МЕРОСИ БОБОВУ МОМО ДАР МУЗЕЙ

Зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон яке аз зиёратгоҳҳои ҳафт пири тариқат мебошад, ки дар ноҳияи Шофиркон ҷой гирифтааст.

Зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон яке аз зиёратгоҳҳои ҳафт пири тариқат мебошад, ки дар ноҳияи Шофиркон ҷой гирифтааст. Ба ҳеч кас сир нест, ки аз давраҳои истиқлолият зиёратгоҳҳо ва умуман, обидаҳои таърихии кишварамон аз тармим бароварда шуда, имрӯз қариб ҳамаи онҳо ба намуди аслиашон баргардонда шуданд. Зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ин таърихи мо, ин таърихи миллати мо мебошад. Имрӯзҳо барои зиёрати ҳафт пири тариқат аз тамоми гӯшаи натанҳо диёрамон, балки аз давлатҳои дуру наздики хориҷ ба зиёрат меоянд. Баробари дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ сайёҳӣ низ дар кишвари мо ривоҷ ёфта истодааст. Баробари хориҷиён сайёҳони маҳаллӣ низ барои зиёрат меоянд. Имрӯзҳо  ин ҷо хеле серодам.  
– Мо аз водӣ ба Бухоро барои зиёрати ҳафт пири тариқат омадем. Дар бораи ин зиёратгоҳҳо аз одамон шунида будем, дар орзуи ин рӯзҳо имрӯз ба Бухоро омадан насиб гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки бисёр як шаҳри зебо, таърихӣ, аз обидаҳо бой. Шаҳри обод ҳам. То ин дараҷа зебо будани Бухороро тасаввур ҳам накарда будам. Ин зиёратгоҳ таърихи бое доштааст ва он музей, ки дар ин ҷо ташкил ёфтааст, таърихи онро бойтар месозад. Чунки дар ин музей бо зисту зиндагонии ин ноҳия аз наздик ошно гардидем. Бисёр ашёҳои қадимаи рӯзгор, ҳаёти мардуми Шофиркон дар он муҷассам гардидааст, – мегӯяд меҳмон аз Андиҷон Муҳаммадамин Нурматов.  
Музей як сол ин ҷониб бо ёрии сокинони ноҳия, алалхусус Рашид Сафаров ташкил гардидааст. Дар ин музей мо ашёҳои қадимаи рӯзгорро мебинем, ки аз  хонаҳои сокинони ноҳия дарёфт гардидаанд ва онҳо ҳамчун экспонат дар ин ҷо гузошта шудааст. Аз ҷумла кӯзаву коса, лагану тағора, дуконҳои матоъбофию олатҳои қадимаи шудгоркунӣ.  Албатта, дар ин ҷо, ҳар як чизе, ки гузошта шудааст, таърихи ба худ хос дорад. Ҳар яки он ба асри худ мансуб. Масалан, китобҳое, ки мебинем, қадимӣ буда, таърихи чандинасрӣ дорад ва ин онҳо китобҳои динӣ мебошанд, ки бо ҳарфҳои зебои арабӣ навишта шудаанд.
– Ман дер боз дар орзуи ташкил намудани ягон музей будам. Бинед, ки ба орзуям расидам. Ин чизҳоро ман чандин сол аз хонадонҳои одамон дарёфт кардам ва бисёрии он аз бобову момокалонҳоям ба ман мерос мондааст, то ки як музей ташкил кунаму онҳоро ба тамошо гузораму меҳмононе, ки ба ноҳияи мо меоянд бо таърихи мо аз наздик ошно гарданд. Масалан, маҳсиҳое, ки дар ин ҷо гузошта шудааст, на танҳо маҳсулоти қадима, балки ҳунармандии мардуми моро нишон медиҳад. Ашёи ин маҳсиҳоро дар қишлоқ чармгарони мо тайёр мекарданд. Аҳолии он аз қассобон пӯстро харид карда, чарм тайёр мекарданд ва дар қишлоқи косибон аз он  маҳсиҳо духта мешуд, – мегӯяд Рашид Сафаров. 
Ҳар як  қишлоқ аз қадим номи ба худ хоси худро дошт, масалан, қишлоқи Дегрезӣ, ё ин ки Гаҳворасозон, Гулбурон, Зардӯзон ва ҳоказо. Чунки аҳолии ин қишлоқҳо бо ҳунарҳои худ машғул будаанд. Ва ин намуди ҳунарро ривоҷ дода, то ба имрӯз расондаанд. Албатта, авлодҳои ҳафтум-ҳаштуми ҳунармандони диёри мо ҳунарҳои аҷдодиро то имрӯз ривоҷ дода, аз паси он ба муроди худ расидаанд. Бо ҳунарҳои қадимаи мо на танҳо дар кишварамон, балки берун аз он ҳам хеле одамон хуб ошно мебошанд. Мисолан, ҳунари кулолгарӣ, зардӯзӣ, патдӯзӣ, оҳангарӣ ва ғайра. 
– Дар ин музей ғайр аз ашёи рӯзгор, сиккаву пулҳои пас аз солҳои 1902 то имрӯз гузошта шудаанд, ҳатто  он сангҳо, яъне, хиштҳое, ки аз давраи Сомониён мавҷуд буданд, дар ин ҷо ҳастанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сохтмон дар ҳамон давр ҳам дар Бухоро хеле таррақӣ ёфтааст. Намудҳои гуногуни ашёи рӯзгор аз қабили лагану косаву табақи лойин, бинед, ки дар аввал қабати болоии ашёҳои лойин рангин набудааст, рангдиҳӣ сипас пайдо шудааст. Матоъи пахтагинро дар ин ҷо мебинем, ки бо чархи ресандагӣ риштаи пахтаги бофта шудааст. Ин ҳам аз ҳамон даврҳо мебошад,– суханашро идома медиҳад Р. Сафаров. 
– Дар ҳақиқат, дар ин музей ҳамаи чизи рӯзгор мавҷуд мебошад. Агар сухан дар бораи либосҳои қадимаи мардумӣ равад, онҳо дар ин ҷо ҳастанд. Либосҳои бобову бибикалонҳоямонро, ки дар давраи қадим чӣ тавр мепӯшиданд, дидан мумкин аст, ҳамон куртаҳои гулдӯзӣ, рӯймолҳои заргаронӣ, ҷелакҳои мардона, кафши пой ва ғайра.  
Рашид Сафаров на танҳо ба ашёҳои қадима, балки ба парвариши растанӣ ҳам  шавқи зиёд дорад. Ӯ дар замини начандон калони наздиҳавлиаш чандин намуди дарахтони манзаравӣ ва меванокро парвариш намудааст, ки имрӯз онҳо қад рост карда, сабзу хуррам гаштаанд. 
– Дар замини назди ҳавлиам 8 намуди дарахти гелос, 7 намуди нок, дарахтони манзаравӣ, ба монанди сакри ҷопон, малина, смородина, гулҳои рангоранг, ҳамчунин растаниҳоеро, ки қариб гум шуда рафта истодаанд, ман тухмҳои онҳоро дарёб карда, аз нав парвариш мекунам. Чӣ қадар диёрамон сердарахт бошад, ҳамон қадар ҳаво тоза мегардад. Имрӯзҳо ба дарахтони  бед ҳам аҳамият додан зарур аст. Мо дарахтони бедро кам мебинем, ҳол он ки оксигени зиёд хориҷ мекунад ва чӯби он дар рӯзгор лозим аст.  

Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: