Меҳмонони қирғизистонӣ ба Хиваи қадима ташриф оварданд

  • Меҳмонони қирғизистонӣ ба Хиваи қадима ташриф оварданд

Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳамроҳи хонумҳои аввали ду кишвар аз маҷмааи Ичан-қалъа ва маҷмааи саройи Нуриллобой дар шаҳри Хива дидан карданд.

Соли 1990 шаҳри Хива ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуда, соли 1997 2500-солагии он ҷашн гирифта шудааст. Дар соли 2020 шаҳр пойтахти фарҳанги дунёи туркӣ, соли 2024 – пойтахти сайёҳии олами ислом эълон шуда буд.

Ичан-қалъа, ки онро «музейи таҳти осмони кушод» меноманд, ягона шаҳр ба ҳисоб меравад, ки  дар Осиёи Марказӣ ба сифати ёдгории яклухт боқӣ мондааст. Дар ин ҷо зиёда аз 120 объектҳои мероси меъморӣ мавҷуданд.

Меҳмонони олимартаба сайругаштро аз дарвозаи "Ота дарвоза" оғоз намуда, бо маҷмааи нодири "Арки Қуния", мадрасаи Шерғозихон, масҷиди Ҷумъа, маҷмааи "Тошҳовли" ва дигар ёдгориҳо шинос шуданд.

Ба шарафи меҳмонон сурудҳои халқии ӯзбекӣ садо дода, саҳнаҳои театриконидашуда намоиш дода шуд.

Баъд аз он аз қасри Нуриллобой дидан карданд.

Маҷмааи қаср ва боғ дар ибтидои асри XX сохта шудааст. Мадраса, зиёда аз 100 ҳуҷра ва галереяро дар бар мегирад. Дар бунёди хонаҳои қаср на танҳо устодони пешқадами хивагӣ, балки рассомон-ороишкорони хориҷӣ низ ширкат доштанд, ки унсурҳои услуби модерни аврупоиро ба ороиш ворид кардаанд.

Ҳикояҳо дар бораи таърихи Хива ва саҳми он дар инкишофи илм, инчунин маданият ва санъати бои ин минтақа ба меҳмонони қирғизистонӣ таассуроти калон бахшид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: