МЕТРОПОЛИТЕН – ҲУСНИ ПОЙТАХТ

Ибтидои солҳои шастуми қарни сипаришуда, вақте аҳолии шаҳри Тошканд аз як миллион нафар гузашт, ғояи дар маркази ҷумҳуриамон барпо намудани метрополитен тавлид ёфт.

Ибтидои солҳои шастуми қарни сипаришуда, вақте аҳолии шаҳри Тошканд аз як миллион нафар гузашт, ғояи дар маркази ҷумҳуриамон барпо намудани метрополитен тавлид ёфт. Бо маслиҳати роҳбари аввали онвақтаи ҷумҳурӣ Шароф Рашидов, Аслиддин Асомов, ки ҳамчун раиси комиҷроияи шаҳр фаъолият мебурд, ба Кумитаи баплангирии буҷаи давлатии иттиҳод таклифот пешниҳод намуд. Ҷамъомади умумии кумита дар Маскав таклифро маъқул шумурда бошад ҳам, бо баъзе сабабҳо (соли 1966 дар Тошканд зилзилаи сахт ба амал омад) муҳокимаҳо кашол ёфтанд. 
Танҳо соли 1971 мутахассисони Институти метрогипротранси Маскав корҳои лоиҳасозиро анҷом доданд ва аз соли 1976 сохтмони роҳҳои филизии зеризаминӣ ва истгоҳҳои метро дар Тошканд оғоз ёфт.
Тӯли солҳои 1976-1977 бештар аз 1700 нафар коргарон, нақбканҳо, муҳандисону мутахассисони соҳа ба меҳнат ҷалб ва онҳо дар бунёди аввалин метрополитен дар Осиёи Марказӣ саҳм гузоштанд. Бо азхуд шудани бештар аз 50 млн. рубл аввалин самт – «Чилонзор» барпо ва ба истифода супорида шуд. Ҳамин тавр баъди Маскав, Ленинград, Киев, Харков, Тбилиси ва Боку дар пойтахти ҷумҳурии мо низ поездҳои мусофиркашони зеризаминӣ ба ҳаракат даромаданд.
Овозаи дар Тошканд ба кор андохтани метроро шунида, аз шаҳру навоҳии дуру наздики Осиёи Марказӣ барои дидани он меомаданд. Нимаи дувуми солҳои ҳафтодум дар Донишкадаи Хуҷанд мехондем ва мо, як гурӯҳ донишҷӯён, маҳз барои дидан кардан аз метрополитен, ки дар борааш тасаввурот надоштем, ба Тошканд омадем. Таассуроти аҷиб бардоштем. Хусусан, ҳар як истгоҳ бо шукӯҳу дилрабоӣ ва ороишоти ҷолиб чун қасрҳои афсонавӣ ба назар менамуд. Мегуфтанд, бо тозагию озодагӣ ва дизайни нотакрор қасрҳои зеризаминии Тошканд метроҳои Лондон, Токио, Берлин, Пекин барин шаҳрҳои азими дунёро қафо гузоштааст.
Баъдтар бо бунёди хати «Ӯзбекистон» бар ивази тақрибан 80-90 млн. рубл метрополитени Тошканд мукаммалии тоза касб намуд. Солҳои истиқлолият самти «Юнусобод»-и метро сохта ва ба истифода супурда шуд, вале бинобар нарасидани маблағ бунёдкориҳо нимкора монданд. Самтҳои «Чилонзор»-у «Ӯзбекистон» аз равуокунандагон пур ва қатораҳо то 12-и шаб ҳаракат намоянд, дар хати «Юнусобод» аз сабаби дар истгоҳи «Шаҳристон» қатъёбии роҳи оҳан ва то маркази Юнусобод рафта нарасидани он поездҳо ҳамеша камодам буданд. Камшумории пассажирҳо, албатта, харҷро сарпур намесохт, самти мазкур ба метрополитени пойтахт зарари моддӣ мерасонд. Танҳо баъде, ки мамлакатамон ба давраи нави таърихӣ ворид гашт, имконият фароҳам омад корҳои азими бунёдгарона дар самти метрои «Юнусобод» идома ёбанд.
Дар маркази ноҳияи номбурда, ки истиқомат дорам, ду соли охир ба ҷараёни корҳое, ки дар рӯи замин ба иҷро расонда мешаванд, бевосита шоҳид шудам. Ҳар кас аз паҳлуи сохтмончиён гузаро гашт, бешубҳа, машаққатнокии меҳнати онҳоро ҳис мекард. Назар ба маълумотҳо, ба болои нақбҳое, ки 1600 метр дарозӣ доранд, рӯйпӯшҳои бетонӣ устувор карда шуданд.
Нақбканӣ, ҳарчанд аз замонавитарин техника ва ускунаҳо истифода бурда мешавад, кори сахт ва вазнин. Мегӯянд, дар як шабонарӯз то 10-12 метр нақб кандан имкон дошту халос. Мошинҳое, ки нақб мекананд, дар як дақиқа ба ҳисоби миёна 33 миллиметр ҳаракат мекарданд. Бо ин гуфтанием ҳар сония барои нақбкан ба муҳандисон бо ҳисобу китоб. Хокҳои ҷамъшударо берун баровардан ва кашондан, бо вуҷуди он ки идоракунии техникӣ пурра автоматӣ кунонда шудааст, низ осон намекӯчид. Инак, сохтмонҳо дар истгоҳҳои «Юнусобод» ва «Туркистон»-и хати «Юнусобод», ки 2,9 км дарозӣ дорад, ба охир расиданд. Дарозии умумии самти «Юнусобод» ба 9,3 км расид, аз ҷониби кормандон-мутахассисон отряди кӯпруксозони назди идораи «Кӯприкқурилиштрест»-и тобеи ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» 108,3 млн. доллари амрикоӣ азхуд карда шуд. Миқдори умумии истгоҳҳое, ки барҳавою замонавианд ва ҳамоҳангии меъмориҳои миллию замонавӣ ба онҳо зинат мебахшанд, ҳоло 8 ададро ташкил менамояд. Юнусобод, ки аз сераҳолитарин ноҳияҳои пойтахт аст, бо буд шудани ду истгоҳи навбатӣ бо метрополитени марказӣ пайваст, қулаиҳои тоза ба пассажирони нақлиёти роҳи оҳани зеризаминӣ тавлид гашт. Баъди эксплуататсияи истгоҳҳои нав барилова 7 ҳазор пассажирон аз хати «Юнусобод» истифода бурда метавонанд.
«Чилонзор», «Ӯзбекистон» ва «Юнусобод», ки хатҳои амалкунанда ҳисоб меёбанд, то рӯзҳои карантин 29 истгоҳро фаро мегирифтанд. Дарозии умумиашон 36,2 км.-ро ташкил менамуд. Тавре мебинем, бо рухсат додан ба ҳаракатҳои метро сокинони пойтахт чӣ тавр мукаммалӣ касбнамоии метрополитени пойтахтро ҳис мекунанд. Вусъати корҳо дар роҳи ҳалқагарди метрополитен, ки 52,1 км. тӯл хоҳад кашид, низ ба кас қаноатмандӣ мебахшад. Аз ҷумла, 50,5 км. роҳҳо на зери замин, балки аз рӯйи замин мегузаранд ва пассажирон метавонанд аз оинаи вагонҳо берунро тамошокунон ба манзил расанд. Ҳаракатнамоии 45 поезд ба нақша дароварда шудааст. Шукӯҳу зебоии 35 истгоҳ дар роҳи ҳалқагард якдигарро такрор намекунанд.
Сохтмони «Сергели» чун чаҳорум хати метрополитен соли 2017 оғоз ёфта буд. Дарозиаш 7,1 км. Корҳои сохтмону монтаж айни замон дар 7 истгоҳ бо суръат идома доранд. Арзиши умумии лоиҳа – 80 млн. доллари ИМА. Хати «Сергели», ки дар охири соли равон ба охир расиданаш мавриди назар аст, дар як сол метавонад ба 85,5 млн. нафар равуокунандагон хидмат намояд.
Метро – қулайтарин воситаи нақлиётии ҷамоатист, ки баробари бехавф будан пассажиронро дар муддати кӯтоҳ ба манзил мерасонад. Бо як бор нишастан ба он ба тамоми гӯшаҳои шаҳри азим рафтан мумкин. Метро, баробари ин, ҳусни пойтахт! Маънои луғавии ин калима низ таваҷҷӯҳангез. Он аз лафзи фаронсавии «метрополитиан» гирифта шудааст, ки маънояш пойтахт аст. «Метрополис»-и юнонӣ бошад, маънои «шаҳри асосӣ»-ро дар худ муҷассам намудааст. Тошканд бо метрополитени замонавии худ низ байни мегаполисҳои олам шуҳравар мебошад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: