МЕҲМОНОНИ ҚОШҒАРӢ ДАР ФАРҒОНА

Як ҳайати расмӣ ва гурӯҳе иборат аз соҳибкорони ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти раёсати раиси шаҳри Қашғар Ясинҷон Яксеп ба вилояти Фарғона ташриф овард.

Ин ташрифи меҳмонон баъди аз тарафи Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфтани як ҳайати ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур бо раҳбарии раиси он Ма Синҷуй роҳандозӣ гардидааст, ки охири моҳи март дар Тошканд ба вуқӯъ пайваста буд.
Дар мулоқоти ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо аъзои ин ҳайат  масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои густурдаи байниминтақавӣ дар соҳаҳои савдову иқтисодӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нақлиёту логистика, сайёҳӣ ва амсоли он  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Соҳибкорони қашғарӣ бо лоиҳаҳои бузург ва имкониятҳое шинос шуданд, ки дар вилоят таҳти татбиқ қарор гирифтаанд. Дар ҷараёни вохӯриҳо аз тарафи меҳмонон як қатор пешниҳодҳои сармоягузорӣ ба миён гузошта шуданд. Хайрулло Бозоров хусусан пешниҳоди аъзои ҳайат перомуни дар вилояти Фарғона таъсис додани корхонаи бузурги истеҳсоли матои омехта ва ранга, дар ҳудуди Экошаҳр бунёди биноҳои 25-ошёна, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ барои электромобилҳо ва шабакаҳои пуркунандаи барқро бо хушҳолӣ пазируфт. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: