То поёнёбии зимистон ва фарорасии аввалбаҳор рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд.
Табиист, ки дар ин гуна айём меваю сабзавот дар бозорҳо як андоза кам, бинобар дар растаҳо чун пештара фаровон набудан то дараҷае қиммат ҳам мешаванд. Вале алъон бозорҳои дохилии мо ҳамон лабрез аз маҳсулоти тару тозаи меваҷот ва сабзавот, ки кишоварзу боғбонҳои таҷрибанокамон рӯёндаанд. Барилова, ба беталаф пухта расидани меваи боғҳоямон мусоидии обу ҳавои порсола низ мусоидат намуд. Ангур, анҷир, шафтолу, хурмо, себ, лимон барин меваҳоро гуфтан мумкин, серӣ истеъмол кардем. Қисме аз ин меваҷот дар бозорҳо нархҳои пештараи худро қариб нигоҳ медоранд.
Соли сипаришуда, хусусан, соли ангур шуд. Порсол дар ҳамин мавсим нархи он хеле боло буд. Даҳони шахсони камтаъмин низ имсол ангурро дид.
Меваҷоти боғҳои мо ба бозорҳои ҷаҳон низ мебароянд. Қисме аз меваҳое, ки растаи бозорҳои дунёро оро медиҳанд, дар боғзорҳои як қатор давлатҳои аъзои ИДМ парвариш меёбанд. Умуман, кишварҳое, ки меваю сабзавот парвариш месозанд, хеле зиёд. Вале аҳли дунё, назар ба овозаҳо, бӯй, таъм ва шираи ба худ хоси меваҳои Ӯзбекистонро бештар эътироф менамоянд. Намуд ва шакли зоҳирии меваҷоти кишварҳои дунё эътиборро кашиданаш мумкин, вале лаззати меваҳои мо дигар, ки инро ҳар кас баробари ба даҳон бурдан ҳис мекунад. Гуфтанием, талаб ба меваҷоти мо дар бозорҳои дунё хеле калон. Хусусан, кишварҳои шимол, мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ба меваи боғҳои мо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Вале вазъи содироти меваю сабзавот ба кишварҳои хориҷӣ чӣ навъ?
Зиёд кардани маҳсулоти содиротӣ, навъе огоҳӣ дорем, ҳамеша дар маркази эътибори Президент ва Ҳукумати мост. Вазифаҳои рӯзмарра оид ба рушди маҷмӯии хоҷагии кишоварзӣ дар ҷамъомадҳои дараҷаҳои гуногун пайваста мавриди муҳокимаҳои ҷиддӣ қарор меёбанд. Минҷумла, 30 октябри соли 2018 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оиди масъалаи мазкур, дар соҳа васеъ татбиқ намудани технологияҳои инноватсионӣ, афзун гардондани маҳсулоти экспортӣ машварат доир ва дар он вазифа гузошта шуд, тӯли моҳи ноябр ва декабр иҷрои пурраи содироти пешбинишуда бино бар ҳар кадом минтақа бо назорати ҳамарӯзаи ин ҷараён таъмин карда шавад. Баробари ҳамин дар ҷамъомад супоришҳое дода шуданд, ки ба кишт ва парвариши дарахтҳои меванок, ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани самаранокии боғҳои нав вобастагӣ доранд.
Мамлакати мо аз хатти экватор дур, вале гармии офтоб имкон медиҳад ҳанӯз дар моҳҳои баҳор қисме аз маҳсулоти мо пухта расанд. Вале он маҳсулоти пешпаз сари вақт ба бозорҳои дунё бароварда мешаванд? Мутаассифона, аз ин имконият ба дараҷаи даркорӣ истифода намебарем.
Ба ҳамаи 15 кишварҳои мутараққии дунё, ки бештар ва бо маблағҳои калон меваҷот мехаранд, муносибатҳоямон хуб, вале, мутаассифона, масъалаи ба бозорҳои ин кишварҳо дастрас гардонидани меваҳоямон қаноатбахш нест. Воридоти мева ба бозорҳои дунё, назар ба ҳисобу китобҳо, бештар аз 3 триллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Танҳо Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 2017 ба андозаи 1 миллиард доллар меваҷот харид намудааст. Нок ва шафтолуе, ки Ҷопон харид намуд, дар атрофи 20 миллион доллари ИМА аст. Белгия низ аз сафи кишварҳое қарор дорад, ки меваҷоти зиёд харид менамояд. Дуруст, Ӯзбекистон низ ба кишварҳои номбурда дар саъйи бештар баровардани маҳсулот аст. Соли 2018 аз ҷиҳати ба Русия расонда додани шафтолу ҷои чаҳорумро гирифт. Ба Туркия низ меваҷоти зиёди мо экспорт гашт. Вале дар соли 2017 танҳо 7 фоизи маҳсулоти меваю сабзавоти худро ба хориҷ баровардему халос. Порсол ба Олмон ба андозаи 57 ҳазор доллари ИМА харбуза фурӯхтем, ки ин танҳо 0,04 фоизи хариди умумии меваҷоти ин кишварро ташкил доду халос. Ҳол он ки имкон ҳаст ба ин мамлакат камаш ба андозаи 1 миллион доллари ИМА шафтолу ва нок расонда диҳем. Фақат 0,02 фоизи меваҷоти Белгия импортнамударо маҳсулоти Ӯзбекистон ташкил намудаасту бас. Дар Ҷопон низ талабот ба меваҷот хеле зиёд. Ин кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна танҳо ба хариди шафтолу ва нок 20 миллион доллари ИМА сарф менамудааст. Ӯзбекистон бошад шафтолу ва ноки худро ҳанӯз ба «мамлакати офтоббаро» содир накардааст.
Пештар барои содироти меваю сабзавот монеаҳои зиёд мавҷуд буданд. Баъди интишор ёфтани қарори роҳбари давлати мо дар бораи чораҳои иловагӣ оиди баланд бардоштани самаранокии баровардани меваю сабзавот ба бозори берунӣ вазъ тағйир ёфта ва монеаҳо аз байн бардошта мешаванд. Беҳгардонии муҳити коршиносӣ самара мебахшад. Пештар, масалан, соҳибкоре, ки барои содирот ба андозаи 100 ҳазор доллари ИМА шартнома бастан мехоҳад, шарт буд ба ҳамин миқдор маблағи дар ҳисоб-сурат доштааш андоз супорад. Акнун ин андоз ва аккредитатсияи бонкӣ бекор карда шуд. Шахси ҳуқуқӣ метавонад бидуни расмигардонии литсензия тиҷорати чакана ё содироти маҳсулот ба хориҷро ба роҳ гузорад. Аз назорати гумрукӣ гузаронида шудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ вақти зиёд талаб мекард. Ин гуна назорат барҳам хӯрд. Дар кашондан, яъне ба хориҷ бурда расондани маҳсулот сабукиҳо офарида шуданд. Барои ба вагонҳо бор кардани маҳсулот ду соат вақт ҷудо гардад, алъон ба ихтиёри соҳибкор 24 соат вақт ҷудо карда мешавад. Кор карда бароварда шудани механизмҳои замонавии логистӣ ба соҳибкор қулаиҳо мебахшад. Дар ҷой ва майдончаҳои махсус соҳибкор метавонад маҳсулоти худро беосеб нигоҳ дорад, сара ё қадоқ созад, ё худ аз анбору яхдонҳои замонавӣ истифода намояд. Чорабиниҳое, ки андешида мешаванд, ба нигоҳ доштани рангу бӯй, таъму ҳолати табиии маҳсулот созгоранд. Усулҳои аҷдодии беосеб нигоҳ доштани меваҷот низ мавриди истифода. Таҷриба ва ташаббусҳои нав дар ин самт дастгирӣ меёбанд.
Дар моҳи охирини зимистон ҳам меваи дарахтони мо ҳанӯз дар шох, гӯем пештар касе бовар намекард. Қисми зиёди аҳолии Олтиариқ, ки бо боғдорию кишоварзӣ машҳур, то ба ҳол меваҷоти порсолаи худро «ғунучин» накарда ва ҳамон ба парвариши онҳо машғуланд. Масалан, сокинони кӯчаи «Меҳнаткашлар»-и ҷамоати шаҳрвандони «Бирлашган» ба болои токҳои хавозаашон плёнкаҳоро пӯшонда, «гармхона»-и ба худ хос сохтаанд. Яке аз боғбонҳое, ки ҳадиси ангурпарвариро гирифта, Солиҷон Абдураҳмонов мебошад. Вай мегӯяд, «усули антиқа», айни замон, оддии ангурнигоҳдорӣ суд ва самараи худ нишон медиҳад. Дараҷаи ҳаво набояд аз 2 фурояд, бандчаҳои мева ях карданашон мумкин. Ба гарм шудану нафастангии меваҳо низ роҳ намедиҳем. Дар вақташ дорувор дода мешавад. Агар ангур дар яшикҳо танҳо то моҳи феврал бардошт диҳад, мева дар шохҳо то аввалбаҳор ҳолати табиӣ, яъне тару тозагии худро гум намекунад.
Сокини деҳаи Эскиараби ноҳияи Олтиариқ Баҳодур Миртазоев дар 10 сотих токзори худ 7-8 навъ ангурҳои ҷойдориро таҳти плёнка парвариш сохта, ният дорад дар фасли баҳор ба ҳамватанон меваҳои пуршаҳд тақдим созад. Ба содирот баровардани ангурҳои шираноки зери плёнка низ ба нақша даромадааст.
Айни замон вазифа ва корҳое, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд рағбатноксозии иқтидори содиротии истеҳсолгарони ватанӣ» аз 29 ноябри соли 2018 муайян шудаанд, ба иҷро расида ва ба вусъати иқтидори содиротии мамлакат мусоидат менамоянд.
М. ШОДИЕВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».