МЕЪМОРИ САНЪАТИ ТЕАТРИИ ТОҶИК

Ба ифтихори 120-солагии яке аз бунёдгузорони театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов

Ба ифтихори 120-солагии яке аз бунёдгузорони театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов

Дар ҳудуди солҳои 30-юм, вақте ки дар Тоҷикистон барои маърифатнок намудани оммаи халқ, нашри китоб, ҷаридаву маҷалла, ташкили  филмсозӣ ва театри касбӣ, хуллас, дар рӯҳи замони нав ташаккул додани маънавияти ҷомеа мубориза мерафт, эҳтиёҷ ба кадрҳои миллӣ беандоза ҳис мешуд. Баъд аз ҷумҳурии мустақил эълон шудани Тоҷикистон (1929), як қатор кадрҳои тоҷик дар ҳудуди Ӯзбекистон монданд. Дар ҳамин гуна айёми сарнавиштсоз, барои бо кадрҳои даркорӣ таъмин намудани самтҳои маориф ва фарҳанг, Тоҷикистон ба зиёиёни ӯзбекистонӣ муроҷиат намуд. Садҳо одамони касбу корашон гуногун роҳи Сталинобод (ҳозира Душанбе)-ро пеш гирифтанд. Дар қатори онҳо марди зиёӣ, соҳибзавқ ва ҷонфидои санъати театрӣ Ҳомид Маҳмудов (1900-1977) низ буд.
Ҳомид Маҳмудов зодаи Бухоро, фарзанди мансабдори аморат Хоҷа Сайид Маҳмуди таракачӣ буд. Падараш аз инсонҳои бомаърифат ва ҷаҳондида буда, забонҳоро, аз ҷумла русиро хуб медонист. Модараш Назокат ҳам  зани фозила ба шумор мерафт. Дар чунин муҳити маънавӣ Ҳомид ба воя мерасад, аз бачагӣ ба таърих, меъморӣ, адабиёти классикӣ ва тамошоҳои халқӣ, хусусан театри масхарабозҳо шавқ пайдо мекунад. Вақте ки дар Бухоро аввалин дастаҳои драмавии ҳаваскорон ба кор сар карданд, Ҳомид низ ба ин маҳфилҳо ҳамроҳ шуд. Нахустин мактаби дарку эҳсос намудани театрро Ҳомид дар маҳфили ҳаваскорони драмаи назди клуби “Пищевик” гузаштааст.
Бо гузашти вақт дар дили Ҳомиди ҷавон орзуи ба вуҷуд овардани театри ҳақиқӣ маскан гирифт. Аз ин шавқу ҳавас Ҳомид ором намешуд. Қарораш қатъӣ буд – ҳастиашро ба театр хоҳад бахшид. Толеъаш баландӣ кард: ба қатори як гурӯҳ ҷавонони болаёқати ӯзбекистонӣ (Соро Эшонтӯраева, Аброр Ҳидоятов, Маннон Уйғур ва дигарон), ки баъдтар ҳунарпешаву коргардонҳои барҷастаи театр гардиданд, Ҳомидро ҳам  ба студияи театри назди Хонаи маорифи Бухоро, воқеъ дар Маскав, қабул намуданд. Се соли таҳсил дар ин студия ба мисоли лаборатория буд, ки дар он ҳар як талаба мунтазам аз санҷишҳои эҷодӣ мегузашт. Ҳомид акнун дар оламе зиндагӣ мекард, ки солҳо дар орзуяш буд: дарсҳо аз техникаи бозии актёрӣ ва маҳорати саҳнавӣ, тамошо ва таҳлили спектаклҳое, ки талабагон дар театрҳои машҳури Маскав тамошо мекарданд, вохӯриву суҳбатҳо бо арбобони барҷастаи санъати театр, шиносоӣ бо асарҳои санъати тасвирӣ дар музейҳо... Баъди хатми студия Маҳмудов ба Бухоро бозгашта, муддате дар ҳамон маҳфили драмаи клуби “Пищевик” ба вазифаи роҳбари бадеӣ ва сипас ба ҳайси коргардони театри ба номи Ҳамзаи Тошканд кор кард. 
Соли 1929 дар қисмати Ҳомид Маҳмудов таҳаввулоте рух дод, ки ҳеҷ интизораш набуд. Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон барои роҳбарӣ намудан ба театри навтаъсиси драмавии тоҷик ӯро ба Сталинобод даъват намуд. Маҳмудов даъватро қабул кард. Дар Сталинобод ӯ  акнун дар се вазифа намоён мешуд: муассис, нахустин директор ва саркоргардони театр буд. Бунёди театр аз сифр сар мешуд ва табиист, ки ташвишҳо низ бисёр буданд: театр бино надошт, барои гузаронидани машқҳо ва истиқомати кормандоне, ки ба кор даъват мешуданд, ҷой набуд. Барои ба роҳ мондани фаъолияти ҳам маъмуриву хоҷагӣ ва ҳам эҷодии театр кадрҳо намерасиданд. Маҳмудов тамоми ғайрат ва тавоноии худро ба кор андохт. Хуб медонист, ки душвориҳо паси сар мешаванд ва комгориҳо дар пешанд. Ӯ фидоии театр буд. Беҳуда нест, ки театршиноси маъруф Низом Нурҷонов саъю кӯшиши ба ҷустуҷӯи ҳунарпешаҳо пардохтаи Маҳмудовро “барҳақ қаҳрамонона” шуморидааст.
Дар воқеъ ҳам, Ҳомид Маҳмудов оромиро намедонист. Бо такопӯи бисёри ӯ дар Хонаи деҳқони Сталинобод, ки он ҷо театри навбунёд ҷойгир шуда буд, бо мурури вақт муҳити кору эҷод ба вуҷуд омад. Дар оғози кор дастаи актёрҳо аз як-ду ҳунарпешаи касбӣ ва чанд ҳаваскор иборат бошад ҳам, Маҳмудов бо онҳо кор мекард. Драматургони ҳаваскорро ҳам ба кор андохт. Театр ба намоиши нахустин спектаклҳо тайёр мешуд. 7-уми ноябри соли 1929 дар Хонаи деҳқон пардаи аввалин театри касбии аврупошакли тоҷик кушода шуд, ки асосгузори он  Ҳомид Маҳмудов буд.
Солҳои 1929-1932 Ҳомид Маҳмудов вазифаи вазнинро ба анҷом расонид: бо таку дав ва сафарҳо ба Ӯзбекистон тавонист дастаи актёрии театрро аз ҳисоби ҳунарпешаҳои касбӣ нисбатан мукаммал намояд. Гулчеҳра Бақоева, Адолат Боситова, Файзулло Исматов, Абдураҳмон Саидов аз Бухоро, Абдулҳақ Усмонов, Усмон Мирсалимов, Оқил Зиёев, Муҳаммад Халилов аз Самарқанд, Фатҳулло Умаров ва София Тӯйбоева аз театри ба номи Ҳамзаи Тошканд, Муҳаммадҷон Қосимов аз Риштон (Фарғона) ва дигарон ба театри Сталинобод ба кор қабул шуданд. Минбаъд ҳам ин ҷараён давом кард. Азиза Азимова (театри ба номи Ҳамза), Ҳоҷӣ Аҳмадов, Муин ва Наим Ғиёсовҳо (Самарқанд), Миркарим Саидов ва Аслӣ Бурҳонов  (Бухоро) ба кори театр омаданд.
Дар солҳои фаъолияти коргардониаш дар театри ба номи Лоҳутӣ (1929-1934), Ҳомид Маҳмудов 12 песаи якпарда ва бисёрпардаро ба саҳна гузошт, аз қабили “Бой ва Одина” ва “Зулми охирин”-и Муҳаммадбек Юсуфбеков, “Наврӯз ва Гулчеҳра”-и Акмал Аминзода, “Сангинбой”-и Абдулвоҳид Мунзим, “Ҳаёти нав”-и Тӯйчӣ Самадӣ, “Ғалаба”-и Ғулом Ализода, “Маликаи Турандот”-и Карло Готси ва дигарҳо. Мавзӯъи асосии ин асарҳо муборизаи синфҳо, бунёди ҳаёти нав ва тарбияи маънавии инсони нав буд. Таърихи театри миллии касбии тоҷик аз ҳамин нахустин спектаклҳо оғоз ёфтааст.
Эстетикаи намоишҳое, ки Маҳмудов дар Сталинобод тайёр намуд, аз он чӣ дар Бухоро, дар саҳнаи ҳаваскорон намоиш медод, хеле фарқ мекард. Маҳмудов ду ҷиҳати эҷоди саҳнавиро ба ҳам махлут карда тавонист: яке – он усулҳои пешқадами театри рус, ки ҷавони бухорӣ дар Маскав аз устодонаш омӯхт ва дигаре – ҳамон анъанаҳои зиндаи театри халқӣ, ки дар ниҳоди ӯ аз бачагӣ ҷой гирифта буд. Маҳмудов он чӣ дар саҳнаҳои Маскав диду омӯхт, акнун мехост дар спектаклҳояш ифода намояд. Дар аввал спектаклҳои Маҳмудов театри тарғиботии солҳои 20-умро мемонданд. Коргардон воситаҳои тарғиботии саҳнаро бештар ба мақсади ба дарку эҳсоси тамошогар расонидани ғояҳои замона, хусусан ғояи бархӯрди наву кӯҳна истифода менамуд. Коргардон тадриҷан аз тарғибот ба реализм рӯ овард. Аммо реализми Маҳмудов на урён, на дақиқона натуралистӣ, балки реализме буд, ки нисбати ҳаёт ҳисси романтикии тамошогарро бедор мекард, ба ӯ умеди зиндагӣ мебахшид. Ба ин маънӣ спектакли “Маликаи Турандот” нуқтаи баланди ҷустуҷӯҳои коргардонии Маҳмудов ба шумор мерафт. Дар бадеияти он таъсири ҳам “мазҳакаи ниқобҳо”-и итолиёӣ, ҳам усулҳои нави замонавии коргардони машҳури рус Евгений Вахтангов ва ҳам анъанаҳои халқии бадеии тоҷикон эҳсос мешуд.
Қобилияти ташкиливу эҷодии Ҳомид Маҳмудовро ба назар гирифта, ӯро коргардон ва роҳбари бадеии театри ҳанӯз пурра ташаккулнаёфтаи Хуҷанд (1934) таъин мекунанд. Маҳмудов барои баланд бардоштани тахассуси касбии ҳунарпешагон, ба мисли студияи Маскав, дарсҳо ташкил мекунад ва худ низ дарс медиҳад. Барои тамошои спектаклҳо ва таҷрибаомӯзӣ гурӯҳи ҳунарпешагонро ба Маскав мефиристад. Адибонро ба навиштани песаҳои миллии оригиналӣ тарғиб мекунад. Дере нагузашта песаҳои Мирзо Турсунзода “Ҳукм” ва Раҳим Ҷалил “Саодат”-ро ба саҳна мегузорад. Аз спектаклҳои пешинааш – “Маликаи Турандот”-ро аз нав рӯйи саҳна меорад. Ҳамин тавр, ба туфайли кордониву ҷоннисории Маҳмудов симои эҷодии театр шакл мегирад.
Соли 1935, дар айни камолоти эҷодиаш, ба сари Ҳомид Маҳмудов, магар аз қазову қадар буд, балои ногаҳонӣ меояд: падараш Хоҷа Сайид Маҳмуд ба асари тӯҳмат дучори табъиди сталинӣ мегардад. Дар таъсири ин воқеаи фоҷиавӣ Маҳмудов аз корҳои театр дур карда мешавад. Танҳо садоқат ба касбу кори маҳбубаш ӯро аз яъсу навмедӣ нигоҳ медорад, рӯҳи эҷодкориашро қувват мебахшад. Ҳашт сол дар театрҳои Бухоро ва Қаршӣ бо фаъолияти коргардонӣ банд мешавад. Дар саҳнаҳои ин ду театр аз драматургияи мумтоз – “Табиби зӯракӣ” ва “Хасис”-и Молерро, ки ҳанӯз аз вақтҳои таҳсил дар Маскав ҳарф ба ҳарф медонист ва аз адабиёти анъанавии миллӣ – “Тоҳир ва Зӯҳро”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” спектаклҳо таҳия мекунад.
Соли 1943, бо сабаби суст гардидани фаъолияти эҷодии ҷамоаи театри ба номи Лоҳутӣ, Ҳомид Маҳмудовро аз нав ба театр, ба вазифаи директорӣ даъват мекунанд. Аммо ду соли кор на ба театр ва на ба Маҳмудов суде овард. Илова бар ин, чуноне дар вақти табъиди падараш воқеъ шуда буд, дар атрофи шахсияти Маҳмудов аз нав як муҳити носолиме ба вуҷуд омад. Ин дафъа Маҳмудов театрро тамоман тарк намуд.
Тақдири Ҳомид Маҳмудов пас аз соли 1945 бо ҳунари саҳнавӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Маҳмудов азбаски марди қавиирода буд, аз Душанбе нарафт, зеро Тоҷикистонро ватани худ меҳисобид. Фақат касбу корро дигар кард: ба кори маъмурии Комиссариати халқии кишоварзӣ гузашт, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ғоибона хатм намуд ва ба касби агрономӣ дил баст, дар ин соҳа солҳо кор кард. Аҷаб фалсафаи ҳаётӣ дошт Маҳмудов: ба илми кишоварзӣ ҳам аз назари эҷод менигарист ва дар он  маънои бунёдкориро меҷуст.
Ҳомид Маҳмудов бо ҳамсараш Амина Маҳмудова – ҳар ду инсонҳои бомаърифат ва аз аҳли фазлу ҳунар – чӣ шодмониву чӣ мусибатҳои ҳаётро ба ҳам чашиданд. Амина Маҳмудоваро, то табъиди падарарӯсаш, ҳамчун як шоираи боистеъдод, рӯзноманигор ва аз фаъолони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳсуб медоштанд. 
24 феврал ба рӯзи таваллуди Ҳомид  Маҳмудов 120 сол пур мешавад. Дар ин рӯз мо номи неки ин марди ҳунарвар, муборизи маърифати халқ, аввалин коргардон ва яке асосгузори театри касбии тоҷикро ба ёд меорем ва рӯҳашро шодбош мегӯем. 

Ато АҲРОРОВ,
номзади илмҳои санъатшиносӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: