МЕРОСЕ, КИ САЗОВОРИ ЭЪТИБОРУ ЭЪТИРОФИ ДУНЁ ГАРДИДААСТ

Ислоҳотҳое, ки дар кишварамон амалӣ мегарданд ва дигаргуниҳои куллие, ки дар худ орзуҳои неку наҷиби халқамонро таҷассум намудаанд, реша дар марзи маънавияти ғании халқамон доранд.

Асосҳои маънавиятамонро бошад, аз мероси бебаҳои бобокалонамон, шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ ҷудо тасаввур наметавон кард.
Имрӯзҳо дар сартосари мамлакатамон 578-умин солгарди бобои дунё эътирофнамудаи мо васеъ ҷашн гирифта мешавад. 9-уми феврал дар Боғи миллии ба номи Алишер Навоӣ  ба муносибати зодрӯзи шоири беназир чорабинии мутантан баргузор шуд. Субҳи барвақт канори боғро алоқамандони адабиёт, сенаторон, депутатҳо, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, сохторҳои эҷодию ҷамоатӣ, корпусҳои дипломатие, ки дар мамлакатамон фаъолият доранд, созмонҳои байналхалқӣ, шоиру нависандагон, фидоиёни адабиёт, устодон, донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи васеъ бо ҳузури худ пур карданд. 
Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоири мардумӣ Сироҷиддин Саййид, ходими пешбари илмии маркази тадқиқоти сарватҳои фарҳангии хориҷӣ оиди Ӯзбекистони назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои филологӣ Афтондил Эркинов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти ӯзбек ва фолклори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ Дилнавоз Юсупова ва дигарон таъкид намуданд, омӯзиш ва тарғиби мероси илмию маънавии ғанӣ, нашри манбаъҳои қадимӣ баъди тадқиқи мукаммал ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳли эҷод далели он аст, ки дар кишварамон ба адабиёти миллиамон эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Ин ҷиҳатҳо дар омӯхтани осори Алишер Навоӣ, аз мероси ӯ барои баланд бардоштани сатҳи маънавӣ ва қобилияти зеҳнии насли ҷавон истифода бурдан барин корҳои неку наҷиб намоён мегардад.
Шароити мусоиде, ки дар кишварамон ба аҳли илму адаб фароҳам оварда мешавад, ба рӯйи онҳо пайи дарёфту омӯзиши манбаъҳои нави таърихӣ доир ба зиндагинома ва эҷодиёти Навоӣ барин алломаҳои бузург уфуқҳои навро боз менамояд. 
Воқеан, васеъ ба роҳ монда шудани робитаҳои муфид, дӯстона ва некҳамсоягӣ бо давлатҳои  хориҷӣ дар кишварамон дари имкониятҳоро бобати ҷустуҷӯйи манбаъҳои қадимӣ ва омӯзиши онҳо фарохтар кушод. Ин дар мавриди тадқиқи манбаъ ва дастхатҳои мутааллиқ ба эҷодиёти аллома Алишер Навоӣ, ки дунё эътирофаш кардааст, рӯшантар ба назар мерасад.
Профессор, роҳбари бунёди дастхатҳои осорхонаи Бритониёи Кабир Майкл Ҷеймс Эрдман, сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон  Содиқ Имомӣ қайд намуданд, ки осори аз накӯкориву инсонпарварӣ саршори Алишер Навоӣ тӯли қарнҳо дар мадди назари алоқамандони адабиёт буд, онҳо ба чандин забонҳо такрор тарҷума шуда, то имрӯз мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Иштирокдорон ба маърӯзаҳо доир ба нигоҳдории осори дастнависи бобоямон дар осорхонаи Бритониёи Кабир, зарурати омӯзиши онҳо, рушди ҳамкориҳои маданию гуманитарии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, нақш ва аҳамияти мероси маънавии Абдураҳмони Ҷомию Алишер Навоӣ дар ин ҷанба мароқ зоҳир намуданд. Зеро адолати иҷтимоӣ, гарони одамонро сабук кардан, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барин ғояҳои неке, ки Навоӣ ба онҳо арҷ гузоштааст, имрӯз ба мазмуни ҳаётамон, мақсади умдаи ислоҳотҳо табдил меёбанд.
Донишҷӯёни курси дуюми маркази таълими шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Тирмиз  Асадулло Азизӣ ва Раъно Шерзод аз ғазалҳои Навоӣ намунаҳо қироат намуданд. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоири ҷавон Ҷӯрабек Ҷаҳон шеъри худро, ки «Дар пойи ҳайкали Алишер Навоӣ» ном дошт, ба самъи ҳозирон расонд. Барандаи ҷоизаи «Ниҳол» Шарофиддин Муродов суруди «Гулъузорам»-ро бар ғазали Навоӣ иҷро кард. Сипас дар пойи ҳайкали Навоӣ гулҳо гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ мушовирони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Султонов, А. Абдувахитов иштирок намуданд.
***
Ҳамон рӯз дар хиёбони воқеъ дар кӯчаи Навоӣ, ки он ҷо муҷассамаи Навоӣ қад афрохтааст, бо иштироки мухлисони шеър мушоира баргузор шуд.
Ҷонишини якуми раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо, олими навоишинос Ҳамидулло Болтаев таъкид намуданд, ки эҷодиёти бобои бузургамон сабақи абадии одамигарист.
Доир ба нақши эҷодиёти Навоӣ ба камоли инсон, тарбияи шахси маънавияташ баланд, барои  шоирони бузургсолу ҷавон манбаи илҳом будани мероси бебаҳои ӯ батафсил сухан рафт. Аз ғазалиёти мутафаккир ва эҷодиёти шоирони ҷавон намунаҳо садо доданд.
Ин гуна чорабиниҳо, ҷашнҳои шеъру адабиёт ва маънавият дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон, китобхона, таълимгоҳ, маҳалла ва ташкилоту идораҳо баргузор мешаванд.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: