МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ӮЗБЕКИСТОН – ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРОНСА

Аз 22 июн то 1 август дар шаҳри Ганнаи Фаронса ҷашнвораи байналмилалии «Фарҳангҳои ҷаҳон - Gannat 2022» баргузор шуд. Барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳайати Ӯзбекистон ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҳайати Ансамбли давлатии рақси «Баҳор» ба номи Мукаррама Турғунбоева ва ҳунармандони Иттиҳодияи «Ҳунарманд» даъват шуда буданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби шаҳрдории Ганна, Ассотсиатсияи миллии фарҳанги сулҳи «Culturesdu Monde» ва Сафорати Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Фестивали миқёси байналмилалӣ шарики расмии ЮНЕСКО буда, бори 48-ум баргузор мешавад. Дар ҷашнвора гурӯҳҳои рақсу навозандагон аз Гана, Ҳиндустон, Фаронса, Уругвай ва дигар мамлакатҳо низ иштирок доштанд.
Намояндагони Ӯзбекистон дар ҷашнвора низ осори ҳунармандонро пешкаши тамошобинон карданд. Дар баробари ин, дар бораи инкишофи санъати миниатюра, кандакории чӯбу тахта ва гулдӯзии миллӣ конфронс барпо гардид.
Дар доираи ҷашнвора бо ташаббуси сафорати кишвари мо дар Париж «Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон» ташкил карда шуд, ки ба васеъ тарғиб кардани мероси миллӣ ва анъанаҳои халқи ӯзбек дар байни ҷомеаи Фаронса ва таҳкими муҳити дӯстона байни ду кишвар нигаронда шудааст.  
Меҳмонони чорабинӣ чунин шоҳасарҳои санъати халқии ӯзбек, аз қабили сурудҳои классикии «Кашидадӯз», «Лӯхтак», «Мустазод», «Ёр-ёр» ва ғайраро шунида, инчунин рақси миллии хоразмии  «Лазгӣ»-ро бо чашмони худ диданд.
Барои талабагони мактабҳои департаменти Алп-Овер-Рон семинарҳо ташкил гардид. Бачаҳо бо таърихи рақсу мусиқии миллии Ӯзбекистон шинос шуданд. Онҳо пеш аз ҳар баромади ансамбли ӯзбек дар суҳбатҳои интерактивӣ фаъолона иштирок карданд.
Шаҳрдории Ганна ва ноиби президенти департаменти «Allier» Вероник Пузаду ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Фаронса ва Ӯзбекистон табрик гуфта, дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба комёбиҳо таманно намуданд.
Вай иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта, иштироки фаъолонаи ҳайати Ӯзбекистонро дар ҷашнвораи байналмилалии фарҳангии сулҳ ва дӯстӣ махсусан қайд намуда, ба аъзои он барои саҳмашон дар рушду таҳкими робитаҳои дӯстии Ӯзбекистону Фаронса изҳори сипос намуд.
 «Ҷамоаи эҷодии Ӯзбекистан бо барномаи пурмазмун баромад кард, ки анъанаҳои чандинасраи халқи шуморо инъикос менамояд. Шеъру сурудҳо ба забони ӯзбекӣ ба тамошобинони Ганна таассуроти фаромӯшнашаванда гузоштанд. Стенди миллие, ки аз ҷониби ҳунармандони ӯзбек ташкил карда шудаст, маҳсули ҳунари мардумӣ ва санъати амалӣ: кандакориҳои чӯб, миниатюра ва гулдӯзиро ба таври васеъ пешкаши тамошобинон кардааст, таваҷҷуҳи баланди иштирокчиёнро низ ба бор овард», – таъкид дошт ӯ.
Меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвораро инчунин дарсҳо ва сабақҳои маҳорати пухтани палави ӯзбекӣ ҷалб карданд. Таъми лазизи таом ҳозиринро хушҳол ва мафтун кард.
     
АИ «Дунё»,
ПАРИЖ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: