хушбахтона имконият дод, ки дар бораи фаъолияти пурбаракоти меъмор чизе нависам. Аҷибаш он буд, ки долону қабулхона ва ҳатто утоқи кориаш бо расмҳои чандин бинои қадафрохта ва тарҳи лоиҳаҳои сохтмони оянда ороиш ёфтаанд. Диққати моро мусаввараи зимистони бешазор ба худ ҷалб кард. 
– Ин тасвир кори дипломии ман буд, – аз нигоҳи мо рамуз гирифта, гуфт Фармон Тоҳирович. – Воқеан, ман шайдои табиат ва кӯҳсор ҳастам. Ҳамин ки имконият пайдо шуд, бо оила ба оғӯши дараи хушҳавои Оҳалик раҳсипор мешавем. 
– Корҳои ободонии тӯли солҳои охир анҷомёфта қиёфаи меъмории Самарқанди куҳан, аз он ҷумла ноҳияи моро ба таври ҷиддӣ тағйир доданд, онҳо ба дида нур, ба қалбҳо сурур мебахшанд, – мегӯяд Фармон Қаршиев. – Дар натиҷаи татбиқ шудани барномаи сохтмони манзилҳои шахсӣ, мағозаҳо, мактабу кӯдакистонҳо, истгоҳҳо, хиёбону пиёдагардҳо бино бар лоиҳаҳои намунавӣ деҳоту маҳалҳои аҳолинишинамон хеле зебо, дилкаш ва руҳафзо мегардиданд. Фармони Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ”Дар бораи чораҳои куллан такмил додани фаъолияти Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба меъморӣ ва сохтмон” аз 1 майи соли 2017 дар назди мо, масъулони ин соҳа вазифаҳои азим гузошт. Минбаъд қиёфаи мавзеъҳои аҳолинишин аз ҳисоби бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои замонавӣ дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ куллан тағйир меёбад. Мақсад фароҳам овардани тарзи ҳаёти мусоид ба аҳолӣ, бунёди маҳаллаҳои ободи аҳолинишин мебошад, ки дорои инфрасохтори пешрафтаи истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, муҳандисӣ бошанд... 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: