МЕРОСИ БЕБАҲОИ БОБУР

Ҳанӯз лаҳзаҳои ҳаяҷоновари шабнишинии адабӣ бахшида ба 578-солагии шоири бузурги зуллисонайн Мир Алишери Навоӣ (Фонӣ) фаромӯш нашуда, рӯзи таваллуди дигар як арбоби барҷастаи адабиёту сиёсат – Заҳириддин Муҳаммад Бобур фаро расид.

Дар тадбирҳое, ки дар маърифатгоҳи мо гузаронида мешаванд, падару модарон, дӯстдорону ҳаводорони шеъру адабиёт низ иштирок мекунанд. 
Бобур шахсиятест, ки аз ҳаёт, эҷодиёт ва тарзи зиндагии ӯ метавон сифатҳои хубу наҷиби инсонӣ, аз ҷумла сабру тамкин, устуворӣ, қавииродагӣ дар роҳи мақсад ва  инсофу адолатро омӯхт. Дар шабнишинии адабӣ шоҳ ва шоир дар симоҳои гуногун намоён гардид. 
Ӯ дар саҳна, агар лаҳзае дар сурати шоир ҷилвагар гашта бошад, лаҳзаи дигар чун муаррих ва падари меҳрубон диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
Пас аз намоиши саҳнавӣ, ки онро сарвари ҷавонони мактаб Ҳусейн Ҳамидов омода карда буд, қироати шеъру ғазал, рубоиёт ва порчаҳо аз «Бобурнома» оғоз ёфт.
Дар гузориши намоиши саҳнавӣ ва тайёр кардани шеъру ғазалҳои ӯ Беҳрӯз Бобоев, Нодирбек Бобоқулов, Фирдавс Ҳамроев, Лазиза Аҳмедова, Ихтиёр Соибов ва Зафар Бобоев барин ҳамсабақонамон маҳорату истеъдоди хуб нишон дода, манзури ҷамъомадагон шуданд. 
Алҳол мо барои хубу шоиста пешвоз гирифтани рӯзи занону духтарон, зодрӯзи шоира Зулфия, иди Наврӯз ва рӯзи мавлуди устод Садриддин Айнӣ тайёрӣ дида истодаем.

Дилшода САРВАРОВА, хонандаи синфи даҳуми мактаби рақами 25-уми, 
ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: