МЕРОСИ МАДАНИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲИ ЮНЕСКО

Ба қарибӣ воқеаи барои маданияти Ӯзбекистон аҳамияташ калон дошта ба амал омад.

Ба қарибӣ воқеаи барои маданияти Ӯзбекистон аҳамияташ калон дошта ба амал омад. Сабаб дар он аст, ки 16-уми декабр Кумитаи байниҳукуматии Юнеско оид ба ҳифзи мероси мадании ғайримоддӣ хабар дод, ки санъати бахшигӣ ба феҳрасти репрезентативии мероси мадании Башарият дохил шудааст. Ин хушхабар тамоми ҳамватанони моро, ки ба маданияту санъату кишварамон бефарқ нестанд, шод кард. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба намояндагон ва ҳаводорони санъати бахшигӣ табрикот ирсол намуд.
Ин, албатта, аз эҳтиром ва таваҷҷӯҳи баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санъати бахшигӣ гувоҳӣ медиҳад. Бояд қайд кард, ки дар марҳилаи нави рушди кишварамон ба шарофати ҷидду ҷаҳди сарвари давлат дар соҳаи маданияту санъат, сиёсати одилонае, ки барои рушди ин соҳа пеш гирифта шудааст, санъати бахшигӣ – мероси мусиқии ӯзбек ба марҳилаи нави тараққиёт баромад. Фармон ва қарорҳои Президент дар солҳои охир ба рушди соҳа нафаси нав, ҳаёти нав бахшиданд. Аз ҷумла, дар мамлакати мо дар ду сол як маротиба гузарондани фестивали байналхалқии бахшигӣ ба анъана даромадааст. Нахустин фестивали байналхалқӣ, ки моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Термиз ва дуввумин дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Нуқус баргузор гардид, дар доираи мадании минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи зиёд ба вуҷуд овард.
Бо ташаббуси Президентамон ба рушди санъати бахшигӣ имкониятҳои бузург фароҳам оварда, барои таъмини минбаъдаи фаъолияти соҳа тадбирҳо андешида шуданд. Бо ин мақсад дар кишварамон донишкадаи миллии санъати мусиқии ба номи Ю.Раҷабӣ таъсис дода, дар он ҷо тайёр кардани мутахассисони санъати бахшигӣ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз, дар муассисаи таълими олӣ дар бораи роҳҳои бахшигии Хоразм, бахшии халқи Ӯзбекистон Отахон Матёқубов, барандаи медали «Шуҳрат» Расулбек Абдураҳмонов, оиди роҳҳои бахшигии Қароқалпоқ Рашид Уснатов, Зинатдин Нуратдинов, дар бораи роҳи бахшигии Сурхондарё Зафар Ҳайитов барин устодон ба ҷавонон таълим медиҳанд. Дар донишкадаи мазкур барои ба ҷавонон талқин намудани мазмун ва моҳияти ҳунари бостониамон муҳити эҷодӣ ба вуҷуд оварда, имкониятҳои васеъ барои ташрифи устодони санъати бахшигӣ, дарсҳои маҳорат, сӯҳбат ва мунозараҳо бо ҷавонон фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари ин, барои аз худ намудани донишу малакаи мукаммали бахшиёни ҷавон як қатор дигар дарсҳои амалию назарӣ гузаронида мешавад, ки ин ба тафаккур ва ҷаҳонбинии васеътар соҳиб шудани бахшиҳо кӯмак мерасонад.
Дар навбати худ хатмкунандагони ин муассисаи таълими олӣ дар оянда ба мактабҳои ҳудудии мусиқӣ ва санъат роҳхат гирифта, фаъолияти худро ба роҳ монда, дар рушди ин соҳа дар минтақаҳо саҳм мегузоранд. 
Инчунин, дар донишкада дар айни замон рисолаҳои илмии як қатор санъатшинос- тадқиқотчиён оид ба масъалаҳои санъати бахшигӣ тайёр карда мешавад.
Дарҳақиқат, имрӯз ба устодони санъати бахшигӣ диққати калон дода шудааст. Дар мамлакатамон байни зиёда аз 250 нафар намояндагони соҳа, ки фаъолияти босамар мебаранд, қариб 25 нафарашон бо унвони «Бахшии халқии Ӯзбекистон» ва «Бахшии халқии Қароқалпоқистон», 1 нафар бо ордени «Дӯстлик», 11 нафар бо медали «Шуҳрат», 7 нафар мукофоти «Ниҳол», 2 нафар бо медали «Келажак бунёдкори» мукофотонида шудааст.
Мо имкониятҳои навро барои ҳифз, рушд ва тарғиби ин мероси нодири маданӣ, аз ҷумла дастгирии ҳамаҷонибаи бахшиёнамон сафарбар хоҳем кард, – гуфт Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар табрикоти ба намояндагон ва дӯстдорони санъати бахшигӣ фиристодаи худ.
Воқеан, сарвари давлатамон масъалаи гузоштани таҳкурсии Эҳёи Сеюмро ба миён гузошта, пеш аз ҳама, ба шукӯҳи мероси маданиамон ва идомаи анъанаҳои миллии худ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Хулоса, ислоҳоти ин соҳа ба мо имкон медиҳад, ки мероси мадании чандинасраи худро ба ҳифзу ҳимоя гирифта, дар саросари ҷаҳон васеъ паҳн намоем.

Ойдин АБДУЛЛОЕВА,
аъзои кумитаи масъалаҳои фан, таълим, маданият ва варзиши
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: