МЕҲМОНОН АЗ МАҲАЛҲОИ ВИЛОЯТ ВА КОРХОНАҲОИ ВИЛОЯТ БОЗДИД КАРДАНД

Чанде пеш дар шаҳри Фарғона гурӯҳи Ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нишасти навбатии худро баргузор намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод. Бино ба ин манбаъ дар нишасти мазкур масъалаи тайёр ва дар сатҳи баланд баргузор кардани мулоқоти сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд ба таври васеъ муҳокима гардид, ки моҳи сентябри соли равон таҳти раёсати Ӯзбекистон баргузор мешавад. 

– Алгоритми талошҳои раёсати Ӯзбекистон хеле босамар таълиф шудааст ва он дар вақти муқарраршуда ба анҷом мерасад. Аз вохӯрии коршиносон то мулоқотҳои вазирон ҳамаи чорабиниҳо аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа дар савияи баланд сурат мегиранд,– мегӯяд ҳамоҳангсози миллӣ аз Қазоқистон Алӣ Ерлик. 
Ба ақидаи ҳамоҳангсози миллии Қирғизистон Қозибек Қӯчқонов Ӯзбекистон ҳамеша дар иҷрои кору вазифаи бардӯшгирифтааш эҳсоси масъулият менамояд ва онро хеле хуб анҷом медиҳад. 
– Чорабиниҳое, ки дар Нуқус, Бухоро ва Фарғона ташкил карда шуд, ба ин гуфтаҳои ман мисоли равшан шуда метавонанд. Зеро ин чорабиниҳо дар сатҳи баланд ба вуқӯъ пайваст. Гуфтанист, ки Ӯзбекистон дар минтақаҳо амалиёти баргузор намудани як қатор чорабиниҳоро ҳусни оғоз бахшид. Ин шаҳодат медиҳад, ки вакилони давлатҳои СҲШ дигаргуниҳои васеъмиқёсро бо чашмони сар бинанд, ки таҳти сарварии Шавкат Мирзиёев пиёда мегардад. Дар Фарғона низ моро хеле хуб истиқбол намуданд, – изҳор намуд Қозибек Қӯчқонов.
Аҳмад Саидмуродзода ба ҳайси ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар ин гурӯҳ муътақид аст, ки бархӯрд ва муносибати ҷиддии Ӯзбекистон ҳамчун раиси давравии он боиси таҳсин хоҳад буд. 
Баъди анҷоми мулоқот ва гуфтугӯҳои расмӣ аъзои гурӯҳи Ҳамоҳангсозони миллӣ аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид карданд.  Зимни ташриф ба шаҳри Қӯқанд дар Ӯрдаи Худоёрхон, ки аз бузургтарин ёдгории таърихиву фарҳангии ин шаҳр маҳсуб меёбад, ба онҳо тамошои ашёи намоишӣ таассуроти амиқ гузошт.  
Ҳар меҳмоне, ки ба вилояти Фарғона ташриф меоварад, ҳатман аз корхонаи хусусии “Меҳригиёҳ”, воқеъ дар ноҳияи Учкӯприк, инчунин майдонҳои доманфарохи алафҳои дорувории он ва растаниҳои гуногун боздид мекунад. Ин меҳмонон низ баъди тамошои киштзорҳои лаванда, годҷӣ, папая, мушмула, қаҳва ва дарахтони кивӣ ва банан ба ҳайрат афтоданд. Онҳо бо чашмони худ медиданд, ки аз гиёҳҳо чӣ гуна дорувор ва воситаҳои барқароркунандаи саломатии инсонро моҳирона тайёр мекунанд. 
Дар ноҳияи Риштон  корхонаи “Р+Корон”, ки ба он соҳибкори варзида Равшан Тоҷиддинов раҳбарӣ мекунад, дар айни ҳол бо истеҳсоли бештар аз 500 номгӯй маҳсулоти баландсифати худ маъруфият пайдо кардааст. Ин корхона дорои осорхонаи худ низ мебошад, ки тамошои он дар Ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ таассуроти хуб боқӣ гузошт. 
Ба гуфтаи Равшан Тоҷиддинов маҳсулоти кулолгарии корхонаи ӯ ба Юнон, Фаластин, Туркия ва як қатор мамлакатҳои ИДМ содир мегардад.  
Маркази ҳунармандони шаҳри бостонии Марғилон низ меҳмононро хеле хуш пазируфт. Онҳо бо ҷараёни кори дастгоҳҳои ин марказ ва бо маҳорати хос бофтаву тайёр шудани атласу адрас, қолину қолинчаҳои пахтагину абрешимиро тамошо карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: