МЕРОСИ МАДАНИИ ӮЗБЕКИСТОН – ДАР МЕҲВАРИ МАЪРӮЗАҲОИ КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар шаҳри Самарқанд Конгресси VI байналмилалии Ҷамъияти умумиҷаҳонии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – асоси эҳёи нав” ба кори худ шурӯъ намуд.

 Дар он роҳбарони осорхонаву китобхонаҳои маъруфи ҷаҳон ва олимони шинохта аз Австрия, Италия, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Русия, Тоҷикистон, Исроил, Малайзия, Маҷористон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Муғулистон ва кишварҳои дигар бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ширкат мекунанд.
Дар доираи он маросими ифтитоҳи Маркази сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” низ барномарезӣ шудааст, ки  аз ҳодисаҳои нодири солҳои охири Ӯзбекистон муаррифӣ хоҳад шуд.
Дирӯз дар Қасри эҷодии ҷавонони Самарқанд таҳти унвони “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маркази илми замонавӣ” конфронси илмию амалӣ ба вуқӯъ пайваст, ки он низ дар чаҳорчӯби ҳамин конгресс роҳандозӣ гардид.
Дар кори конфронси нахустин раиси Ҷамъияти умумиҷаҳонии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – асоси ренессанси нав” Фирдавс Абдухолиқов, раиси ҳайати таҳририяи лоиҳаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маҷмӯаҳои ҷаҳон» Акмал Саидов, ноиб-президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон Баҳром Абдуҳалимов, инчунин директори генералии Маркази тадқиқотии таърих, санъат ва фарҳанги ислом Маҳмуд Эрол Қилич (Туркия) ва меҳмонони зиёд ширкат намуданд.
Дар байни маърӯзаҳо бахшида ба ҳаёти фарҳангии Ӯзбекистон ва лоиҳаҳои «Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ» видеороликҳо намоиш дода шуд.
Маросими муаррифии китоби ёддоштҳо дар бораи академик, олим, бостоншиноси барҷаста Эдвард Ртвеладзе таҳти унвони “Ба хотираи Эдвард Ртвеладзе” низ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, нашри онро узви Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ, корманди вижаи Осорхонаи Михои Ҷопон Сергей Лаптев ба ҳозирини ин маросим муаррифӣ кардааст, ки дар таълифи он аз наздик ҳамкорӣ намудааст.
– Ин албоми суратҳои рангорангест, ки дар он суратҳои зиёди олим, инчунин очеркҳо дар бораи Ртвеладзе аъзоёни оилаи ӯ, рафиқон, меъморон, пизишкон, ҳуқуқшиносон, ходимони давлатӣ гирдоварӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди муаллифон 40 нафарро ташкил мекунад. Дар китоб ёддоштҳои худи Эдвард Ртвеладзе, инчунин мақолаҳои илмии ӯ дар бораи яке аз бозёфтҳои асосии ҳаёти илмии олим – Александрияи Оксиана низ ҷой дода шудаанд, – мегӯяд Сергей Лаптев.
Ҷои ёдоварист, ки Ртвеладзе олими барҷаста, бостоншинос, пажӯҳишгар ва раиси доимии Шӯрои илмии Ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангии Ӯзбекистон буд. 
Дар конгресс як гурӯҳ олимони тоҷик аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ташриф овардаанд.
– Ҳар як олими тоҷик бо ширкати худ шукӯҳи ин конгрессро хоҳад афзуд. Онҳо доир ба паҳлӯҳои гуногуни мероси фарҳангӣ, омӯзиш ва ҳифзи он, инчунин оиди натиҷаҳои корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин шаҳри бостонӣ маърӯза мекунанд, – мегӯяд устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори улуми филология, профессор Бадриддин Мақсудов. 
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбирони 
“Овози тоҷик”.

Шаҳри САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: