МЕҲМОНХОНА

Барои одам хушбахтии бузург соҳиби хонаву ҷойи алоҳида шудан аст.

Ба мани бечора ҳам чунин бахти бузургро Худо насиб гардонд. Соҳиби замин шудаму ба хонасозӣ миён бастам.
– Неку бади одамро ба чор иқлими олам меҳмонон овозаву дарвоза мекунанд, – пеш аз оғози корҳои бетонрезӣ фикри муътамади худро пешниҳод кард ҳамсари оқилаву донои ман. – Дар қатори дигар чизҳо як меҳмонхонаи хушрӯякак ҳам сохтан лозим. Он музей барин хушрӯву дилкаш бошаду як кас даромада ояд, одам шарм надорад.
Ин таклифи ҳамсари дурандеши худро напазируфтан гуноҳи азим буд. Охир меҳмониравию меҳмондорӣ ҷону дилам. Ба ягон ҷо меҳмон шуда равед ҳам, зиёфат мехӯреду меҳмоне ба хонаатон қадам ранҷа намояд ҳам, ишкаматонро хурсанд мекунед. Аз ҳама ҳам, вақте ки хешу табори ҳамсаратон меҳмон шуда ба хонаатон оянд, базми ҷамшедӣ барпо мегардад. Дар ин хел рӯзҳо аз забони ҳамсаратон шаҳду шакар меборад, бонуи хонадон дар меҳмондорӣ Ҳотами Той мешаванд.
Ман ҳам ба қатори биноҳо сохтани як меҳмонхонаи дарозиаш 4 бар 8 метрро ба нақша гирифтам. Аз ин кори ман ҳамсарам гул-гул мешукуфт. Баъди буд шудани меҳмонхона ҳам, меҳру муҳаббаташро дареғ надошт. Ман ҳам ба умеди чорта дили беғам задану нағзакак ишкамчаронӣ ба ягон пешниҳоду дархости ӯ зид набаромадам. Устову мардикорҳо чор моҳи расо ҷунбида, аз гаҷ гулкорӣ ва бо рангуборҳои нодири хориҷӣ меҳмонхонаро шоҳона оро доданд. Дар шифт қандилҳои олиҷаноб шинондем. Мизу курсӣ ва дивану роҳаткурсиҳои зӯр харидем. Ҷевони зарфҳоро бо намунаи машрубот ва қадаҳу зарфҳои гаронбаҳо пур кардем. Дар фаршаш гилемҳои гулдори фармоишии паташ нимваҷаба густурдем. Дар пешгоҳи меҳмонхона лед-телевизори диагоналаш 1,5-метра гузоштем. Пардаҳои элита зеби иловагии дару тирезаҳояш шуданд. Барои роҳату фароғати меҳмонҳои азиз ду кондитсионери модели охирини «Зимистон-тобистон» ба девор часпондем. Хулоса, хонаи хобу ошхона ва айвон чалаву нимкора монда бошад ҳам, гӯё ба сақфу фарш ва дару деворҳои меҳмонхона доллар часпонда баромадем.
Ниҳоят меҳмонхона табъи дили бонуи меҳмоннавози мо шуд. Вай гӯё ба қуллаи баланди орзуяш расида бошад, бо мамнунияти беинтиҳо дари меҳмонхонаро қулф карда, калидашро ҳамчун тӯмор ба гарданаш овехт. Ман саволомез ба ӯ нигаристам.
– Меҳмонхона барои меҳмонҳо, – далел пеш овард ҳамсари хирадманди ман. – Бачаҳо даромада, ҳама ҷоро расвою чиркин карданашон нағз не. Барои ҳамин дарашро қулф кардам.
Гапаш, ки ҷон дошт, ботинан хурсанд шудам: меҳмонхона ҳамеша ба қабули меҳмонҳо тайёр бошад. Маъракае ҳам ороем, ҷой васеъ, дар тӯю ҳашам ҳам дилатон пур.
Падари раҳматиам ҳар сол бегоҳии иди Наврӯз дар дегҳои калоне оши тӯғрамапалав мепухт. Ин хел меҳмонхона надошта бошем ҳам, дар хонаи дудхӯрдаву коҳандоваи кӯҳна хешу табори зиёде меғунҷиданд. Ҳавлӣ бачаҷӯшак мешуд. Аз қиву чув, давутоз, хандаву бозӣ ва ҳама ҷоро чиркин кардани онҳо падарам парвое надошт. 
– Монед, хуб бозиву шӯхӣ кунанд, – табассумомез мегуфт ӯ. – Ҳозир давраи шӯхиву ҷинигиашон. Пагоҳ-фардо калон шаванд, ин рӯзҳоро ёд мекунанд.
Тӯғрамапалави наврӯзӣ фақат баҳона буд. Бо хандаву бозӣ, рақсу сурудхонӣ, саргузашту афсонагӯйӣ шабро рӯз мекардем. Дар ин рӯз падарам ягон касро хафа шудан намемонд. Ба хонаи пирон, барҷомондагон ва беморон як қаламӣ харбузаву як табақӣ ош мефиристонд. Иди Наврӯз не, дар хонаамон тӯй барпо мешуд ва мо як соли дароз Наврӯзи соли ояндаро интизор мешудем.
Иди Наврӯз, ки наздик буд, дилам ба ҳамон рӯзҳо гум зада, ба занак таклиф кардам:
– Очааш, рӯзи Наврӯз як тӯғрамапалав пазем. Писарчаамон бо писари ҳамсоя ҷанг карда буд. Ба байн калонҳо даромаданд. Ҳоло падару модари вай бача бо мо ногап. Онҳоро ҷеғ мезанем. Аз чӣ бошад, ки амакам аз ман хафа. Ту ҳам бо авсунат ногап. Ҳамаашонро ҷеғ занем, об ба лаби ҷӯ баробар шавад. Дар меҳмонхона бемалол 50-60 кас меғунҷад.
– Э ҳушатон дар ҷояш, мардак! – мисле ки ба сараш як муште зада бошам, норозиёна ғирев бардошт занак. – Меҳмонҳо танҳо намеоянд. Онҳо бо думу думчаҳо – се-чор нафар бачаҳояшонро кашола карда меоранд. Ман намехоҳам, ки меҳмонхонаи бо орзую ҳавас сохтаамон дар як рӯз ба подахона табдил ёбад.
Дар як лаҳза орзуям дар дилам армон шуд. 
Барои пойдории оила, тарбияи хуби бачаҳо баъзан гунг шудан лозим меояд. 
Рӯзе ба ҷойи корам ду нафар ҳамсабақҳои дурам омаданд. Хурсанд шудам. Аз дил гузарондам, ки акнун шаби дароз дар меҳмонхона хӯрдаву нӯшида, ёди давраҳои ҷавонӣ мекунем.
Хурсандиамро дар дилам ғунҷонида натавониста, ба занак телефон кардам, ки тайёриашро бинад, меҳмон мебарам.
– Меҳмонҳо нури дидаву тоҷи сар, дадаҷонаш, – ширинзабонӣ кард ҳамсарам. – Ман аз пухтупазу шустушӯ наметарсам. Вале худатон медонед, ки се-чор рӯз боз мазаам не. Боз ҷӯраҳоятон чӣ хел одамҳо, мо намедонем. Дар ин хел рӯзҳои гарми тобистон бо бӯйи бади пою арақи баданашон дар кӯрпаву болинҳои оҳораш нарехта хобида раванд, моҳҳо аз меҳмонхона бӯйи нофорам фах мезанад. Ягон касалии гузаранда дошта бошанд-чӣ, Худо зад гуфтан гиред. Мурам ба шумо, мардакҷон, беҳтараш дар ягон ресторан зиёфат дода, дар меҳмонхонаи шаҳр ҷойгир кунед. Соҳибони меҳмонхонаҳои дакаданги шаҳр ҳам, дунё ба умед гуфта шиштаанд.
– О занакҷон, одаму одамгарӣ ин хел намешавад. Ман дар хонаи онҳо меҳмон шудаам. Қарз ба қиёмат намонад. Ман ба онҳо ваъда додам...
– Ҳеҷ гап не, ҷонакам, ягон гапи дурӯғ гуфта, ҷонатонро халос кунед. 
Барои пойдории оилаву андешаи ояндаи фарзандон артист шудаму ҳамсабақон бовар карданд.
Як рӯз ҳамроҳи ҳамсарам бозор мекардем. Бо як дугонааш вохӯрда гилагузорӣ намуд, ки шумо чӣ хел дугона. Бутун камнамо шуда рафтед. Як ба хонаи мо ҳам чарх зада намеоед. Ягон рӯз бафурҷаякак биёед, меҳмон шавед. 
Баъди хайрухуши гарму ҷӯшони онҳо аз ҳамсарам пурсидам.
– О садҳо бор дугонаатро ба хона даъват кардию адресро нагуфтӣ?
– Э шумо чиҳо мегӯед, мардакҷон? Ҳоло ман ҷиннӣ нашудаам, ки адресро гӯяму вай меҳмон шуда ояд?!
– Меҳмонхонаро барои чӣ сохтем?
– Э ин хел дугонаҳо садқаи меҳмондорӣ шаванд. Инҳо ба айбҷӯйӣ — усто. Ман аз ҳафт маҳалли ин хел дугонаҳо безорам.
Ман кар шудам.
Э ин занҳоро дар сад сол ҳам намефаҳмед. Баъзан чӣ гуфтану чӣ хостани худашонро намедонанд. Меҳмонхона бошаду меҳмон не, хона файзу шукӯҳи худро гум мекардааст. Баъзе хешу табор оянд, дар хонаи дигар ё кати рӯйи ҳавлӣ ҷой карда, қабулу гусел менамояд. Вале ба меҳмонхона ҳатто хешу ақрабои худро ҳам роҳ намедиҳад. Афсӯс, ки раису ҳокимҳо аз таги дарамон намегузаранд, ки ба хона таклиф кунам.
Ба меҳмонхона дилам месӯзад. Меҳмонхона бошаду меҳмоне надарояд. 
Тӯйи фарзандонро дар тарабхона гузарондем.
Меҳмонхона барои занак гӯё ҷойи азизу муқаддасе бошад, калидашро ба касе намедиҳад. Ба келинҳо бовар накарда, гоҳ-гоҳ худаш даромада рӯбучин мекунад. Мебелҳоро бо ким-чӣ хел хокаву шампунҳо пок менамояд. Ҳузуру ҳаловати нахӯду донак ва пиставу бодомҳои меҳмононро кирму мӯрчаҳо мебинанд. Бо конфету кулчақандҳои мағорзадаву санг барин сахтшуда молҳоро зиёфат мекунад. Ва ман дар ин хел лаҳзаҳо кӯру нобино мегардам.
Ба меҳмонхонае, ки касе намедаромад, фақат пашшаҳои дайдуву тортанакҳо меҳмон мешаванд. Он ҳарчанд ҷойи калонеро ишғол мекунад, музейи бетамошобинро мемонад. Ба ҷойи он сехи дӯзандагӣ, филиали бонк ё матбааи хурде месохтем, ё ба иҷора медодем, миллионҳо сӯм фоида меовард.
Вале ҳамсари донои ман ҳатто аксҳои зиёди меҳмонхонаамонро доимо ҳамроҳи худ гирифта гашта, дар байни ду гап мегӯяд:
– Марҳамат, кадом вақт хоҳед, дари дилу дарвозаи ҳавлиамон ба рӯятон калон кушода ва меҳмонхонаамон ба шумо интизор ва суратҳои ҳархелаи меҳмонхонаро нишон дода истода, илова мекунад. – Ман меҳмондӯст. Дигарон барин аз қабулу гусели меҳмонҳо наметарсам. Меҳмон аз дарича дарояд, ризқаш аз дарвоза медарояд.
Барои хафа накардани бонуи хонадон худро ба карӣ мезанам.
Кадоме аз афташ маслиҳат додааст, ки ба хонае одам надарояд, мағор баста, бадбӯ мешавад ва гоҳ-гоҳ дарашро кушода мондан фоида дорад.
Ин гап ба занак маъқул шудааст, се-чор шаб дару тирезаҳояшро кушода монд.
Ман ҳанӯз хоб будам, ки як саҳар оҳу фиғони ҳамсарам пардаҳои гӯшамро дарронданд. Занак дудаста ба сараш зада, навҳа мебардошт. Фаҳмам, гурбаи дайдуе мусичаеро дошта дар меҳмонхона нӯши ҷон кардааст. Рӯйи гилемҳои меҳмонхонаро зарфҳои шикаставу чингашуда ва доғи хуну пару болҳои мусичаи бегуноҳ «оро» медоданд.
Рисолати оиладорӣ, ман кару кӯру гунг шудам. 
Худоё, агар баъди садҳо сол суратҳои меҳмонхонаи мо ба дасти археолог ё бостоншиносон афтад, албатта, чунин хулоса мебароранд, ки ана бинед, аҷдоди гузаштаи мо чӣ қадар меҳмондӯст будаанд. Онҳо барои худ не, барои меҳмонҳои азизашон хонаи беҳтарин, шароити олитарин, зарфу мебелҳои нодиртаринро муҳайё мекардаанд. Меҳмонро аз падару модарашон бештар азиз медоштаанд. Ин аз қуллаи баланди инсондӯстии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Фақат археологу бостоншиносони муҳтарам илова накунанд, ки ба ин хел меҳмонхонаҳо, мисли меҳмонхонаи мо, ба меҳмонҳо ҷой набуд.
Бахтиёри ҶУМЪА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: