Дар арафаи чорабинии муҳими сиёсие, ки ҳаёти фаровони фардо, рушди устувор ва осоиштагиву хотирҷамъиро кафолат медиҳад, — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорем.
Дар арафаи чорабинии муҳими сиёсие, ки ҳаёти фаровони фардо, рушди устувор ва осоиштагиву хотирҷамъиро кафолат медиҳад, — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорем. Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки дар тӯли панҷ соли охир дар мамлакатамон ба мисли тамоми соҳаҳо дар соҳаи суду ҳуқуқ, хусусан озодгардонии низоми интихобот корҳои васеъмиқёс татбиқ гардиданд. Оид ба интихобкунандагон таҷрибаи ба худ хос офарида шуд. Аз ҳама муҳимаш, қонунгузории миллии интихоботии мо ба зинаи сифатан нав бардошта шуд.
Дар мамлакатамон ҷараёни интихоботи Президент бори аввал дар асоси як ҳуҷҷати мукаммал, яъне Кодекси интихобот, ки 25 июни соли 2019 қабул шудааст, баргузор мегардад.
Таҷрибаи беш аз панҷоҳ давлатҳои мутараққӣ, тадқиқотҳои илмии соҳаи мазкур, тавсияҳои Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА, Ассотсиатсияи мақомоти интихоботии ҷаҳонӣ, комиссияи Венетсия барин созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ба ҳисоб гирифта шуда, Кодекси наве, ки панҷ қонун ва даҳҳо ҳуҷҷатҳои зерқонуниро муттаҳид гардондааст, бо он аҳамиятнок аст, ки ба як мақсад – дар Ӯзбекистони Нав ба таъмини устувории демократия нигаронда шудааст.
Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» низ маъракаи интихобот ва тарғиботи пешазинтихоботиро дар асоси талаботи ин ҳуҷҷати муҳим пеш мебарад. Ҳизб ба интихоботи президентӣ тайёрии ҷиддӣ дид. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба президентӣ таҳия гардид, ки панҷ самти устуворро фаро гирифтааст. Дар барнома ба масъалаҳои таълиму тарбия, ҳифзи объектҳои мероси маданӣ эътибори алоҳида нигаронда шудааст.
Мероси мадании мо, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, сол аз сол сайқал меёбад, бо тамоми ҷозибааш таваҷҷӯҳи халқҳои тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб месозад. Ҳифз намудан, ривоҷ додан, тарғиб кардан, боз ҳам баланд бардоштани ҷойгоҳ ва аҳамияти он дар макони байналмилалии маданӣ вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад. Корҳои дар ин самт амалишуда, ки яке аз мақсадҳои барномавии ҳизбамон маҳсуб меёбад, дар барномаи пешазинтихоботӣ муайян шудааст.
«Консепсияи рушди минбаъдаи маданияти миллӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар мутаносиб ташкил кардани корҳое, ки дар соҳа пеш бурда мешаванд, дастуруламали муҳим мегардад. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур оид ба муайян кардани объектҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ, ба ҳифзи давлат гирифтан, муҳофизат кардан, ба самтҳои сайёҳӣ ворид намудан, дохил кардан ба Рӯйхати мероси мадании умумиҷаҳонии моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО «харитаҳои роҳ» таҳия гардиданд.
Дар ҳудуди мамлакатамон зиёда аз 8 ҳазор объектҳои мероси мадании моддӣ мавҷуд аст. Чор ҳазору 367-тои онҳо ёдгориҳои археологӣ, 2096-тоаш ёдгориҳои меъморӣ ба ҳисоб мераванд. Дар айни ҳол дар асоси «харитаи роҳ» баъзеи онҳо ба Рӯйхати мероси моддию мадании умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Аз ҷумла, Ичанқалъа, қисми таърихии шаҳрҳои Бухоро ва Шаҳрисабз, объектҳои моддии чорроҳаи тамаддунҳо – Самарқанд, муҳити мадании Бойсун, Шашмақом, Катта ашула, Аския – санъати ақлу идрок, Наврӯз, маданият ва урфу одати палавпазӣ, маркази рушди ҳунармандии Марғелон, технологияҳои анъанавии бофтани матоъҳои атлас ва адрас, мероси мадании ғайримоддии лазгии Хоразм ба рӯйхат гирифта шудаанд.
Дар айни ҳол оиди ба руйхати ЮНЕСКО ворид кардани «Қасрҳои саҳро»-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, «Хонбандӣ»-и вилояти Ҷиззах, «Расмҳои рӯисангии Сармишсой»-и вилояти Навоӣ, расмҳои рӯисангии Зараутсойи Сурхондарё, «Тирмизи қадимӣ» пайваста корҳо пеш бурда мешаванд. Оид ба самти «Роҳи абрешим: ҳавзаҳои Фарғона – Сирдарё», Роҳи абрешим: Зарафшон – Қароқум – қисми роҳи бузурги абрешими аз мамлакатамон гузашта низ корҳо идома доранд. Эътибор дода бошед, самтҳои мазкур объектҳои зиёди мероси моддиву мадании ҳудудамонро фаро гирифтааст.
Сухан дар бораи мероси мадании ғайримоддӣ равад, беш аз 60, хусусан иҷрогарии қӯбиз, санъати бахшигӣ, этноспорт, санъати чӯбкорӣ, халифагӣ, санъати ҷанги ӯзбек, мактаби кулолгарии Риштон, «Бозиҳои анъанавии халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон», кашидадӯзии анъанавии Осиёи Марказӣ, «Анъанаҳои рубобсозӣ ва иҷрогарӣ» гуфтан мумкин аст, ки ба эътирофи сатҳи ҷаҳонӣ даъвогарӣ мекунад.
Маълум, ки Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» бо назардошти мақсад ва самтҳои устувори муайяншудаи худ, ба мақсади ҳифзи қиёфаи таърихии шаҳру деҳаҳои қадимии Ӯзбекистон, нигоҳ доштан ва аз нав барқарор намудани ёдгориҳои меъморӣ, зиёратгоҳҳои таърихӣ, ки мероси мадании инсоният буданд, оид ба такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ пайваста корҳо пеш мебарад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки мероси маданиамон дар баробари чеҳраи ба худ хоси миллӣ будан, бобати дар рӯҳи аҷдодон тарбия кардани авлоди ҷавон аҳамияти беназир доранд. Тарғиб кардани сарвати миллиамон нафақат дар рушди сайёҳӣ, балки таъмин кардани қаринии маънавии байнимиллӣ, рушди ҳамкории маданӣ низ омили муттаҳидкунанда ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти вазифаҳои барномавиамон объектҳое, ки метавонанд ба мероси мадании моддӣ ва ғайримоддии умумҷаҳонӣ ва самтҳои сайёҳии ЮНЕСКО ворид шаванд, дар айни ҳол мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар асоси амалиёти мазкур руйхатҳои як қатор объектҳои моддӣ ва ғайримоддии дар ҳудудҳо мавҷуд ташаккул дода шудааст. Пешниҳоди асосиамон бошад, ба таври муносиб ба воситаи идораҳои масъул ба ЮНЕСКО тақдим карда мешаванд. Ҳамин тариқ аз маҳалҳо гаштаву баргашта таклифҳо тақдим намудани мардум аз он далолат медиҳад, ки онҳо ба тақдири мероси маданиамон бефарқ нестанд ва фаъолиятамон дар ин бобат боз ҳам ҷоннок хоҳад гардид.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки номзадҳои «Роҳи абрешим: ҳавзаҳои Фарғона – Сирдарё», «Роҳи абрешим: Зарафшон – Қароқум», «Қасрҳои саҳро», «Хонбандӣ», «Тирмизи қадимӣ» мероси таърихию фарҳангии вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона, Тошканд, Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ, Бухоро, Сурхондарё ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро фаро гирифтаанд.
Чорабиниҳое, ки фаъолонамон ба мақсади давом додании корҳо оид ба тартиб додани рӯйхати объектҳое, ки аз эътибор дур мондаанд, ба рӯйхат гирифтани онҳо, асоснок гардондани таърих ва аҳамият амалӣ менамоянд,нишон медиҳанд, ки ёдгориҳои фарҳангӣ ва меъмории нави барои мо умуман номаълум мавҷуд мебошанд.
Ғори Хӯҷакент дар ноҳияи Бӯстонлиқ ва навиштаҳои онҳо, петроглифҳои Сийпантоши ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё, объектҳои моддӣ ва табиати шаршараи Сангардаки ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, тайёркунии сумалак – сайли халқӣ, келинсалом – анъанаҳои миллӣ, полкаи Андиҷон – намунаи рақси миллӣ, терма – ягонагии инсон ва табиат, ҳунармандӣ – тайёркунӣ ва ҷиҳатҳои ба худ хоси коғази Самарқанд, услубҳои доирасозӣ ва маҳорати иҷро, садоҳои карнай – ҷарчии идҳо, Навоҳои нав – садоҳои мозӣ, услубҳои дӯппидӯзӣ ва анъанаҳои ба худ хоси ҳудудии дӯппипӯшӣ, анъанаҳои аллагӯӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Солҳои охир дар асоси омӯзишҳо пешниҳодҳо оид ба самти сайёҳӣ ворид намудани як қатор мероси моддии фарҳангӣ низ тайёр шуданд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ин бобат ҳоло дар наздамон корҳои зиёд мавҷуданд. Дар навбати аввал бояд ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ба ҳудудҳои табиӣ бо назари нав нигоҳ кунем. Дар муайян намудани мероси моддӣ ва ғайримоддӣ, ки дар байни халқ ҳифз карда мешаванд, бояд ҳар якамон саҳм гузорем. Дар ҳамон вақт меросамон, ки тӯли асрҳо арзишҳоямонро дар худ ҷойгир намудааст, то садо омадан аз таърих қадду қомати худро пурра нишон медиҳад. Ин бошад аз омилҳои асосиест, ки худиамон, ба худ хосиамонро ба ёд меорад.
Дар арафаи интихоботи президентӣ фаъолони ҳизб дар беш аз 1300 шӯроҳои маҳаллӣ дар рӯҳи ташвиқоти номзадамон бори дигар мақсади асосӣ ва муддаои ҳизбамонро ба аҳолӣ васеъ тавзеҳ медиҳанд.
Аз ин рӯ якҷоя бо номзад ба президентӣ аз ҳизбамон дар вохӯрӣ ва мулоқотҳое, ки дар маҳалҳо баргузор мегарданд, масъалаҳои амиқ омӯхтани мероси моддӣ ва ғайримоддии маданӣ, ҳифз намудан, пурзӯр гардондани тарғибот, эътибори алоҳида додан ба консерватсия, инчунин реставратсияи онҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Дониёр ТОШБОЕВ,
сардори шуъбаи Шӯрои марказии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон.