МЕҲНАТ ҚАДР ЁФТ

Даштҳои бекорхобидаи Мирзочӯлро аз худ намудан, заминҳои корам ба вуҷуд овардан, дар бадали ин қадар солҳо навъҳои нави зироати пахтаву ғалладона офаридан ба осонӣ муяссар нагардидааст.

Танҳо агар  ҳудуди ноҳияҳои даштии вилояти Ҷиззахро мисол бигирем, тайи солҳои ҳукмфармоии  пахта ва қариб ҳамаи майдонҳои киштро забт намудани он, ҳамчунин,  дар натиҷаи доруҳои кимёвиро аз ҳад зиёд истифода кардан ҳолати мелиоративии заминҳо вайрон шуд. Ин ҳол ба пастшавии ҳосилнокӣ оварда расонд. Мушкилоти обёрии заминҳои корам ба миён омад. Аз сӯйи дигар вазъи воқеӣ коршиносону фидоиёнеро ба майдон овард, ки онҳо  умре барои беҳбуд бахшидан ва пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳм гирифтанд.
Нозири бахши вилоятии инспексияи давлатии назорати объектҳои хоҷагии оби назди Девони Вазирони Ӯзбекистон  Ҷӯра Қараев  аз зумраи он мардонест, ки ҳастии худро ба инкишоф додани хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам равона сохтааст.
Ӯ ҳанӯз соли 1975 Донишкадаи пахтапарварии Андиҷон (ҳоло Донишкадаи хоҷагии қишлоқ ва агротехнология)-ро ба итмом расонида, барои иштирок дар азхудкунии даштҳои Ҷиззах ба ин воҳа роҳ пеш гирифт. Се моҳ дар шӯъ-баи  мелиоратсия ва ирригатсияи Садорати хоҷагии қишлоқ ҳамчун коромӯз ба кор пардохт. Ва баъде, ки аз озмоиш гузашт, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба кор қабул карда шуд.
– Чиҳил сол муқаддам дар як анҷумани бонуфузи кормандони хоҷагии оби ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Тошканд ширкат варзида будам, – ба ёд меорад Ҷӯраака.– Роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ Шароф Рашидов ба сухан баромада, фоҷиаи хушкшавии баҳри Аралро мисол оварда, ҳамагонро ба истифодаи оқилона аз об, пок доштани он даъват намуда буд. Ин мулоҳизаҳои пурқимати ӯ паси гӯшам то ҳол садо медиҳанд,– мегӯяд ӯ.
Солҳои 1998–1999 Ҷӯра Қараев дар Садорати хоҷагии қишлоқи вилояти Ҷиззах ҳамчун роҳбари масъул фаъолият мекард. Ҳокими ҳамонвақтаи вилоят Шавкат Мирзиёев   баҳри беҳбуд бахшидани ҳолати мелиоративии замин, барқарор кардани шабакаҳои ирригатсионӣ эътибори алоҳида нигаронида буд.
Аз Чин 30 дона экскаватори замонавӣ ва механизмҳои дренажӣ оварданд. Барои анҷом додани корҳо дар  ноҳияи Арнасой ба таври иловагӣ аз Қазоқистон боз 20 экскаватор ва булдозер харид карданд. Ба ҳар як хоҷагии заиф барои иҷрои корҳои дренажӣ 60 миллион сӯмӣ ҷудо карда шуд. Дар он вақт ин миқдор маблағ қурби баланд дошт.
Тайи солҳои охир баҳри хушсифат анҷом додани корҳои сохтмони ҳавзаву объектҳои обёрикунӣ эътибор афзун гардидааст. Ба туфайли бунёд ёфтани ин қабил объектҳо ҳазорҳо гектар боғу токзорҳои нав ба вуҷуд оварда мешавад. Ин манзараҳо алалхусус дар ноҳияҳои Зомин, Бахмал, Шароф Рашидов ва Ғаллааралу Фориш бараъло ба чашм мерасанд. Рафти корҳои сохтмони обанбори калони «Караман» дар ноҳияи Зафаробод, ки бо ёрии он  дар ояндаи наздик кишту парвариши зироатҳои гуногун ва обшор сохтани  қариб 20 ҳазор гектар замини навкорами  ҳудуди ноҳияи Фориш дар назар дошта шудааст, таҳти назорати доимӣ мебошад.
Ҷӯра Қараев шогирдони зиёд дорад. Онҳо дар корҳои гуногуни  роҳбарикунандаи соҳаи  хоҷагии қишлоқ меҳнат мекунанд. Маҳмуд Холбӯтаев ҳокими ҳозираи ноҳияи Шароф Рашидов, Сайфиддин Шералиев собиқ ҳокими ноҳияи Дӯстлик, Бозорбой Раҳимқулов сардори шӯъбаи ирригатсияи но-ҳияи Зафаробод ва боз номи даҳҳо тани дигарро ба забон овардан мумкин .
 Ҷӯраака инсони хоксору фурӯтан аст. Дар синни нафақа бошад ҳам, то ҳол аз кор дил накандааст ва таҷрибаи кории тӯли солҳо ҳосилкардаашро ба ҷавонон меомӯзонад. Дар ин маврид боре ҳам худситоӣ накардааст. Вагарна тайи се-чор соли охир маҳз бо саъю ҳаракат ва раҳнамоии ӯ корҳои шоёне ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, дар қаламрави вилоят зиёда аз се ҳазору 650 километр иншоотҳои ирригатсионӣ рӯйи таъмиру сохтмонро диданд. Ҳолати мелиоративии қариб 58 ҳазору сад  гектар майдони заминҳои кишт беҳ гардид. Самараи ин саъю ҳаракатҳо буданд, ки ҳосилнокии ин заминҳо қариб ба даҳ сентнерӣ афзуд. 
Ҷӯра Қараев аслан аз деҳаи Порашти ноҳияи Фориш мебошад. Падараш замони азхудкунии заминҳои бекорхобида ба дашт кӯч бастааст.
Ҷӯраака ҳамроҳи ҳамсараш Мамлакат чаҳор нафар писарро калон карда ба камол расониданд. Ҳоло ҳар яки онҳо дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардааст. Аз ҷумла, калонӣ Бахтиёр омӯзгор,  дуюмаш Хушбахт бо худаш дар як ҷо банди кор аст. Сеюмӣ Раҳматулло дар факултаи таърихи мактаби олӣ таҳсил мекунад. Аз ҳама хурдӣ дар синфи болоии мактаб мехонад.
Хидматҳои Ҷӯра Қараев борҳо бо медалу ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадр ёфтааст. Аз ҳама мукофоти олиро ҳамин сол соҳиб гардид, ки боиси фахру ифтихори ҳамагон мебошад.
Имсол Ҳукумати ҷумҳурӣ меҳнати чандинсолаи ӯро ба таври муносиб қадр намуд.  Ӯро дар арафаи 31-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонд.  Аз ин подош аҳли байт, фарзандону наберагон хеле хушҳол гардиданд. Наздикон, ёру дӯстон то ба ҳол ба ин муносибат самимона табрику муборакбод мегӯянд.
–Ин мукофоти олӣ натанҳо барои ман, балки ба ҷамоае мебошад, ки дар он ҷо умре кору меҳнат мекунам,–мегӯяд Ҷӯра Қараев.– Дар кишвари азизи мо ҳар касе, ки сидқидилона меҳнат мекунад, қадр меёбад.

Қӯчқор ҲАКИМОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: