МЕҲМОН АЗ АНҚАРА

Дар солҳои охир меҳмонони зиёд зимни сафар ба вилояти Фарғона аз донишгоҳи мо низ боздид ба амал меоранд ва бо устодону донишҷӯён мулоқотҳои самимӣ мекунанд.

Соли равон ба донишгоҳ ректори Донишгоҳи Иброҳим Чечени Агра ҷаноби Абдулхолиқ Қаробулут ва ноиби ӯ Ондек Шимшек ташриф оварда буданд. Дар пайи он ташрифи доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи Ҳоҷӣ Байрам Валии Анқара ҷаноби Велӣ Саваш Ёлуқ низ аз зумраи ҳамин боздидҳо ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, ин профессор дар мавзӯи “Хусусиятҳои поэтикии эҷодиёти Эркин Воҳидов” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Вай дар айни ҳол роҷеъ ба навгониҳои услуби ҳикоянависии ӯзбек таҳқиқоту пажӯҳишҳои илмӣ мебарад. Ҳамчунин, Велӣ Саваш Ёлуқ маҳсули эҷоди бештар аз сӣ нависандаи ӯзбекро ба забони туркӣ баргардон намудааст.
Дар ҷараёни дарсҳое, ки ҷаноби Велӣ Саваш Ёлуқ аз фанни “Адабиётшиносии муқоисавӣ” ба донишҷӯён гузашт, масъалаҳои муҳими соҳаи адабиётшиносӣ, тамоюлҳои таҳлили бадеӣ зимни омӯзиши муқоисавӣ, нақши тарҷума дар ривоҷу равнақи адабиёт,  омӯзиши мероси гузаштагон ва амсоли он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
– Агар шумо адабиёт, умуман, илму маърифатро бештар омӯзед, ҳамон қадар дараҷаи илму фарҳангатон боло меравад, ҳамвора бо ин ба умқи мавзӯъҳое сарфаҳм меравед, ки мавриди омӯзиши шумо қарор мегиранд. Албатта, дар натиҷа шумо комёб мешавед, – гуфт профессори турк ба донишҷӯён.
Ба таъкиди ҷаноби Саваш Ёлуқ дар бисту ҳафт донишгоҳи Туркия забон ва адабиёти ӯзбек омӯхта мешавад. Дар донишгоҳи онҳо панҷоҳ ҳазор донишҷӯ сабақ мегиранд. Ба гуфтаи ӯ бархе аз ин донишҷӯён маҳз, ба омӯзиши адабиёти муқоисавӣ машғул мебошанд.
– Чунин ташрифҳо барои ҳар ду тараф манфиатбахшанд. Ҷаноби Саваш Ёлуқ барои ҳамкорӣ дар лоиҳаи байналмилалии “Мавлоно” моро даъват намуд ва ин даъвати ӯро бо хушҳолӣ пазируфтем. Ин имкон медиҳад, ки дар муддати панҷ сол барномаи табодули донишҷӯён ва магистрҳо ба амал бароварда шавад, устодони донишгоҳи мо дар анҷуманҳову симпозиумҳои байналмилалӣ ширкат кунанд ва маърӯзаҳо хонанд, – мегӯяд ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона Равшан Мақсудов.
Дар ҷараёни ташрифи ҷаноби Велӣ Саваш Ёлуқ ба Донишгоҳи давлатии Фарғона масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо дар миёни ин донишгоҳ ва Донишгоҳи Ҳоҷӣ Байрам Валии Анқара, табодули таҷриба миёни устодони он, муштаракан бурдани таҳқиқоти илмӣ ва масъалаҳои дигар низ муҳокима гардиданд.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
факултети филологияи ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: