МЕҲНАТ МАНБАИ ДАРОМАД АСТ

Раҳим Тӯрақуловро дар маҳаллаи Бибиширин ҳамчун омӯзгори шоиста мешиносанд.

Раҳим Тӯрақуловро дар маҳаллаи Бибиширин  ҳамчун омӯзгори шоиста мешиносанд. Ӯ баъд аз хатми факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мактабе, ки як замон дар ин даргоҳ таҳсили илм гирифта буд, чун омӯзгор ба кор шурӯъ карда, кору фаъолияти устодони аввалини хешро идома бахшидааст. Ӯ дар 43-соли фаъолияти кориаш даҳ сол мудири қисми илмӣ ва дувоздаҳ сол роҳбарии таълимгоҳи 33-юми ноҳияро дар ӯҳда дошт. Дар давраи омӯзгорӣ ва роҳбариаш бо ҷамоаи омӯзгорони таълимгоҳ садҳо шогирдони шоистаро таълиму тарбия намуда, ба онҳо дар чорсӯи зиндагӣ фотеҳаи нек додааст. Умр ба мисли боди баҳорӣ як лаҳза гӯё вазиду рафт. Раҳимака андармони кору зиндагӣ надонист, ки чӣ хел ба синни шаст расид. Баъзе ҳамкорону шогирдонаш гуфтанд, ки ҳоло сиҳатиаш побарҷост, метавонад дар қатори дигар омӯзгорони ба нафақа баромада кори таълиму тарбияро идома диҳад. Вале қарори ӯ якто буд: бо таълимгоҳу шогирдонаш хайрбод гуфта думболи кори дигарро гирифт. Қарораш дар ин боб қатъӣ буд. Раҳимака солҳои сарвари таълимгоҳ буданаш аз таҳаввулоти иқтисодиву фарҳангие, ки сартосари мамлакати моро фаро гирифта буд, бо ақлу идроки тоза онро хеле чуқур таҳлил намуд. Ӯ он замон ба дил қарор дод, ки аҳли оилааш ва пайвандони хешро дар роҳи соҳибкорӣ ба по хезонад. Раҳимака Тӯрақулов ба аҳли оилааш, хусусан фарзандонаш: Мақсуд, Масрур ва Аскар дар ин боб машварат орост. Рӯзе риштаи суханро ба даст гирифт. 
– Писаронам, ба ҳамаатон маълум аст, ки ман ба қарибӣ ба нафақа баромадам. Худоро сад шукр, ки аҳволи оиламон хуб аст. Аз ягон чиз камбудие надорем, лекин Президенти мамлакатамон ба тамоми сокинони кишвар муроҷиат карда мегӯяд, ки ҳар як шаҳрванди солимақл мисли аҳолии мамолики Чин тадбиркор бошанд. Яъне, ҳар як оила ба умеди маоши давлатӣ нашуда, аз ҳисоби худ, аз замини назди ҳавлигиаш ва бо вомҳои имтиёзноки давлатӣ ба кори тадбиркорӣ машғул гарданд, сармоя ғун кунанд, ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонанд. Ба фикрам ин андешаҳои роҳбари давлатамон талаботи рӯз аст. Ин нуктаҳо мо ва дигаронро водор мекунад, ки бо заҳмати ҳалол нон ёфта, аҳли оилаамонро серу пур ба воя расонем. 
Ин дам Мақсуд, писари калонии оила андешаҳои падарашро тақвият бахшида гуфт:
– Воқеан, падарам талаботи даврро дуруст дарк кардаанд. Ман кунун фаҳмидам, ки чаро падарам фаъолияти омӯзгории хешро идома надоданд. Метавонистанд мисли дигар омӯзгорон ба замми нафақапулӣ боз кор карда маош гиранд, вале ин корро ба худ раво надиданд. Бинобар ин, маслиҳату машварати падарам ба ман хеле писанд омад. Агар ҳамакаса аз як гиребон сар бароварда, ба парвариши чорво ва деҳқонӣ машғул шавем, бегуфтугӯ дар ин бобат кори мо ривоҷ хоҳад ёфт. 
Масрур ва Аскар низ ин фикри бародарашонро ҷонибдорӣ карданд. Ҳамин тариқ, аҳли оилаи Раҳим Тӯрақулов  ба як қарор омада, аз пайи кор шуданд.
Сарвари оила Раҳим Тӯрақулов бо ҳамроҳии писари кенҷааш Аскар 12 сотих замини наздиҳавлигии хешро аввал поруйи маҳаллӣ ва кимёвӣ пошида, онро хушсифат побел карданд. Бо маслиҳати  боғбонҳои таҷрибадор дар ин замин ангурҳои навъи тоифӣ, “мерседес” ва ҳусайнӣ шинониданд.
– Чуноне ки боғбонҳои таҷрибадор ба мо маслиҳат доданд, – риштаи суҳбатро ба даст гирифта гуфт Раҳимака Тӯрақулов, – ин навъҳои ангур дар минтақаи мо серҳосил ва бозоргиранд. Аз ин хотир мо тибқи нишондоди онҳо амал кардем. Ҳоло нашъунамои ин ангурҳо хеле хубанд. Соли гузашта баъзе ҳосил доданд. Имсол ният дорем, ки заҳматҳои мо самараи нек медиҳад. Моҳи апрели соли сипаришуда тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар пуштаҳои холии ангурзор харбуза, ошкаду ва помидор шинонидем. Бе ҳеҷ муболиға аз ин маҳсулоти полизӣ 12 миллион сӯм даромад ба даст овардем. Аз ноҳияи Деҳнав кӯчати пиёз оварда, онро дар як сотих шинонидем. Аз он беш аз як тонна ҳосил гирифта, онро байни аҳли хонаводаамон баробар тақсим кардем.
– Дар ривоҷи парвариши чорво аҳли оилаатон чӣ корҳоеро ба сомон расонид?
– Дар урфият мегӯянд, ки рӯзатро фурӯшу рӯшноӣ хар, говатро фурӯшу дӯшоӣ хар. Дар замири ин гуфтаҳо маънии чуқуре ниҳон аст. Шахсе, ки ду гови дӯшоӣ дошта бошад, сарфу харҷи як оилаи калонро, бешубҳа, мебардорад. 
Фарзанди калониам, ки худ бевосита роҳбари хоҷагии фермерии “Тӯрақул Султон”-ро ба зимма дорад, дар тасарруфи он 8-гектар замин мавҷуд аст. Ҳар сол аз ин заминҳо хошоки зиёде ғун карда онро захира мекунад. Аз даромади хоҷагӣ чор сар гови дӯшоӣ парвариш мекунад. Аз даромади як солаи шири ин дӯшоиҳо ва даромади замини наздиҳавлигии хеш 10 сар буқача харид намуд. Замоне, ки ин ҷонварон фарбеҳ шуданд, онро ба бозор бароварда мефурӯшад. Аз пули он боз буқачаҳои дусола, сесоларо харид мекунад. Масрур низ се гови дӯшоӣ дорад. Аз ҳисоби ширу равғани он каму кости рӯзгори худро буд мекунад. Ӯ мисли бародараш 10 буқа парвариш мекунад. Аскар, ки фарзанди кенҷа ҳисоб меёбад, ҳамроҳии мо зиндагӣ мекунад. Ӯ дар таълимгоҳи рақами 33-юм омӯзгор аст. Соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” иштирок намуда ғолиби ин озмун гашт. Аҳли оилаи мо се гови дӯшоӣ ва 8 сар буқаи маҳаллиро нигоҳубин мекунанд. Чӣ мегӯед, ки ҳамаи фарзандони мо аҳлу тифоқанд. Дар муаммои корҳои якдигар кӯмаки бевосита мерасонанд. 
– Дар ёд дошта бошед, дар оғози сӯҳбат иброз намудам, – суханашро идома дода гуфт Раҳимака, – мо се оила дар муддати се сол аз парвариши чорво ва фоидаи замин ду мошини боркаши “ЛАБО” ва мошини сабукрави “Нексия” харидем. Ин нақлиётҳо барои ривоҷи корҳои мо кӯмаки бевосита мерасонад.
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар ҳар як баромадҳояш таъкид мекунад, ки бояд ҳар як оила дар талоши соҳибкорӣ ақлу заковати хешро баланд бардошта ва пасон дар роҳи муваффақиятҳои кор умед бандад.
– Азбаски мо дар оғози сол бо шумо суҳбат дорем, чӣ таманнову гуфтаниҳое доред, ба соҳибкороне, ки қадамҳои аввалини худро дар ин ҷода гузоштаанд?
– Аввало, ҳамаи сокинони ноҳияамонро дар соли нав табрику муборакбод мегӯям. Илоҳо бемории коронавирус зудтар сайёраи моро тарк кунад. Сониян, ба кори соҳибкорони ҷавон омадҳо хоста, комёбиҳои баландро насибашон гардонад. Беҳуда намегӯянд, мамлакате, ки  шаҳрвандонаш бой аст, он давлат пурқудрат аст. 

Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: