МЕҲМОНХОНАҲОИ «ДУОБА» – ДАР ХИДМАТИ АҲОЛӢ

Дар минтақаҳои истироҳатие, ки дар пуштаву доманаи силсилакӯҳҳои бузурги ноҳияи Зомин ҷойгир мебошанд, алҳол метавон нафақат ба истироҳаткунандагон аз вилояти Ҷиззах, балки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, ҳатто бо сайёҳони хориҷӣ дучор омад.

Дар минтақаҳои истироҳатие, ки дар пуштаву доманаи силсилакӯҳҳои бузурги ноҳияи Зомин ҷойгир мебошанд, алҳол метавон нафақат ба истироҳаткунандагон аз вилояти Ҷиззах, балки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, ҳатто бо сайёҳони хориҷӣ дучор омад.
Ба мақсади таъмин кардани иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 августи соли 2018 «Дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти меҳмонхонаҳои оилавӣ» дар деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияҳои вилояти Ҷиззах корҳои тарғиботиву маънидодкунӣ гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шуданд, ба аҳолӣ дар бораи чӣ гуна ба роҳ мондани меҳмонхонаҳои худӣ, тиҷорати худӣ, таъминоту нигоҳдории чунин хонаҳо маълумот ва маслиҳатҳои муфассал пешниҳод гардиданд.
Баробари ин шаҳрвандоне, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкориро дар ин самт оғоз намоянд, аз ҷониби маркази хидматҳои давлатӣ ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта шуданд.
Охири моҳи апрели соли равон аъзои комиссияи Вазорати сайёҳӣ ва варзиш аз хонаи 20 нафаре, ки дар ҳудуди маҳаллаи «Дуоба» меҳмонхонаҳо ташкил кардаанд, боздид ба амал оварда, бо шароитҳое, ки дар ин минтақаҳои истироҳат фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд. Ба 20 нафар соҳибони чунин хонаҳо, ки ба қабули меҳмонон омода мебошанд, ҳуҷҷатҳои бақайдгирии онҳо дар реестри ягонаи меҳмонхонаҳои оилавӣ ва хостелҳо, ҳамчунин аз номи вазорат туҳфаҳои хотиравӣ дода шуданд. Аз он рӯз то ҳол, ки тақрибан се моҳ гузашт, меҳмонхонаҳои нав беодам нестанд.
– Мо меҳмонхона ташкил кардем ва ба шарофати он тамоми аъзои оилаамонро бо кор таъмин намудем, – мегӯяд кадбонуи яке аз чунин хонаҳои маҳалаи «Дуоба»-и ноҳияи Зомин Таллиай Ҷумъаева. – Меҳмонон аз шароит ва тарзи хидмати мо хеле мамнунанд.

А.ҚАЮМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: